Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Капитан Ҳомидов - Робин Гуд ё авбош?


Қудрат Ҳомидов
Қудрат Ҳомидов

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, собиқ сардори бахши ҷустуҷӯи ҷиноии ШКД-2, ноҳияи Рӯдакӣ капитан Қудрат Ҳомидов бо иттиҳоми авбошӣ боздошт шудааст.

Торнамои расмии вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 22 феврал навишт, ки капитани милиса Қудрат Ҳомидов, сардори бахши кофтукови ҷиноии ШКД-2 и ноҳияи Рӯдакӣ, ба думболи занги телефонии яке аз ҳамсояҳояш, дар ҳолати мастӣ боздошт шуд. Пулис мегӯяд, ки Ҳомидов баъди боздошт, амалҳои авбошонаи худро дар шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ идома дод ва мизу курсиҳоро шикаст. Ходимони пулс ҳамчунин иддао доранд, ки Ҳомидов ба рӯи як корманди пулис ду мушт задааст.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш худи Ҳомидов ва вакили дифои ӯ Барот Беков, ин моҷароро комилан аз зовияи дигар тасвир карданд. Ҳомидов қабл аз боздошташ ба "Озодӣ" гуфт, ӯро замоне боздошт ва латту куб карданд, ки мехост шикояти ҳамсояҳо дар мавриди ба фоҳишахона табдил шудани чанд хонаи як сохтмони бисёрхонагии ин маҳалро тафтиш кунад. Азбаски Ҳомидов низ дар ҳамин маҳал ба сар мебурд, ҳамсояҳо аз ӯ кӯмак хостаанд.

Аммо дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ соҳиби хонаи ҷанҷолӣ иттиҳоми истифодаи манзили ӯ бо ҳадафҳои ғайриахлоқиро рад кард ва гуфт "ин хона холӣ аст ва ӯ гоҳ-гоҳ барои тамизкорӣ дари онро боз мекунад."

Барот Беков, вакили мудофеи каапитан Ҳомидов гуфт, ки ҳанӯз моҳи январ сокинони ҳашт манзил дар ҳамин бинои бисёрошёна, ки аксаран донишмандон ва рӯшанфикрон ҳастанд, аз рӯи бадахлоқиҳо дар баъзе манзилҳои ин бино ва равуои афроди машкук ба ин хонаҳо, ба мақомот шикоят бурданд.

Вале баъди боздошти Ҳомидов ва мудохилаи кормандони милиса ба ин қазия, ҳамсояҳо аз сӯҳбат бо матбуот канораҷӯӣ мекунанд ва бархе аз онҳо гуфтаанд, ки зери фишор ҳастанд. Талоши хабарнигори Озодӣ барои сӯҳбат бо онҳо натиҷа надод.

Ахиран бо пешниҳоди Додситонии пойтахт қарор шуд, ки шикояти ходимони пулис ва сокинони кӯчаи М. Қурбонов, махсусан сокини ин маҳалла Дилафрӯз Олимова аз рӯи рафтори капитан Ҳомидов дубора бозҷӯӣ мешавад ва то анҷоми ин бозҷӯӣ капитани милиса Қудрат Ҳомидов дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ дошта хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG