Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наздикони Абдурасул: "Қурбони бадрафтории милиса шуд, адолат мехоҳем". ВИДЕО


Додситонии шаҳри Душанбе тафтиши парвандаи марги Абдурасул Назаровро аз додситонии ноҳиявии Сино-2-и пойтахт ба ихтиёри худ гирифт. Як манбаъ аз Додситонии шаҳри Душанбе рӯзи 2-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қазия таҳти назари бевоситаи додситони шаҳр тафтиш мешавад, вале ҳанӯз парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст, чун ҳоло ташхис ба марҳилаи ниҳоӣ нарасидааст.

"Ҳуқуқ ва беҳбудӣ" ба хонаводаи Назаров адвокат дод

Мавзӯи бадрафторӣ бо боздоштшудаҳо ва гумонбарон дар ҷараёни боздошту бозпурсиҳои аввалия аз нигарониҳои ҷиддии созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст.

Абдурасул Назаров ҳудуди як ҳафта қабл баъди даъваташ ба яке аз идораҳои милисаи пойтахт дар шароти мармуз даргузашт ва ҳоло наздиконаш аз созмони ҷамъиятии "Ҳуқуқ ва беҳбудӣ" дар дастрасӣ ба ҳимояи ҳуқуқӣ кӯмак хостанд. Наздикони Абдурасул Назарови 39-сола, ки дар як нуқтаи дӯхти ҷилди мошин дар Душанбе кор мекард, бовар доранд, ки фарзанди онҳо қурбони бадрафтории милиса шуд.

Ҷасади ӯ 28-уми март ва як рӯз баъди даъват ба идораи милисаи Сино-2, ба хешовандон дода шуд. Дар шарҳи расмии ходимони милиса гуфта шуд, ки гӯё ӯ барои нигаҳдошти як миқдор маводи мухаддир боздошт шуд ва бинобар норасоии нашъа ё ба истилоҳ “ломка” ҷони худро аз даст дод. Ин иттиҳомро хешовандон комилан қабул надоранд ва мегӯянд, ки ӯ як одами озодаву пок аз маводи мухаддир буд.

Маросими ҷанозаи Абдурасул Назаров дар Кӯлоб.
Маросими ҷанозаи Абдурасул Назаров дар Кӯлоб.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, то замони мушаххас шудани ташхиси судиву тиббии сабабҳои марги Назаров, аз изҳори назар дар ин замина худдорӣ мекунад. Сухангӯи ВКД Умарҷони Эмомалӣ рӯзи 2-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, аз навиштаҳо дар бораи Абдурасул Назаров огоҳ аст ва вазорати корҳои дохилӣ дар мавриди марги Абдурасул Назаров то замони рӯшан шудани натиҷаи ташхиси судӣ- тиббӣ, аз додани шарҳе худдорӣ хоҳад кард.

Хонаводаи Назаров хостори таҳқиқи мӯшикофона аст

Вале аъзои оилаи Назаровҳо бо эътимод ба ин, ки Абдурасул қурбони шиканҷаи милиса шудааст, мехоҳанд қазияи марги ӯ ҳамаҷониба ва мунсифона арзёбӣ шуда, афроди гунаҳгор дар марги ӯ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Назаровҳо, ки сокини шаҳри Кӯлоб ҳастанд, мегӯянд, агар мақомоти додситонӣ дар шаҳри Душанбе ин қазияро аз рӯи қонун баррасӣ накунанд, омода ҳастанд ба баландтарин мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла президент Эмомалӣ Раҳмон, раиси дастгоҳи президент Озода Раҳмон, додситони кулл Юсуф Раҳмон ва вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода шикоят кунанд.

Абдусамад Назаров, бародари Абдурасул Назаров, рӯзи 2-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, шаби гузашта ҳамроҳи ҳамсар ва фарзандони бародараш барои ошкор кардани сабаби марги ӯ аз Кӯлоб ба Душанбе омадаанд ва мехоҳанд ба Додситонии кулл муроҷиат кунанд. Вай гуфт, дар ибтидо барои ҳимояти ҳуқуқи ба Созмони ҷамъиятии "Ҳуқуқ ва беҳбудӣ" муроҷиат карданд ва онҳо бо вакили мудофеъ таъмин шуданд. Ба гуфтаи ӯ, адвокати ин созмон Саодат Тӯраева ба кӯмаки онҳо шурӯъ кардааст.

Дар ҳамин ҳол, ҳамсари Абдурасул Назаров, ки ҳамакнун бояд се фарзандро танҳо тарбия кунад, мегӯяд, иддаои кормандони милисаи "Сино 2" дар нисбати шавҳараш, ки гуё “ломка” дошт, нодуруст аст. "Вақте милисаҳо аз назди ҳавлии хонаи истиқоматӣ шавҳарамро боздошт карда бурданд, вай занг заду гуфт, ки "ба апаам расон, ки маро боздошт карда отдел мебаранд”. Шавҳари ман бо мошинаш ҳамон рӯз аз ҷои кораш ба хона омад. Магар шахси ломкадор мошин меронад? Вайро сиҳат ба шӯъба бурда буданд. Кормандони шуъба гуфта буданд, ки баъди 15 дақиқа шавҳарат ба хона бармегардад."

Дар ҳоле, ки сарнавишти минбаъдаи ин қазия мушаххас нест, дар шӯъбаи қабули беморони Қарияи Боло ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "Абдурасул Назаров бо марги клиникӣ рӯзи 28-уми март ба беморхона оварда шуд. Субҳи рӯзи дигар ҷасади ӯро ба наздиконаш супурданд."

Як фарзия дар марги Абдурасул Назаров

Хонаводааш иддао доранд, ки Абдурасул Назаров бегуноҳ аст, вале фарзияи худро доранд. Аз ҷумла, Абдусамад Назаров мегӯяд, дар асл дар боздошти бародараш Абдурасул як писари аммааш гунаҳгор аст, ки "дар ҳақиқат бо маводи мухаддир сару кор дошт".

Хешовандони Абдурасул Назаров таҳқиқи қазияи марги ӯро талаб доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00

Абдусамад Назаров гуфт, рӯзе, ки кормандони милиса писари аммашро боздошт карданд, вай тӯҳмат карда ва гуфтааст, ки маводи мухаддиро аз Абдурасул дарёфт кардааст. "Кормандони милиса хостаанд бо зӯрӣ кори накардаро ба гардани ӯ бор кунанд, вале шиканҷаи онҳоро тоб оварда натавонист",- гуфт Абдусамад Назаров.

Нигаронӣ аз бадрафторӣ дар боздоштгоҳҳо

Мавзӯи бадрафторӣ бо боздоштшудаҳо ва гумонбарон дар ҷараёни боздошту бозпурсиҳои аввалия аз нигарониҳои ҷиддии созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст. Қонунҳои Тоҷикистон шиканҷаву азияти боздоштшудаҳо аз ҷониби кормандони ҳифзи қонунро ҷиноят арзёбӣ мекунанд, вале собит кардани ин ҳодисаҳо кори осон нест, чунки эътирофи шиканҷа шудани гумонбарон аз поймолшавии қонун аз ҷониби ҳомиёни он далолат мекунад ва дар бисёр ҳолатҳо кормандони ҳифзи қонун манфиатдор нестанд, ки ҳамкорони худро дар ин ҷиноят айбдор кунанд.

"Мардуми дилхунук, ба милиса бовар намекунанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:13 0:00

Августи соли 2017 Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон бо нашри гузорише гуфт, дар давоми шашмоҳи соли гузашта дар марҳилаи боздошту бозпурсиҳо ҳадди аққал 13 нафар мавриди шиканҷаи ҷисмонӣ қарор гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG