Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дафтарчаи тиббӣ" барои кӯдакон -- 80 сомонӣ. ВИДЕО


Ду ҳафта пеш аз шурӯи соли нави таҳсил ба иловаи хароҷоти мактабӣ, нархгузорӣ шудани як санади тиббии ҳатмӣ барои қабули санадҳои кӯдак ба мактаб, барои бисёр волидон комилан ногаҳонӣ шуд. Ин санад "Маълумотномаи рақами 26" (ё "Справкаи формаи 26") ном дорад, ки аз муассисаҳои вижаи тиббӣ гирифта шуда, бар асоси он ба ҳар кӯдак "Дафтарчаи тиббӣ" таҳия мешавад.

Ҳайрати волидон

Дар ҳоле, ки тақозои санади тиббӣ дар бораи ҳолати саломатии кӯдакро ҳама чун амри зарурӣ ва қоидаи роҳуфтода аз солиёни пеш эътироф мекунанд, бисёр волидонро арзиши ин маълумотнома ва ҳам шеваи гирифтани он дар ҳайрат гузоштааст. Волидони таҷрибадор мегӯянд, ки дар гузашта ин санад бо нархи рамзии бисёр ночиз (ҳудуди 5 сомонӣ), пешкаш мешуд.

Дар ширкати "Фароз" мегӯянд, ки нархномаи таъиншуда тасмими ин ширкат нест ва аз ҷониби сохторҳои зидахл таъин шудааст.

Муқаррароте, ки ин шабу рӯз бо он бисёр волидон рӯбарӯ шудаанд, нисбатан нав аст. Талабот ин аст, ки кӯдак бояд аз муоинаи ду нуқтаи тиббӣ гузашта, бар асоси маълумотномаи мазкур дар маҷмӯъ 78 сомонӣ пардохт кунад.

Ин муассисаҳо - Маркази тибби оилавӣ ва саломатӣ ва дигаре ташхисгоҳи тиббии "Беҳдоштӣ"-и марбут ба ҶСП "Фароз" мебошанд. Ҳамин муассисаҳо масъули додани чунин санад ба шумор мераванд. Ба бисёр волидон гуфта шудааст, ки танҳо санади дарёфтшуда дар ин муассисаҳо қобили қабул аст.

"Фароз": Нархномаро вазорати беҳдошт таъин кардааст

Ширкати "Фароз", ки аслан ҳамчун ширкати воридкунанадаи аслии маводи сӯхт ба Тоҷикистон дониста мешавад, дар бахшҳои мухталифи кишвар низ фаъолиятҳои худро ба роҳ мондааст.

То соли 2008 шираи камол озодона аз Тоҷикистон содирот мешуд, вале бо як амри президенти кишвар ва тағйир дар қонунгузорӣ фурӯши он ба хориҷи кишвар дар шакли хом комилан мамнӯъ дониста шуда буд. Феълан, танҳо ба ширкати "Фароз" иҷозаи коркард ва содироту фурӯши шираи камол додашудааст.

Барои мушаххас кардани ҷузъиёти ин муқаррарот, ки бисёр волидонро ҳайрон гузоштааст, ба яке аз чунин муассисаҳои воқеъ дар ноҳияи Ҳисор рафтем. Шаҳло Шарифова, мудири Маркази тибби оилавии Маркази саломатии шаҳри Ҳисор рӯзи 16-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, дар соли нави хониши ҳам барои кӯдакони синфи 1 ва ҳам барои кӯдаконе, ки ба боғчаҳо мераванд, чунин маълумотномаҳои тиббӣ аз ҷониби Маркази саломатии шаҳр ва ташхисгоҳи тибии ширкати "Фароз" дода мешавад ва ин ҳатмист.

Афзоиши нархи маълумотномаи тиббӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00

Зарурати доштани чунин як маълумотномаро Шаҳло Шарифова чунин шарҳ дод: "Баъди муоинаи Маркази саломатии мо, ки гӯшу чашму дигар узвҳои бадани кӯдак муоина мешавад, аз ҳар соҳиби кӯдак 30 сомонӣ гирифта мешавад ва аз ҷониби лабораторияи "Беҳдоштӣ", ки муоинаи хуну пешобу дигар чизҳоро мегиранд, 48 сомонӣ гирифта мешавад. Ба хурдсолоне, ки ба боғчаҳо бурда мешаванд, маълумотномаи тиббӣ дода мешавад ва ба номи он хурдсол "Дафтарчаи тиббӣ" боз карда мешавад".

Дар ширкати "Фароз" мегӯянд, ки нархномаи таъиншуда тасмими ин ширкат нест ва аз ҷониби сохторҳои зидахл таъин шудааст. Дилором Раҳимова, сухангӯи ширкати "Фароз" рӯзи 17-уми август ба Радиои Озодӣ дар иртибот ба нархи гарони муоинаи тиббӣ дар маркази "Беҳдоштӣ" гуфт, нархномаи онро на ширкати "Фароз", балки вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоӣ таъин кардааст.

Дилором Раҳимова афзуд, "ҳамаи қимати расидҳо (квитансияҳо) барои маълум кардани хун ва дигар навъҳои муоинаҳоро Вазорати тандурустӣ мушаххас кардааст ва ба ширкати "Фароз" ва ё ба худи лабораторияҳо рабт надорад. Ширкати "Фароз" бо назардошти ташхиси дақиқи кӯдакон лабораторияҳоро бо таҷҳизоти замонавӣ ва муосир таъмин намуда ва дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру баъзе навоҳии кишвар чунин ташхисгоҳҳои "Беҳдоштӣ"-ро ба роҳ мондааст."

Вазорати тандурустӣ баъдан посух медиҳад

Ширкати "Фароз" мегӯяд, ҳангоми муоинаи кӯдакон барои хонаводаҳои камбизоат ва маъюб имтиёз дода шудааст, вале ин чӣ навъи имтиёз аст, мушаххас намешавад.

Дар вазорати тандурустии Тоҷикистон замони таҳияи ин гузориш ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи сабабҳои ба чунин тарз нархгузорӣ шудани арзиши маълумотномаҳо посух надоданд. Як корманди вазорат дар тамоси телефонӣ рӯзи 17-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи нархномаи ташхисгоҳҳоро меомӯзанд ва сипас ба матбуот шарҳ хоҳанд дод.

Дар як тамоси телефонӣ як масъули ширкати "Фароз" рӯзи 16-уми август тасдиқ кард, ки воқеан ҳам "ташхисгоҳҳои замонавии ин ширкат на танҳо дар ноҳияи Ҳисор, балки дар манотиқи дигари кишвар, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе низ амал мекунанд ва ҳар кадоми он баъди тармиму таъмир ва бо мутахассисони хуб мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд".

Таҷрибаи волидони ҷӯёи санади тиббӣ

Наздики 80 сомонӣ (беш аз 8 доллари амрикоӣ) муқаррар шудани арзиши як справка ё маълумотномаи тиббӣ барои бисёр волидон ногаҳонӣ мебошад. Яке аз онҳо сокини ҷамоати "Қалъаи Ҳисор"-и ноҳияи Ҳисор аст, ки имсол бояд барои се наберааш маълумотномаи тиббӣ бигирад. Адолат Боева мегӯяд, ки аз шунидани нархҳо дар ҳайрат монд, чунки ҳоло бояд барои се набераи якумхонаш 234 сомонӣ пардохт кунад. Ин зан мегӯяд, чунин маблағ нест.

Адолат Боева.
Адолат Боева.

Адолат Боева рӯзи 16-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски дар даст пули зиёд надошт, натавонист ин санадро дарёфт кунад. Вай мегӯяд, ҳарчанд аз кормандони Маркази саломатӣ хоҳиш кардааст, ки дар ивази ҳадди аққал 50 сомонӣ набераҳояшро муоина карда, санад бидиҳанд, розӣ нашуданд. Ӯ гуфт, хабар надошт, ки имсол боз ташхиси маркази "Беҳдоштӣ" ҳам ҳатмӣ ва талабот сангинтар шуд.

Вай мегӯяд: “Ҳарчанд зорӣ кардам, розӣ нашуданд. Гуфтанд, ки имкон надорад. Ҳоло дигар намедонам, ки бо ин ҳол набераҳоямро ба мактаб чӣ гуна мебарам? Бар иловаи дафтарчаи тиббӣ, боз барои онҳо либоси мактабӣ, китобу дафтар, қаламу сумка харидан лозим аст".

Волидони дигар ҳам мегӯянд, ки омода кардани кӯдак барои таҳсил дар синфи як то рафт мушкил мешавад ва то наздики 80 сомонӣ нархгузорӣ шудани як маълумотномаи тиббӣ ба хароҷоти бе ин ҳам сангини онҳо меафзояд.

Се "чаро"?

Бархе волидон аз таҷрибаи худ мегӯянд, ки талоши мисли гузаштаҳо ба даст овардани маълумотномаи тиббии фарзандашон дар поликлиникаи давлатие, ки кӯдак ба он вобаста ва сабтином шудааст, бенатиҷа буд. Бисёр ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ саволе чанд ба вазорати тандурустӣ доранд, аз ҷумла ин ки:

1.Чаро маълумотномаи тиббӣ бояд танҳо дар ҳамин ду муассиса гирифта шавад, то ки дурустии он эътироф шавад?

2. Чаро чунин санадро наметавонад поликлиникаи давлатии вобаста ба вазорати беҳдошт содир кунад?

3.Нархномаи арзиши маълумотнома ё справка бар кадом асос таъин шудааст?

"Фароз" аз маводи сӯхт то тиҷорат дар арсаи тиб

Ширкати "Фароз" соли 2017 дар саросари кишвар 600 лаборатория ваё ташхисгоҳи замонавии тиббиро таъсис дода дар миёни дигар ташхисгоҳҳои тиббӣ бартарият дорад. Вазорати беҳдошт он замон гуфт, ки ин лабораторияҳо бар асоси қонун "Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ" дар дохили бинои бемористонҳо ҷой дода мешаванд.

Ин ширкат, ки наздик ба ҳукумат гуфта мешавад, аслан воридкунандаи аслии маводи сӯхт ба Тоҷикистон аст, вале тиҷораташ дар арсаи тиб ҳам доманадор аст. Ин тиҷорат аз ҷамъоварии шираи камол шурӯъ шуда, як серпентарий ва ё макони парвариши морҳоро низ дар ихтиёр дорад, ки дар тиб барои истеҳсоли позаҳрҳо истифода мешавад.

Шарҳҳоро бинед (26)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG