Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зане аз Порвор, ки қолабшиканӣ кард. ВИДЕО


Мафтуна Қурбонова.

Акси солҳои аввали хонадорӣ хотираҳои ҷавонии Мафтуна Қурбоноваро пеши рӯ меорад. Ишқи ӯ бо як ҷавон аз деҳаи Порвор анъанаи солҳо побарҷои як деҳаи кӯҳистониро тағйир дод. Мафтуна Қурбоноваи 59-сола 42 соли қабл аз шаҳри Кӯлоб бо як ҷавони порворӣ издивоҷ кард ва ин деҳаро макони зист қарор дод.

Мафтуна мегӯяд, ки он замон дар аксари маворид писарҳо бо духтари холаву амма издивоҷ мекарданд ва аз интихоби ӯ хонаводааш розӣ набуданд. Ӯ бо ёдворӣ аз он рӯзгор мегӯяд, ки арӯсии ӯро бо мошини боркаш (бортавой) ба ин деҳаи дурдасти кӯҳистонӣ (деҳаи Порвор дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин воқеъ аст) оварданд ва вақте апаҳояш хонаҳои тангу тор ва сиёҳи он замони ин деҳро диданд, бо маломат ба ӯ гуфтанд, "ин чӣ ҷо буд, ки ту омадӣ...”

Мафтуна Қурбонова.
Мафтуна Қурбонова.

Шеваи либоспӯшӣ, кору рафтори духтари озоди шаҳрӣ барои духтарони ин деҳаи ҳаммарз бо Афғонистон, ки боре дар шаҳр набуданд, ҷолиб буд ва барои тамошои арӯси ғайриоддӣ назди хонаи онҳо ҷамъ меомаданд. Мафтуна мегӯяд, ки “янаҳом (хоҳарони шавҳар) талабаи мактаб буданду рӯймоли кампирӣ медохтанд...”

Давоми 25 соли зиндагии якҷояи Мафтуна бо шавҳараш, онҳо соҳиби 9 фарзанд -- 5 духтару 4 писар шуданд. Имрӯз ҳама духтаронаш дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон ба шавҳар баромадаанд. Дар 40-солагӣ Мафтуна ҳамсарашро аз даст дод ва марги шавҳар барои ин зан талафоти бузурге буд ва бори гарони зиндагиро ба сараш бор кард. Бо ин ҳам деҳаро тарк накард, ҳарчанд имкон дошт зиндагиашро дар шаҳр ва дар канори наздиконаш идома диҳад.

Маъруфтарин зани Порвор аз ин, ки зиндагӣ дар ин деҳи дурдастро интихоб кард, пушаймон нест. Баръакс ӯ имрӯз бо варақ задани саҳифаи зиндагии 42-солааш дар ин русто, аз он изҳори ифтихор мекунад, ки тавонист бо омаданаш ба зиндагии занони бемаълумоти Порвор як ранги дигар ворид кунад ва қолаби солҳо шахшудаи ин деҳаро бишканад.

Зане, ки қолабҳои як деҳаи кӯҳистониро шикаст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:54 0:00

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG