Додгоҳи ҳарбии Душанбе рӯзи 9-уми октябр як сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро барои кӯмак ва ҳамкорӣ бо қочоқбарони маводи мухаддир, ба 15 соли зиндон маҳкум кард.
Азимҷон Дӯстматов, сарбози 18-сола дар марзи ноҳияи Фархор бо Афғонистон хидмати ҳарбӣ анҷом медод ва моҳи январи соли равон аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ боздошт шуд. Як манбаи огоҳ аз ҷараёни мурофиа рӯзи 9-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки
Ҳарчанд бегуноҳиашро исбот кард, вале додгоҳ ба эътибор нагирифт. Сад афсӯс, ки писарам ҳайф шуд. Бисёр мехоҳам, ки суд парвандаро аз сар бубинад ва ҳукмро тағйир диҳад
Дӯстматов бар асоси чор моддаи Кодекси ҷиноятӣ - “муомилоти маводи мухаддир бо истифода аз мақоми хизматӣ”, “контрабанда ва гузаронидани кочоқ аз сарҳади давлатӣ”, “ташкили воридшавии ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ бо маслиҳати пешакӣ” ва “вайронкунии қоидаҳои ба ҷо овардани хизмати сарҳадӣ”, гунаҳкор дониста шуд.
Дар ҳодисаи мазкур Дӯстматов танҳо боздошт нашудааст. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон моҳи январи соли равон дар пайи як амалиёт Аҳтамҷон Авазов ва Илёсиддин Ҳабибов - ду сокини ноҳияи Фархорро бо беш аз 6 килограмм афюн боздошт карданд. Дар пайи шаҳодати ин ду кочоқбар Саидшоҳ Ташрипов, афсари нерӯҳои марзбонӣ ва ин сарбоз боздошт шудааст.
Додгоҳ ду кочоқбарро мутаносибан ба 11-солӣ равонаи зиндон кард ва парвандаи афсарро барои тафтиши иловагӣ пас гардонид. Рӯзи 9-уми октябр додгоҳи ҳарбӣ эълон кард, ки Азимҷон Дӯстматов ба гурӯҳи кочоқбарони тоҷик иҷозат додааст, ки бо убури марзи давлатӣ бо кочоқбарони афғон додугирифт анҷом диҳанд.
Вале тамоми ин иттиҳомотро худи сарбоз дар ҷараёни мурофиаҳо комилан рад карда худро бегуноҳ номидааст. Наздикони Дӯстматов ҳам мегӯянд, ки ба хулосаҳои додгоҳ ва одилона будани ҳукми он бовар надоранд.
Абдувосит Дӯстов, падари Азимҷон рӯзи 9-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, писараш танҳо яке аз кочоқбаронро дидааст ва ӯ дар лаҳзаи ҷиноят гуфтааст, ки ба ҳезумчинӣ меравад. Ӯ гуфт, писараш як соли пеш ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта буд ва ҳеҷ ҳамкорие бо кочоқбарон надоштааст.
Падар дар бораи баёноти писар чунин гуфт: “Дар тамоми мурофиаҳо гуфт, ки аз маводи мухаддир ва марзшиканӣ ҳеҷ хабаре надошт. Ҳарчанд бегуноҳиашро исбот кард, вале додгоҳ ба эътибор нагирифт. Сад афсӯс, ки писарам ҳайф шуд. Бисёр мехоҳам, ки суд парвандаро аз сар бубинад ва ҳукмро тағйир диҳад”, - гуфт ӯ. Падари ин сарбоз мегӯяд, ҳарчанд додгоҳ ҳукмашро эълон кард, вале то ҳол нусха ба дасти ӯ нарасидааст. Ӯ гуфт, аз болои ин ҳукм ба додгоҳи болоӣ шикоят мекунад.
Абдувосит Дӯстов писарашро сарбозе медонад, ки мавриди тӯҳмат қарор гирифтааст. Тоҷикистон бо Афғонстон беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад. Бо вуҷуди назорати марз аз ҷониби нерӯҳои марзбонӣ, интиқоли кочоқи маводи мухаддир ва марзшиканӣ ба назар мерасад. Хеле кам иттифоқ меафтад, ки сарбозонро дар ҳамкорӣ бо кочоқбарон ҳамдаст донанд.