Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ориённур" -- Телевизиони мустақили тоҷикӣ дар марз бо Узбекистон


Ҳангоми таҳияи барномаҳо.
Ҳангоми таҳияи барномаҳо.

Дар шаҳри Панҷакент телевизиони мустақили "Ориённур" таъсис ёфт ва барномаҳои нахустинаш рӯзи 27-уми июн пахш мешавад.

Сино Ниёзов, раиси телевизиони "Ориённур", рӯзи 20-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳадаф аз таъсиси шабакаи нав пур кардани холигоҳи иттилоотӣ дар Панҷакент ва атрофи он аст.

"Студияи мо дар сатҳи талаботи телевизионҳои касбӣ омода шудааст ва ҳадафи мо бо суруду тарона пур кардани барнома нест. Мо мехоҳем бо гузоришҳои таҳлилӣ аз мушкили иҷтимоӣ ва зиндагии мардум хабар диҳем. Азбаски Панҷакент бо шаҳру ноҳияҳои Узбекистон ҳамсарҳад аст, мехоҳем, барномаҳое дуруст кунем, ки дар он тарафи марз ҳам тамошо кунанд",-гуфт ӯ.

Аммо Сино Ниёзов гуфт, бахши тақсими мавҷҳои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба онҳо дар ҳудуди 155 ватт мавҷ додааст, ки имкони ба хубӣ расидани амвоҷро ба деҳоти баландкӯҳ намедиҳад. Сокинони чунин минтақаҳои Панҷакент мегӯянд, дар маҳалли зисти онҳо шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистонро низ бо сифати хуб тамошо карда наметавонанд.

Ба иттилои ширкати "Тоҷиктелерадиоком", дар ҳоли ҳозир мардуми минтақаҳои ҳамсарҳад бо Узбекистон ҳудуди 27 шабакаи гуногуни телевизионии Узбекистонро тамошо мекунанд.

Шоҳини Равшан, мушовири шабакаи "Ориённур", ба Радиои Озодӣ гуфт, пахши барномаҳои телевизиони нав имкон медиҳад, сокинони Панҷакент ва атрофи он аз барномаҳои шабакаҳои дигар низ баҳраманд шаванд ва камбуди иттилоотӣ пур гардад.

"Ориённур" дар ибтидо барои 11 соат дар шабонарӯз хабару гузориш пахш хоҳад кард. Сармояи он тавре масъулони шабака мегӯянд, аз ҳисоби таблиғу тиҷорат таъмин мешавад.

Шабакаи "Ориённур" парвона ё муҷаввизи Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистонро гирифтааст ва ҳоло бо машварату маслиҳати чанд тан аз кормандони собиқадори Телевизиони Тоҷикистон барномаи "Рӯзи Ваҳдат"-ро омода мекунад.

Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, агар шабакаҳои наве, ки вориди саҳна мешаванд, ба пахши рақамӣ шомил нашаванд, дар ояндаи кори онҳо ба мушкил рӯбарӯ хоҳад гашт. Қаршибоев бар ин аст, ки тамоми шабакаҳои телевизиони Узбекистон бо пахши рақамӣ фаъоланд.

Дар ҳоли ҳозир дар маркази вилояти Суғд ба ҷуз аз шабакаи давлатии телевизиони вилоятии "СТВ", ҳафт телевизиони хусусӣ фаъол аст. Ҳамчунин дар маркази вилояти Суғд ҳафт радио фаъол аст ва баъзе аз онҳо шабонарӯзӣ барнома пахш мекунанд.

Таҳлилгарон ва коршиносони маҳаллӣ дар умури матбуот дар вазъи мушкили иқтисодӣ афзудани шумораи телевизиону радиоҳои маҳаллиро ба судовар будани онҳо марбут медонанд.

Симои мустақили якум нахустин телевизиони хусусӣ дар шимоли Тоҷикистон аст, ки моҳи апрел бистумин солгарди таъсисашро ҷашн гирифт. Қабл аз СМ-1 дар оғози солҳои 1990-ум телевизиони хусусии дигаре бо номи "Темурмалик" фаъолият дошт, ки дертар аз байн рафт.

XS
SM
MD
LG