Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Розҳои нокушодаи қатли оми 22 соли пеш дар Файзобод (3 ВИДЕО)


Ҳар сол дар Рӯзи Ваҳдат сокинони деҳаи Чашмасор бо вуҷуди шукргузорӣ аз сулҳу осоиштагӣ, рӯйдодҳои хунини 26-уми декабри соли 1992-ро ба ёд меоранд.

Солҳои зиёде гузашт, аммо захми аҳли деҳае, ки он вақт Сумбулоқ ном дошт, шифо наёфт, зеро то ҳанӯз онҳо намедонанд, ки чӣ касоне даҳҳо нафарро дар зимистони соли 1992 дар ин ҷо бераҳмона қатли ом карданд. Пирони ин деҳа мегӯянд, дар Сумбулоқ (ҳоло Чашмасор)-и Файзобод дар як шаб зиёда аз 70 марду зан ва пиру ҷавон кушта шуданд.

Моҳрӯ Ғоибоваи 62-сола он вақт ҳамагӣ 40 сол дошт ва “рӯзи сиёҳ”-ро хуб дар хотир дорад. Вай мегӯяд, гурӯҳи силоҳбадастон дар деҳа худро «меҳмон» номида буданд. Мардум онҳоро дар мактаби деҳа ҷой дод ва барояшон зиёфат орост. Сокини дигари деҳа, Идимоҳ Носироваи 60-сола гуфтаҳои Моҳрӯро тасдиқ мекунад ва мегӯяд, ин як гурӯҳе буд иборат аз 15-20 нафари мусаллаҳ, ки сарулибоси низомӣ ва мулкӣ доштанд: “Бегоҳи 25-уми декабр, вақте онҳо омаданд, раиси маҳалла бо мардони деҳа ба онҳо зиёфат ташкил карданд. Нону обашон доданд.”

Аммо баъдаш маълум нест, чӣ шуд, ки қарибии бомдод садои тирпаронӣ сар шуд. Идимоҳ, вақте аз ин садоҳои ваҳшатангез бедор шуда, рӯйи ҳавлӣ баромад, дид, ки боми чанд хонаи деҳа сӯхта истодааст. Ҳамсояаш гуфт, ки силоҳдорон ҳамаи мардҳоро куштаанд ва хонаҳоро мекобанд. Чашмони Идимоҳ пуроб мешаванд: «Шавҳарам корманди давлат буд. Коммунист буд. Ба касе кор надошт, аммо намедонам чаро чунин карданд. Касе намедонад сабаби ҳамаро қатл карданашон дар чӣ буд. Онҳо дузд ҳам буданд. Ҳама хонаро кофтукоб карданд. Сандуқу яхдонро кофта, ҳама тирезаҳоро бо автомат зада шикастанд. Қолину палосҳоро ҷамъ карда гирифтанд. Моро аз хона пеш пеш карда бароварданд. Гуфтанд, агар намебароед, ҳозир ҳамаатон тир мехӯред. Дар ҳавлӣ тир мисли барги дарахт рехта буд.»

​Дар ин гирудор шавҳари Моҳрӯ Ғоибова низ кушта шудааст: «Аз соати 4:00-и субҳ тирпарониро сар карданд. Ҳангоми субҳидам шавҳарамро фарёд карда, дар ҳавлии ҳамсоя паронданд. Дар хонаамон себи зиёд доштем. Онҳо ба болои себҳо тир холӣ мекарданд. Тамоми чизу чораи хонаро тирпарронӣ карданд.»

Ба суоли он, ки «силоҳбадастон киҳо буданд?» пирамазанон ва пирамардони деҳа посух медиҳанд, ки то ҳол дақиқан намедонанд, ки онҳо кӣ буданд ва чаро чунин зулмро бар сари мардуми бегуноҳ бор карданд. Ҳар кас ҳар чиз мегуфт, аммо сокини куҳансоли Чашмасор Нурулло Тӯраев мегӯяд, то ҷое ки бо чашмони худ дидааст, силоҳбадастон ҳама узбак буданд ва дар миёнашон танҳо ду бачаи тоҷик буд, ки маҳз ҳамин ду нафар монеи қатли ӯ ва бародараш шуданд. Аммо мусаллаҳон падар ва амакашро ба қатл расонданд.

Ин мард нақл кард, ки субҳи он рӯз дид, ки хонаи ҳамсоя месӯзад. Вақте вай ба он сӯ давид ва хост, оташро хомӯш кунад, силоҳбадастон ӯро дастгир намуда, дар дохили як оғил бастанд. Танҳо бегоҳи ҳамон рӯз ӯ аз оғил раҳо шуда, ҳангоме, ки ба хона баргашт, ҷасади падарашро дид, ки аз зарби тир ҷон дода, дар хун оғушта буд: «Як марду як мӯйсафед, ки аз оғил баромаданд, онҳоро низ куштанд. Поёни рӯз 7-8 марде, ки монда будем, ҷамъ шуда ҷасадҳоро ба ҳавлии масҷид кашида овардем. Ҳамаро як ҷо ҷаноза карда, ба хок супурдем. Дар миёни онҳо занҳо ва кӯдакон ҳам буданд. Баробари ин боз 10-12 хонаи дигар ҳам сӯхта валангор шуда буд.»

Навори видеоӣ дар YouTube инҷост:

https://www.youtube.com/watch?v=DGU1XeTTNQc#t=18

Хотираи сокини Файзобод аз ҳодисаи мудҳиши 26-уми декабри соли 1992
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:07 0:00

Собира Раҳматуллоева, сокини дигари Сумбулоқ, ки он вақт ҳамагӣ 38 сол дошт, мегӯяд, шавҳарашро нимирӯзии 26-уми декабри соли 1992 дар рӯйи ҳавлияш куштанд. Дар баробари шавҳараш боз 7 нафари дигар, аз ҷумла писарамаку писартағо ва дигар пайвандони шавҳараш қатл шуданд.

Холаи Собира нақл мекунад, ки вақте диданд дар поёни деҳа хонаҳоро оташ задаанд ва садои тир ҳар лаҳза баланд шудан гирифт, ба хулосае омаданд, ки бояд шавҳарашро пинҳон карда, худ бо фарзандонаш гурезад. Аммо ин ба онҳо даст надод: «Вақте ба хонаи мо омаданд, падари кӯдакҳоро гуфта будам, гурехта ягон ҷо рав. Дар хона пинҳон шуда буд ва мо бо кӯдакҳо дар хона нишаста будем. Силоҳбадастон омаданд, дашном дода, гуфтанд «мардакат куҷо буд, ки пеши мо нарафт?» Ман гуфтам, бегоҳ наздатон рафта буданд, бароятон маърака карданд. Ҳамин гапро гуфта аз ҷоям хестам. Як нафарашон дар қафаси синаам зад, ба замин афтидам. Писарчаам, ки дар дастам буд, афтид. Шавҳарам тоқат накарда, давида баромад. Ӯро кашола карда, берун бурданд. Моро нагузоштанд, аз пушташон бароем. Баъди каме ором шудани деҳа ба берун баромадем, ки дидем, дар ҳавлӣ шавҳарамро кушта рафтаанд.»

Ба сурати умум, рӯзи 26-уми декабри соли 1992 дар ин мавзеъ 71 нафар кушта шуда, ки аз он миён 57 нафарашон аз деҳаи Сумбулоқ ва 14 тани дигар аз деҳаҳои атроф будаанд.

https://www.youtube.com/watch?v=YfP00kgJQcM#t=12

Хотираи сокинони Файзобод аз ҳодисаи мудҳиши 26-уми декабри соли 1992
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

Тоҷиниссо Холова дар мактабе, ки онро силоҳдорон оташ заданд, омӯзгор буд. Вай мегӯяд, бо пайдо шудани силоҳбадастон дар деҳа дилаш сиёҳ гашта буд ва ҳис мекард, бадбахтии бузурге омадааст. Вай он вақт ҳамагӣ 23-сола буд ва аз рӯи муҳаббат издивоҷ карда буду шавҳарашро сахт дӯст медошт. Он вақт нав се сол шуда буд, ки бо ҳам зиндагии ширине доштанд. Дар ин се сол соҳиби ду писари нозанин шуда буданд:

«Он солҳо аз хотири касе фаромӯш намешавад. Вақте силоҳбадастон омаданд, шавҳарам писари калониямро гирифта, гурехт. Ман дар хона бо хушдоманам танҳо мондам. Ба хонаи ҳеварам рафтам. Пагоҳӣ, саҳараш тирпаронӣ сар шуд, ки ба зани ҳеварам ҳам тир расид. Бо хушдоманам мегиристем, ки се кӯдаконаш сағира монданд. Ман мегиристам ва хабар надоштам, ки он лаҳзаҳо шавҳари худамро ҳам кушта буданд. Шоми он рӯз, вақте тирпаронӣ бас шуд, ба хонаи хусурам омада, ҷасади шавҳарамро дидам...»

Фарёди ҷонкоҳ ва сели ашк нагузошт, ки Тоҷиниссо қиссаро ба поён барад. Вай базӯр ҳаяҷонашро фурӯ менишонад ва шукри писаронашро мекунад, ки аз шавҳараш нишон мондаанд. Даҳҳо зан, ки шавҳарони худро аз даст доданд, бо хуни ҷигар кӯдакони худро ба воя расонданд. Идимоҳ Носирова ҳафт ва Моҳрӯ Ғоибова 10 фарзандро бе падар калон карданд. Солҳои қаҳтӣ онҳо ба чорвопарварӣ ва боғдорӣ машғул шуданд, ёриҳои башардӯстона мегирифтанд ва худ низ пеш қадам гузоштаву зиндагиро аз нав сохтанд.

Моҳрӯ дар деҳа як коргоҳи хурди қолинбофӣ таъсис дод ва 26 зани деҳаро дар он ба кор гирифт. Тоҷиниссо ва аҳли деҳа бо мадади ҳукумат ва созмонҳои хориҷӣ мактаби деҳаро дубора сохтанд ва ӯ он ҷо омӯзгор аст. Солҳо гузашт, аммо дарди дил монд. Ва ҳам озори ин ки куштори 71 нафар дар Сумбулоқи Файзобод таҳқиқ нашуда, касе барои ин қатли ом ҷазо надид.

XS
SM
MD
LG