Пайвандҳои дастрасӣ

Як минтақаи стратегӣ дар марз бо Тоҷикистон ба дасти Толибон афтодааст


Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Тахор гуфтанд, ки Ал-Қуноқ -- яке аз минтақаҳои стратегии вулусволии Дарқад шаби гузашта ба дасти Толибон афтодааст. Ин минтақа миёни Дарқад ва вулусволии Хоҷа Баҳоуддин, дар наздикии марз бо Тоҷикистон, ҷойгир аст.

Сухангӯи волии Тахор рӯзи 25 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, амалиёти нерӯҳои давлатӣ барои ақиб рондани гурӯҳи Толибон аз ин ҷазираи стратегӣ дар дарёи Ому оғоз шудааст. Суннатуллоҳ Темур гуфт, Толибон дар масири вулусволии Хоҷа Баҳоуддин - Дарқад дар минтақаи Чарсиҳо ба як постгоҳи нерӯҳои давлатӣ ҳамла карданд ва дар натиҷа роҳи рафтуомад ба Дарқад қатъ шудааст.

Сухангӯи раиси вилояти Тахор мегӯяд, ки амалиёти нерӯҳои давлатӣ барои ақиб рондани гурӯҳи Толибон аз ин ҷазираи стратегӣ дар дарёи Ому дар марзи Тоҷикистон, оғоз шудааст.

Ба гуфтат ӯ, дар натиҷа Толибон ду постгоҳи нерӯҳои давлатиро дар минтақаи Чарсиҳои Хоҷа Баҳоуддин ва се постгоҳи дигар дар минтақаи Ал-Қуноқи вулусволии Дарқадро тасарруф намуданд. Сухангӯи волии Тахор дар мавриди талафоти ин даргириҳо гуфт, "аз нерӯҳои амниятӣ 3 кушта ва 4 захмӣ дорем ва 4 нафари дигар беному нишон ҳастанд ва дар бораи онҳо ҳеҷ хабаре нест. Аз душман 5 ҷасад дар минтақа боқӣ мондааст ва тибқи хабарҳои мо, 11 тан аз онҳо кушта шудааст."

Сухангӯи раиси вилояти Тахор гуфт, барои боз шудани масири Дарқад амалиёти низомӣ аз чанд тараф оғоз шудааст. Вай афзуд, "қарор аст аз чанд ҷиҳат амалиёт оғоз шавад, то роҳи рафтуомад ба Дарқад боз гардад. Баъдан барнома дорем, ки бояд минтақаҳои аз дастрафта ба контроли давлат биояд. Ал-Қуноқ аз минтақаҳои стратегӣ ва муҳим мебошад ва дар байни ду вулусволӣ қарор дорад ва ҳоло даргирӣ дар минтақаи Чарсиҳои вулусволии Хоҷа Баҳоуддин оғоз шуда ва ҷанг ҷараён дорад."

Вай афзуд, нерӯҳои кумакрасон ба минтақа расидаанд, аммо Толибон бо гузоштани минаҳои канори роҳ, роҳи Хоҷа Баҳоуддин - Дарқадро бастаанд ва бинобар ҳамин, нерӯҳои иловагӣ ба мушкилот рӯбарӯ шудаанд. Дарқад, Хоҷа Баҳоуддин, Хоҷа Ғор, Янги Қалъа ва Дашти Қалъа аз ҷумлаи ноҳия ё вулусволиҳои ноамни вилояти Тахор ба шумор мераванд ва аз чанд сол ба ин тараф миёни нерӯҳои давлатӣ ва Толибон даргириҳо идома дорад.

Забеҳулло Муҷоҳид, ки худро сухангӯи Толибон муаррифӣ мекунад, гуфтааст, дар минтақаи Ал-Қуноқи Дарқад 8 постгоҳи нерӯҳои давлатиро тасарруф кардаанд ва иддао дорад, ки дар ин даргириҳо 8 тан аз нерӯҳои давлатӣ кушта шудаанд.

Маркази вулусволии Дарқад дар марзи ноҳияи Фархори Тоҷикистон, аз авохири моҳи октябри 2015 таҳти назорати Толибон қарор дошт ва ҳукумат баъд аз чанд моҳ онро тасарруф кард.

Толибон Дарқад ва Хоҷағорро 28 октябри ҳамон сол замоне зери тасарруфи худ дароварданд, ки дар пайи фишорҳои нерӯҳои давлатӣ маҷбур шуда буданд минтақаи Дашти Арчӣ дар вилояти ҳамсояи Кундузро тарк кунанд.

Мақомоти афғон мегӯянд, дар ҷангҳо дар манотиқи шимоли Афғонистон ба Толибон ҷангиён аз созмонҳое, чун Ҳаракати исломии Узбакистон, ки қасди густариши фаъолиятҳои худ ба кишварҳои Осиёи Марказиро доранд, низ ҳамроҳ шудаанд. Мақомоти Тахор қаблан гуфта буданд, ки шадидтарин муқовиматро маҳз ҷангиёни тоҷику узбак нишон медиҳанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG