Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт Ҷунайдулло Худоёров, як корбари фаъоли шабакаи иҷтимоии "Фейсбук"-ро барои нашри шарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бо ҷурми "ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) -"Салафия", ба мӯҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Мурофиа дар нимаи дуввуми рӯзи ҷумъа, 31-уми август дар додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт таҳти раёсати додрас Сафарбек Нурализода ҷараён гирифт.
Худоёрови 35-сола, яке аз корбарони фаъоли"Фейсбук" ва "Одноклассники" аст, ки аз мақомотимаҳаллии ин ноҳия зиёд интиқод мекард.
Пас аз қироати парвандаи Ҷунайдулло Худоёров, додрас гуфт, ки иттиҳоми айбдоршаванда бар асоси моддаи 307, прим 3, банди 2-и Кодекси ҷиноӣ исбот шуд ва маҳкумшуда мӯҳлати ҷазоро пушти панҷара сипарӣ мекунад. Рӯзи 30-уми август дар суханронии худ айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хост, ки Ҷунайдулло Худоёровро ба 6 соли зиндон маҳкум кунанд.
Наздикони Худоёров: "Парванда фармоишӣ буд"
Ҳукми додгоҳро худи Ҷунайдулло ва аҳли хонаводаву вакили дифоаш ноодилона хонда ва гуфтанд, ки аз болои он ба додгоҳи зинаи болоӣ шикоят хоҳанд бурд. Фарҳод Худоёров, бародари Ҷунайдулло Худоёров пас аз содир шудани ҳукми додгоҳи Исмоили Сомонӣ шоми 31-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо ҳукми додгоҳро "бераҳмона" медонанд ва парванда дар нисбати бародараш "махсус ва фармоишӣ" мебошад. Вай гуфт, ки бародараш ҳеҷ гоҳ бо созмони мамнӯи Салафӣ иртибот надошт.
Худи Ҷунайдулло Худоёров лаҳзаҳои берун шудан аз толори додгоҳ дар сӯҳбати мухтасари сарироҳӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукми додгоҳро ғайриодилона меҳисобад ва даст доштанаш дар созмони "Салафия"-ро рад мекунад. Ӯ, аз ҷумла, гуфт, "мақолаҳое, ки ман навиштам, танҳо аз камбудиҳо соҳаҳои мухталифи ноҳия буданд ва ин навиштаҳо ба Салафия ҳеҷ иртибот надоранд".
Худоёров ба саволи ин, ки дар боздоштгоҳ дар давоми ним соли охир дар чӣ шароите нигаҳдорӣ мешуд, гуфт, ки дар ин марҳила ҳеҷ мушкиле набуд ва дар он ҷо бо ӯ муносибати дуруст мекарданд. Вай гуфт, ки то охир ба бегуноҳии худ пойфишорӣ кард, вале додгоҳ инро ба инобат нагирифт.
Тавре наздикони Худоёров мегӯянд, як ташхиси матнии мақомоти Кумитаи дин ба хулосае омадааст, ки дар матнҳои чопкардаи Худоёров дар шабакаҳои иҷтимоӣ "мазмуни пуштибонӣ аз Салафия мушоҳида шудааст" ва бар асоси ҳамин хулоса, ӯро аз рӯи моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ гунаҳгор эълон карданд.
Исми Ҷунайдулло Худоёров бори нахуст моҳи январи соли ҷорӣ расонаӣ шуд. Ӯро рӯзи 22-юми январи соли равон кормандони Раёсати корҳои дохилии Рашт боздошт карданд ва додгоҳаш моҳи июн шурӯъ шуд. Мақомот гуфтанд, далели аслии ба ҷавобгарӣ кашидани Худоёров як ҷумлаест, ки ба қавли мақомот дар саҳифааш дар шабакаи "Одноклассники" иншо кардааст.
Иттиҳоми Худоёров --- пайравӣ аз равияи "Салафия"
Дар қарори ба ҷавобгарӣ кашидани Ҷунайдулло Худоёров, ки нусхааш ба дасти Радиои Озодӣ расид, гуфта мешавад, ки Худоёров бо навишти ин ҷумла, узвияти худ дар ҳаракати мамнӯи “Салафия” тасдиқ намудааст.
Мақомот мегӯянд, Худоёров дар саҳифаи худ дар "Одноклассники" навиштааст: "Бародарон Салафия мегуфтанд ман гумон мекардам, ки ягон амалҳои зиди дини ислом мекунад! Агар манзур аз Салафия пӯшонидани либоси суннатӣ, шиму почаҳояш кутоҳ, оминро баланд гуфтан, мубориза ба зидди ширку хурофоту падидаҳои нав дар Ислом бошад, пас ман Салафия ва мазҳабам Салафия аст!!!"
Тасдиқи дурустии ин иттиҳом имкон надорад, чунки саҳифаи Ҷунайдулло Худоёров дар шабакаи "Одноклассники" пӯшида аст ва маълум нест, ки Худоёров ҷумлаи дар боло зикршударо иншо кардааст ё хайр. Мақомот мегӯянд, ин навиштаро зимни азназаргузаронии телефонии мобилии Худоёров пайдо кардаанд.
"Аз писарам интиқом гирифтанд"
Наздикони Худоёров иддао мекунанд, ки парвандаи ӯ аз оғоз сохта буд ва шахсоне ҳам зидди Худоёров нишондод доданд, ки нисбати ӯ хусумат доранд. Аз ҷумла, ба қавли Мавлуда Ғарибова, модари Ҷунайдулло, чанд директори мактаб, ки дар гузашта бар асоси навиштаҳои писараш муҷозот ё аз кор барканор шуданд, “бо тӯҳмат” аз писараш интиқом гирифтанд. Дар ҷараёни шурӯи тафтишот баъзе шоҳидони парванда гуфтанд, ки зери фишор алайҳи Худоёров нишондод додаанд.
Ҷунайдулло Худоёрови 35-сола, яке аз корбарони фаъоли "Фейсбук" ва "Одноклассники" аст, ки аз мақомоти маҳаллии ин ноҳия зиёд интиқод мекард. Ҷунайдулло аз ҷумла дар саҳифааш дар "Фейсбук" раиси Кони ангишти ноҳияро танқид кардааст, ки роҳи мошингарди тарафи конро таъмир накардааст. Дар як навиштаи дигар Шӯъбаи маорифро барои дар ивази пули қарзи китоб аз талабаҳо ҷамъ кардани чормағз, танқид карда буд.