Пайвандҳои дастрасӣ

Як сокин телевизиони “Танин”-и шаҳри Хуҷандро барои паст задани шаъну шарафаш дар як намоиши ин телевизион ба додгоҳ кашида, 800 ҳазор сомонӣ подоши зарари маънавӣ талаб кардааст. Додгоҳ алайҳи телевизиоини “Танин” бо иттиҳоми “ҳифзи шаъну шараф ва эътибори корӣ”, парвандаи маъмурӣ боз кардааст.

"Ҷанҷол" аз куҷо сар шуд?

Гулнора Аминова, сокини шаҳри Хуҷанд дар шикояти худ ба додгоҳ навиштааст, ки телевизиони “Танин” дар як намоиши худ ба шавҳари собиқи ӯ минбар дод ва ӯ бо алфози бад шаъну шарафи ӯро паст зад. Хонум Аминова рӯзи 16-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ аз додгоҳ дархост дорад аз таҳиягари ин намоиш Парвина Аҳророва ва масъулони пахши он дар телевизиони “Танин”, ҳамчунин шавҳари собиқаш дар маҷмӯъ -- 800 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ бирӯянад.

Гулнора Аминова даъво дорад, ки телевизиоини “Танин” шаъну шарафи ӯро паст задааст ва миёни сокинон ӯро "беобрӯ" кардааст.

Ӯ афзуд :“Шавҳари собиқам дар он намоиш дар бораи ман бисёр гапҳои бад ва дурӯғ зад. Гӯё ман калид сохта, чизҳояшро дуздида ва ба гулӯи модараш корд монда бошам ва бисёр гапҳои туҳматомези дигар. Вай шаъну шарафи манро паст зад. Хуҷанд Маскави Русия нест, шаҳри хурд аст, ҳама якдигарро мешиносанд. Касони бисёр он намоишро тамошо карданд. Ба ин намоиш маро даъват накарданд ва бе иштироки ман гузашт. Барои ҳамин, бо даъвои ҷуброни зарари маънавӣ ба додгоҳ муроҷиат кардам.”

Ба иттилои шахсони наздик ба бозбинии ин қазия дар додгоҳи Хуҷанд, алайҳи телевизиони “Танин” мутобиқи банди 174-и Кодекси шаҳрвандии Тоҷикистон иттиҳом пешниҳод шудааст. Ҳамчунин шавҳари собиқи Аминова -- Қурбон Миробидовро ҳамчун “ҳамҷавобгар” ба ин парванда шомил карда шудааст.

Адвокат: "Танин" гуноҳе надорад

Ҳанӯз бахши созмони журналистон дар Хуҷанд дар мавриди қазияи телдевизиони “Танин” назари худро баён надоштааст. Муҳаббат Ҷӯраева, ҳуқуқшиноси Иттиҳодияҳо расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ дар Хуҷанд, ки ба расонаҳо ва рӯзноманигорон ёриҳои ҳуқуқӣ мерасонад ва ҳимояти “Танин”-ро бар ӯҳда гирифтааст, гуфт, дар ин баҳси додгоҳӣ гуноҳи телевизиони хусусиро намебинад.

Муҳаббат Ҷӯраева.
Муҳаббат Ҷӯраева.

Ба гуфтаи Муҳаббат Ҷӯраева, дар қонун дар бораи матбуот гуфта шудааст, ки журналист ба ҷамъоварӣ, таҳлил ва паҳн намудани он тавассути ВАО ҳуқуқ дорад: "Бинобар ин, ман ҷавобгарии телевизиони “Танин”-ро умуман намебинам, зеро ин расона вазифаи касбии худро иҷро кардааст ва ҷавобгар бояд он касе бошад, ки дар ҳаққи ҳамсари собиқаш гап задааст.”

Муҳаббат Ҷӯраева афзуд, ҳамчунин дар намоиши “Оила”-и телевизиони “Танин” Қурбон Миробидов - шавҳари собиқи Гулнора Аминова дар бораи ҳамсари пештараш нақл карда, вале ному насаби ӯро нагуфтааст.

Моҷарои Гулнора ва шавҳари собиқаш

Худи Миробидов мегӯяд, аслан мақсади таҳқир намудану паст задани шаъну шарафи ҳамсараи собиқашро надошт. “Аслан аз рӯи инсонгарӣ баъди ҷудо шудан дар бораи ҳамсар гапи бад задан хуб нест. Аммо баъди ҷудо шудан ӯ маро аз хонаи дуюмамон бо ҳамсари наваму кӯдакамон ба кӯча бароварда пеш кард. Барои ҳамин, ман хостам дар намоиши телевизионӣ иштирок карда, ҳақиқатро гӯям.” - афзуд вай.

Журналистон дар Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ.
Журналистон дар Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ.

Вале хонум Аминова ин даъво ва “ҳақиқат”-и шавҳари собиқашро қабул надорад. Ӯ мегӯяд, он манзили баҳсиро падари ӯ бо пули худ харида, духтару домодашро муваққатан ҷо карда буд. Баъди марги падар он хона чун мерос ба ӯ гузашт. Дар ҳоли ҳозир Аминова ба ҳайси ҳамшираи шафқат дар як маркази саломатии Хуҷанд кор мекунад ва бо шавҳари наваш тарбияти чаҳор фарзандро бар ӯҳда дорад.

Ин барои бори авал дар солҳои охир додгоҳ даъво алайҳияк телевизони маҳаллии Суғдро бо иттиҳоми “паст задани шаъну шарафи як шахс” ба баррасӣ мегирад. Намоиши “Оила” дар телевизиони “Танин” тахминан 2 моҳ пеш пахш шудааст.

"Даъват кардем, наомад"

Парвина Аҳророва, таҳиягари ин намоиш мегӯяд, дар ҳақиқат дар намоиш ҷониби дигар, яъне Гулнора Аминова иштирок надошт, вале дар поён эълон карданд, ки даъвои шавҳари собиқи ӯ саволбарангез аст ва дар барномаи дигар назари ҳамсари пештараи ӯ низ шунида хоҳад шуд. Ӯ мегӯяд: “Вале ӯ, (Гулнора Аминова) розӣ нашуд, гуфт, ки обрӯи ӯро дар намоиш резонидаем.”

Шермуҳаммад Шерматов, раҳбари телевизиони “Танин” мегӯяд, ки се бор назди хонум Аминова рафта хаттӣ пешниҳод карданд, ки ба ӯ имкон медиҳанд, ки назари худро тариқи телевизион баён дорад: "Ҳатто пешниҳод кардем, агар хоҳед, ному насабатонро иваз мекунем, аксатонро нишон намедиҳем, ё овозатонро ҳам тағйир медиҳем. Аммо он кас қабул накарданд ва ба додгоҳ шикоят бурданд.”

Раҳбари телевизиони “Танин” мегӯяд, ки се бор ба таври хаттӣ аз хонум Аминова хоҳиш карданд, ки имкон медиҳанд назари худро тариқи телевизион баён дорад, аммо розӣ нашуд.

Телевизиони хусусии “Танин” яке аз 8 телвизиони маҳаллӣ дар шаҳри Хуҷанд аст, ки муассисаш Шермуҳаммад Шерматов, аз овозхонҳои маъруфи Хуҷанд буда, моҳи январи соли 2014 ба пахши намоишҳои худ шурӯъ кардааст. Амвоҷи ин телевизион дар маркази вилояти Суғд ва атрофи он дастрас аст.

Ҳамчунин тавассути телевизионҳои кабелӣ дар бархе манотиқи дигар пахш мегардад. Аксари кормандони эҷодии ин телевизион ҷавонанд ва ба қавли коршиносон, талоши навҷӯиҳо доранд ва бо намоишҳои нави “Як рӯзи як шахс”, “Оила”, “Ниқоб” вориди рақобат бо телевиизионҳои дигар гардида, теъдоди мухлисону бинандагонаш рӯ ба афзоиш дорад.

"Танин"-ро чӣ интизор аст?

Ҳамакнун банди 174 -и Кодекси шаҳрвандии Тоҷикистон, ки додгоҳ баррасии шикояти Гулнора Аминова, сокини шаҳри Хуҷандро дар мавриди тавассути намоиши телевизиони “Танин”аз сӯи шавҳари собиқаш “паст задани шаъну шарафи ӯ” ба баррасӣ гирифтааст, дар сурати исботи даъвои ӯ ба телевизиони мазкур пахши раддияи бемузд ё пахши посухи шахси ҳуқуқҳояш поймолшударо пешбинӣ мекунад. Вале дар сурати радд шудани ин талаби шахси даъвогар аз ҷониби расона, додгоҳ даъворо ба баррасӣ мегирад.

Дар ҳоле, ки ин гузориш омода мешуд, як шахси наздик ба баррасии парванда алайҳи телевизиони “Танин” дар додгоҳи Хуҷанд гуфт, парванда ҷиҳати баррасӣ таҳия гардида, рӯзи 22 -юми феврал мурофиа оғоз мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG