Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ятимхона то саҳнаи баланди телевизиони Русия. ВИДЕО


Меҳрона Ғайбуллоева бо устодаш Ҷунайдуллоҳ Хоҷаев.
Меҳрона Ғайбуллоева бо устодаш Ҷунайдуллоҳ Хоҷаев.

Меҳрона Ғайбуллоева, як ятими тоҷик, ки бо ширкаташ дар сабқати мусиқии "Ты супер" ё "Ту беҳтаринӣ" дар Русия маъруф шуд, мегӯяд баъди чандин моҳ бо ифтихор ва маҳбубияти зиёд ба Душанбе баргашт.

Чаҳор моҳи рақобату омӯзиш дар Маскав зиндагии Меҳронаро ба куллӣ тағйир дод. Вай дар озмуни телевизионӣ то давраи ниманиҳоӣ расид, вале як қадам то пирӯзӣ ширкаташ дар ин сабқати мусиқӣ бо тасмими доварон хотима ёфт. Баҳси шоистагии ӯ барои идомаи мубориза бо яке аз доварон ва оҳангсози маъруф Игор Крутой, баҳси зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ эҷод кард.

Устодони Меҳрона дар Душанбе ба он ишора мекунанд, ки ӯ на танҳо бо садову ҳунар, балки бо хислату рафтор ҳам аз дигар ҳамсолонаш фарқ мекунад.

Вале маҳз ҳамин озмуни телевизионӣ Меҳронаи то ҳол камошно барои тамошобини тоҷикро ба ҳайси як ҳунарманди хуб ва хушсадо муаррифӣ кард. Меҳронаро ҳафтае қабл дар фурудгоҳи Душанбе бо карнаю сурнай ва рақсу бозӣ пешвоз гирифтанд. Ва акнун ӯ хеле серкор ва меҳмони фахрии чорабиниву ҷашнҳои пойтахт аст.

"Ман чанд рӯз пеш дар меҳмонхонаи "Ҳаятт" дар як чорабинӣ баромад доштам. Болои роҳрави сурх рафтам ва худро каме ситора эҳсос кардам. Хеле олӣ буд. Он ҷо ҳамчунин навори аввалин ширкати маро дар озмуни “Ты супер” намоиш доданд. Ман интизор надоштам. Аз ман соядаст ва интервю гирифтанд. Бо ситораҳо шинос ва ҳамсӯҳбат шудам."

Роҳи ятими тоҷик то саҳнаи баланди Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:36 0:00

Баҳси лафзӣ бо Игор Крутой

Меҳрона Ғайбуллоева, овозхони 17-солаи тоҷик, дар даври ниманиҳоии озмуни “Ты супер!” дар Русия шикаст хӯрд. Ширкати ӯ то ин марҳилаи озмун бомуваффақ буд ва аз сӯйи доварону мухлисон баҳои хуб мегирифт. Дар даври ниҳоӣ ӯ таронаи “Я искала тебя”-и гуруҳи “A'Studio”-ро иҷро кард, вале натавонист баҳои мусбати доваронро соҳиб шавад. Чунин бархӯрд ӯро нороҳат кард ва бо яке аз доварон -- Игор Крутой вориди баҳси лафзӣ шуд.

Меҳрона Ғайбуллоева.
Меҳрона Ғайбуллоева.

Барои ин кораш ҳам аз дигарон танқид шунид. Агарчи Меҳрона баъдан аз Крутой узр пурсид, аммо мегӯяд, овозхониаш дар сатҳи олӣ буд. "Кӯдакро бо овозхонони маъруф муқоиса кардан бемантиқ аст албатта, аммо ман ба ҳар ҳол бахшиш пурсидам. Маро нодуруст фаҳмиданд. Вале ман ҳунармоии сазовор доштам."

Як ятимхона то саҳнаи НТВ

Дар озмуни "Ты супер!" ки аз тариқи телевизиони НТВ-и Русия намоиш дода мешавад, ба кӯдакони ятим имкон медиҳанд орзуи худро амалӣ кунанд. Меҳрона ҳам дар 7-солагӣ аз модар маҳрум шудааст. Падараш ҳам хеле пеш хонаводаро тарк ва баъдан ӯ ҳам вафот кард. Ӯ ва хоҳараш дар хона-интернати рақами яки Душанбе зиндагӣ мекард. Як муддат ҳам дар тарбияи холааш буданд, вале дар пайи як нофаҳмӣ Меҳрона аз хона рафт ва хеле бармаҳал зиндагии мустақилонаро дар хонаи иҷора шурӯъ кард.

"Ман зиндагӣ ва роҳамро худам интихоб кардам"

Баъди тамошои сабқати мусиқии телевизионӣ бо ширкати Меҳрона, бархе ин духтари наврасро шаккоку якрав номиданд. Инро худи ӯ ҳам пинҳон намекунад, вале мегӯяд, бо қоидаҳои худ зиндагӣ мекунад ва андешаи дигарон барояш муҳим нест. "Шояд касе гӯяд, ки ман барвақт бузург шудам. Не, онҳо маро дуруст намефаҳманд. Ман зиндагӣ ва роҳамро худам интихоб кардам. Ман бо қоидаҳои худам зиндагӣ мекунам. Хеле мехостам танҳо зиндагӣ кунам ва мустақил бошам."

Зиндагии мустақилона барои Меҳрона бисёр чизҳоро омӯхт, ҳарчанд хеле азият ҳам шудааст. Иқрор мешавад, ки бисёр вақт танҳоӣ мекашад, ашк мерезад, вале ҳамеша як андеша ӯро аз фикри бад бозмедорад, ки фардо бояд овозхони касбӣ шавад: "Албатта зиндагии алоҳида хеле сахт буд, одам худро хеле танҳо ва бе кас тассавур мекунӣ ва ашк мерезӣ. Вақте тоза зиндагии мустақилонаро зиндагӣ кардам, хеле мушкил буд бароям. Аз сабабе, ки хеле зиёд кор мекардам ва танҳо 2 соат хоб мекардам, хеле хаста мешудам ба дарсҳо намерасидам. Як рӯз дар дарс тамоман аз ҳушу ҳол рафтам, маро бо мошини ёрии таъҷиӣ ба беморхона бурданд."

Манзури Меҳрона кор дар як маркази тафреҳӣ аст. Вай мегӯяд, пас аз шиносоӣ бо ду ҷавон аз маркази фароғатии “Мадагаскар”, ки барои кӯдакону наврасон барнома таҳия мекунад, зиндагии ӯ дигар шуд. Як муддат бо рэпсарои маъруф Исмоил Исмоилов ҳам ҳамкорӣ дошт. То рафтан ба Маскав, ӯ дар саҳанҳои хурд ва чорабиниҳо ҳунарнамоӣ мекард. Дар яке аз чунин саҳнаҳо ҳам ҳунари ӯ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта, ба озмуни "Ту беҳтаринӣ" пешбарӣ шуд.

Меҳрона соли 2017 ба Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов дохил шуд ва дар бахши сурудхонӣ академӣ таҳсил мекунад. Ба коллеҷ ҳам Меҳрона замоне омад, ки аллакай имтиҳоноти дохилшавӣ поён ёфта ва соли таҳсил шурӯъ шуда буд. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба садои хубу истеъдод ӯро қабул карданд.

"Меҳрона сурудҳои лирикиро хуб иҷро мекунад"

Ҷунайдуллоҳ Хоҷаев, омӯзгори ин коллеҷ, ки бештар бо Меҳрона кор мекунад, мегӯяд, шогирдаш зеҳни бисёр тез, овози қавӣ ва ғайримаъмулӣ дорад. Аммо бо ин вуҷуд, ба бовари устоди Меҳрона, ки тамоми ҷараёни ширкати ӯро дар озмуни “Ты супер” пайгирӣ мекард, эроди Игор Крутой воқеан ба ҷо буд. "Меҳрона ҳамагӣ баъди 2-3 моҳи таҳсил ба ин озмун рафт ва албатта жанре ҳам, ки Меҳрона дар он шикаст хӯрд, рок буд, ки хеле мушкил аст. Рок барои Меҳрона бегона аст. Ӯ аслан сурудҳои лирикӣ ва кашишнокро хуб иҷро мекунад."

Устодони Меҳрона дар Душанбе ба он ишора мекунанд, ки ӯ на танҳо бо садову ҳунар, балки бо хислату рафтораш ҳам аз дигар ҳамсолон фарқ дорад. Ба гуфтаи устодон, ӯро намешавад ба коре маҷбур кард, фикру андешаҳои дигаронро аксаран қабул надорад ва кореро мекунад, ки дилаш мехоҳад.

Меҳрона мехоҳад ба Маскав баргардад -- барои таҳсили илм

Меҳрона мегӯяд, медонад, ки дар зиндагӣ чизе ба осонӣ ба даст намеояд. Бо вуҷуди мушкилоташ дар зиндагӣ ва нокомӣ дар озмуни телевизиони Русия, дилшикаста нест ва ҳоло мехоҳад талош кунад, омӯзад ва дубора ба Маскав баргардад. Ин бор барои сохтани карера ва идомаи таҳсил.

"Имкониятҳои омӯзиши мусиқӣ дар Маскав бештар аст. Мехоҳам Тоҷикистонро аз паҳлӯҳои дигар ҳам муаррифӣ кунам. Тоҷикистонро бояд нафақат аз паҳлӯи бад шиносанд. Бештар майл дорам ба жанри Ҷазз рӯ орам",-мегӯяд Меҳрона.

XS
SM
MD
LG