Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабрдида кист? Вокуниши ВКД ба моҷарои милиса бо як зан


Саҳнаи латукӯби зане аз ҷониби корманди милиса дар Душанберо яке аз сокинон ба телефонаш сабт кардааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нисбат ба ҳодисаи муноқишаи корманди ин ниҳод бо як зан, ки навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, “санҷиши фаврӣ анҷом додааст”.​ Санҷиш шахсият зан ва корманди ВКД-ро маълум кардааст.

Дар баёнияи Вазорат гуфта намешавад, ки кӣ дар ин ҳодиса ҷабрдида ҳаст

Рӯзи 21-уми март дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пахш шуд, ки корманди милиса ба сару рӯи зане шаппотӣ мезанад.

Шоми 21-уми март Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфт, “вобаста ба ҳолати бавуқуъомада корҳои санҷишӣ идома дошта, нисбати шахси гунаҳкор чораҳои қатъӣ андешида мешавад”. Аммо дар баёнияи Вазорат гуфта намешавад, ки кӣ дар ин ҳодиса ҷабрдида ҳаст.

Бино ба шарҳи ВКД, старшина Сатторов Сафарбек, корманди бозрасии хадамоти роҳбонӣ-пайраҳадории Воҳиди махсуси ВКД бо Мадина Шамсова, сокини ноҳияи Рӯдакӣ “баҳсу мунозира кардаанд, ки баъдан он ба занозанӣ анҷомидааст”.

Дар наворе, ки рӯзи 21-уми март дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки корманди милиса се шаппотӣ ба сару рӯйи зан мезанад. Танҳо пас аз дахолати сокинон зан канор меравад ва аз пушти сар ба милиса як шаппотӣ мезананд. Даст бардоштани корманди ВКД ба сари як занро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо лаҳни тунд танқид карданд.

Сафарбек Сатторов, корманди Воҳиди махсуси Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бозпурсӣ шудааст.

Ба қавли Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Сафарбек Сатторов ба тафтишоти ВКД гуфтааст, ки зан дар хиёбон дод мезад ва вақте хост, ӯро ором кунад, зан ба ӯ ҳамла кард. Аз ин рӯ, ӯ худашро идора карда натавониста, ӯро задааст.

Ин ҳодиса дар ҳолест, ки як навори видеоии латукӯби духтаре аз ҷониби марде дар оғози моҳи март боиси сарусадои зиёд шуд. Дар фосилаи ду соат баъди ин моҷаро, милисаи Душанбе гуфт, ки гумонбар боздошт шуд.

​Ба қавли манбаъ, Мадина Шамсоваи 33-сола, сокини ҷамоати Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ ҳолати руҳии хуб надошта, таҳти табобат қарор дорад.

Дар Вазорати умури дохилӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Сафарбек Сатторов барои ин амалаш ҳатман муҷозот мешавад, аммо чигунагии ҷазо баъд аз санҷиш муайян хоҳад шуд.

То ҳол дар робита ба ин ҳодиса парванда боз нашудааст. Мақомоти ВКД мегӯянд, пас аз анҷоми пурраи тафтиш дар ин робита тасмим гирифта мешавад.

Ба ин ҳодиса замоне таваҷҷӯҳ шуд, ки рӯзи 21-уми март ду навори кутоҳ аз латукӯби як зан аз ҷониби корманди милиса дар шабакаи Фейсбук нашр шуд. Дар навори аввал зан фарёд мезанад, ки "назан", вале нафаре бо либоси корманди милиса ва дар даст чубдасти ишоратии хоси кормандони БДА ба сару рӯйи зан чанд шаппотӣ мезанад.

​Саҳнаи бархӯрди милиса бо ин зан аз баландии сохтмоне наворбардорӣ шудааст.

Дар ин навор дида мешавад, ки раҳгузарон корманди милисаро бо садои "ин зан бемории рӯҳӣ дорад", талош мекунанд аз амалаш боздоранд, вале зоҳиран асар намекунад.

Дар навори дуюми идомаи сабти ин саҳна зан дар рӯи роҳ афтодааст ва милиса талоши боло кардани ӯро мекунад, вале зан дод мезанад. Муаллифи видео дар гурӯҳи "Мо-тоҷикистониён" навиштааст, ки ҳодиса субҳи имрӯз дар наздикии бинои Вазорати мудофиа рух додааст.

Озордиҳандаи Малика баъди 2 соати нашри навор боздошт шуд

Ин ҳодиса дар ҳолест, ки як навори видеоии латукӯби духтаре аз ҷониби марде дар оғози моҳи март боиси сарусадои зиёд шуд. Дар фосилаи ду соат баъди ин моҷаро, полиси Душанбе гуфт, ки гумонбар боздошт шуд ва бар асоси моддаи "авбошӣ" ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол ёфт. Баъди ин ҳодиса духтари латхӯрда - Малика Соҳибназарова гуфт, ки ин ҷавон Хуршед Азизов - як дӯстписараш буд ва дар ин моҷаро худро гунаҳгор меҳисобад.

Ҳодисаи латукӯби бераҳмонаи зан аз ҷониби мард дар як кӯчаи Душанбе интиқодҳои зиёдеро дар заминаи бераҳмӣ нисбати зан ва вуҷуди хушунат эҷод кард. Вале ҳодисаи латукӯбкунии як зан аз ҷониби ходими милиса, ки либоси корӣ дар тан дорад, кам иттифоқ афтодааст ва ҳоло аксар тамошобинони ваҳшатзадаи ин навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомот талаб доранд, ки ҳатман нисбати ин афсари милиса парванда боз шавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG