Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хаёл кардам, ки сомонист, рублӣ русӣ будааст. Дастгир карданд"


Як нонпаз дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд иддао дорад, ки кормандони пулис ӯро ҳангоми савдои мошинааш аз роҳи сохтакорӣ боздошт ва ба додугирифти ғайриқонунии асъори хориҷӣ айбдор кардаанд. Ҷумъабой Тухтаев охири моҳи августи имсол дастгир гардид.

Вале додситонии ноҳия ин иддаои нонпазро рад карда мегӯяд, нонвой дар чаҳорчӯби қонун ва ҳангоми гирифтани рубли русӣ аз харидор боздошт шуд. Ҳоло додситонии ноҳияи Ашт ҳодисаро таҳқиқ дорад.

Чаро дар ҳудуди Тоҷикистон мошини худро ба пули хориҷӣ мефурӯшад? Касе ӯро маҷбур накардааст, ки ба пули русӣ фурӯш. Харидор ба нархи баланд пул доданӣ шуд, розӣ шудаааст

Ҷумъабой Тухтаев замони тафтиши парванда ба шарти берун нарафтан аз маҳали зист дар озодӣ аст. Тухтаев ҳамроҳи ҳамсар ва 3 фарзандаш бо умеди зиндагии беҳтар панҷ сол пеш аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Ашт кӯчид ва дар деҳаи Понғози ин ноҳия нонвойхона боз кард. Ӯ рӯзи 2-юми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз моли дунё як автомобили кӯҳнаи БМВ-5 дошт, ки онро барои ордкашонӣ истифода мекард. “Дар фикри фурӯхтани мошин набудам. Ногоҳ як харидор пайдо шуд ва ман ҳам розӣ шудам”, мегӯяд ӯ.

Фиребхӯрдаи амалиёти тарҳрезишуда?

Ба нақли Ҷумъабой, “мошинро ба 27 ҳазор сомонӣ савдо кардем. Автомобили БМВ-и ман, соли бароришаш 1997, аслан ба 20 ҳазор ҳам намеарзад. Барои ҳамин, ман ба фикр афтодам. Вале харидор, ки бисёр хоҳиш кард, розӣ шудам. Пулро дар дохили мошин, дар як ҷое дар маркази ноҳия ба дастам дод. Гумон кардам пулҳои 5-сомонии тоҷикӣ аст. Гирифта, ба киса гузошта будам, ки чанд корманди милиса омада, маро дастгир карданд.”

Мусоҳиби мо гуфт, харидор аз аввал ба ӯ додани рубли русиро пешниҳода карда, вале ӯ рад кард. Ба иддаои Ҷумъабой Тухтаев,, харидор розӣ шуда буд, ки пули мошинро ба сомонӣ пардохт кунад.

Ҷумъабой худро фиребхӯрда ва амалиёти дастгир шуданашро қаблан тарҳрезишуда медонад. Ӯ мегӯяд, харидори мошинашро қаблан намешинохт ва танҳо рақами мобили ӯро медонад. Ҳоло гумон дорад барои дастгир кунонидани ӯ қаблан бо мақомоти пулис забон як карда буд.

Рӯзи 1-уми октябр ба рақами харидор занг задем ва гӯширо каси дигар бардошт. “Ман харидори мошини Ҷумъабой нестам. Каси дигар аст. Мегӯям, ба шумо занг мезанад”, - гуфт марди ношиносе, ки телефони харидори БМВ-ро дар даст дошт.

Моддаи 286-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон – “Додугирифти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ”, ки мутобиқи қисми 2-и он додситонии Ашт бар зидди Ҷумъабой Тухтаев парванда боз кардааст, дар сурати исботи гуноҳ ҷазои “ҷарима ба андозаи аз 730 то як 1095 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда – 50 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз чор то панҷ солро” пешбинӣ мекунад.

Пулро ба ҷайбаш гузошт

Ҷумъабой Тухтаев ва ҳамсараш дар номае аз додситонии Суғд хостаанд, ки ҳақиқати қазияи боздошти ӯ ошкор карда шавад.

Масъуд Нодирзода, муфаттиши додситонии Суғд масъули тафтиши парвандаи Ҷумъабой Тухтаев аст. Ӯ мегӯяд, аз шикояти Тухтаев хабар дорад, вале онро бепоя медонад.

Ӯ гуфт, “чаро дар ҳудуди Тоҷикистон мошини худро ба пули хориҷӣ мефурӯшад? Касе ӯро маҷбур накардааст, ки ба пули русӣ фурӯш. Харидор ба нархи баланд пул доданӣ шуд, розӣ шудаааст. Ман ба ҷои ӯ мебудам, ба харидор мегуфтам, ки дар Тоҷикистон ба пули хориҷӣ харидуфурӯш кардан мумкин нест. Аммо ӯ ин корро накарда, пули русиро як-як шуморида, ба ҷайб андохтааст.”

Ба қавли ӯ, дар ҳақиқат барои дастгир кардани нонвой, дар тайи се рӯзе, ки ӯ бо харидори мошинаш савдо мекард, амалиёте аз ҷониби додситонӣ роҳандозӣ гардид ва дар лаҳзаи анҷоми он барои дастгир кардани Тухтаев кормандони пулис ҷалб карда шуданд.

“Бозпурсии ӯро ҳам додситонӣ анҷом дод. Худаш иқрор шуд ва ба номи додситон ариза навишта, мошинашро ба гарав монду рафт”, - афзуд ӯ.

Мусоҳиби мо гуфт, бо ин вуҷуд додситонӣ то анҷоми тафтиши парванда мошини БМВ-и Тухтаевро дар ихтиёри ӯ гузоштааст.

То 9 соли муҷозот барои муомилаи ғайриқонунии асъор

Тоҷикистон дар соли 2016 барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ муҷозоти сахт ҷорӣ кард ва бозори асъор ва додуситади пулии сокинонро зери назорати шадид гирифт. Тайи ин муддат мақомот даҳҳо нафарро барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ паси панҷараи зиндон равон карданд ё ҷаримаҳои сангин бастанд.

Абдулатиф Раҳимов, раиси бахши ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ дар Суғд, гуфт, харидуфурӯш танҳо бо пули миллии сомониро дорои ду ҷанба донист. Ӯ гуфт, “тарафи мусбаташ ин аст, ки давлат пули миллиро ҳимоят ва қурбашро баланд медорад, бозори дохилиро аз арзи хориҷӣ нигоҳ медорад. Тарафи манфиаш ин аст, ки бастани нуқтаҳои мубодилаи асъор, ки аз тарафи бонк назорат мегардид, дефитсити асъори хориҷӣ, аз ҷумла доллару рублро ба вуҷуд овард. Ин ҳолат хоҳед ё нахоҳед, боиси ба вуҷуд омадани бозори сиёҳи асъор мегардад ва бархе аз имконияти фурӯши моли худ бо асъори хориҷӣ рӯ намегардонанд.”

Мушкили норасоии арзи хориҷӣ, бахусус рубли русиву доллари амрикоӣ, ки ҳанӯз панҷ-шаш соли пеш дар бозори Тоҷикистон дастрас буд, як паёмади дигари бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия ва коҳиши мизони интиқоли пули муҳоҷирон мебошад. Дар чунин шароит, мақомот тасмим гирифтанд ба хотири ҳифзи қурби пули миллӣ муҷозотро барои истифодаи ғайриқонунии асъори хориҷӣ сангинтар кунанд. Барои муомилаи ғайриқонунӣ бо асъор то 9 соли зиндон пешбинӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG