Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Лидери наркобарон"-ҳо 18 сол зиндонӣ шуд


Мусалмон Холов, ки мақомот ӯро яке аз роҳбарони гурӯҳи қочоқчии маводи мухаддир медонанд, ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст. Ҳукми Додгоҳ нисбат ба Холов ва се ҳамроҳаш охирҳои ҳафтаи гузашта содир гардидааст.

Ҳоло ҳукми додгоҳ ба ҳолати иҷро надаромадааст ва маҳкумшудаҳо ҳақ доранд, аз болои он шикоят баранд. Аммо дар додгоҳ аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ карданд. Мақомот ин афродро узви гурӯҳи нӯҳнафарии қочоқчии маводи мухаддир медонанд, ки "бори сиёҳ"-ро аз қаламрави Афғонистон тавассути Тоҷикистон то ба Русия мерасонд.

Соли гузашта дар Тоҷикистон панҷ гурӯҳи фаромиллии қочоқчиёни маводи мухаддир боздошт шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо афроди гурӯҳҳои ҷиноятии хориҷӣ маводи мухаддирро ба берун аз кишвар интиқол медоданд.

Алишер Мавлонзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт, баъд аз баррасии парванда ва пурсиши ҷонибҳо, рӯзи 21-уми феврал ҳукми ин 4 нафарро, ки ҳамагӣ сокинони ноҳияи Ёвон будаанд, эълон кард. Ин афрод мутаносибан аз 15 то 18-солӣ маҳкум ба зиндон шуданд ва дар маҳбаси низомаш пурзӯр адои ҷазо хоҳанд кард.

Ба гуфтаи наздикони Мусалмон Холов, дар баробари ӯ Диловар Гулмирзоев бо тахаллуси “Зоирча”, Далер Гулмирзоев ва Фарҳод Шукуров дар курсии айбдорӣ нишаста буданд.

Мақомот: "Мусалмон Холов роҳбари гуруҳи ҷиноии фаромарзӣ буд"

Мусалмон Холов, ки аз ӯ роҳбари гурӯҳи ҷиноии фаромарзӣ ном бурда мешавад, дар пайи амалиёти силсилавии муштараки кормандони мақомоти тоҷик ва рус дар ноҳияи Ёвон боздошт шудааст. Амалиёти боздошти ин гурӯҳ аввали соли гузашта шурӯъ шуда буд ва аъзои ин гурӯҳи 9-нафарӣ дар Тоҷикистон ва Русия давоми соли 2017 пайи ҳам боздошт шудаанд.

Муртазо Ҳайдарзода, муовини раиси Оҷонси зидди маводи мухаддир ахиран дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки сари калобаи ҷиноят моҳи январи соли гузашта дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳангоми фурӯши ҳудуди 5 кило ҳероин боз шуд ва баъди ин дар давоми як соли гузашта 6 шаҳрванди Тоҷикистон ва 3 табааи Русия ба иттиҳоми узвият дар ин гурӯҳ боздошт шудаанд.

Ба қавли масъулони Оҷонси зидди маводи мухаддир, дар ду соли ахир 163 нафар, асосан сокинони ҷавони ноҳияи Ёвон дар ҳудуди Русия бо ҷурми харидуфурӯши маводи мухаддир боздошт шудаанд, ки маҳз бо “роҳнамоӣ”-и Мусалмон Холов даст ба ин кор задаанд. Дар умум аз Тоҷикистон дар ин сол 250 нафар бо ин ҷурм дар Русия айбдор шудаанд.

Боздошти 5 гурӯҳи фаромиллии қочоқчиёни маводи мухаддир
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:10 0:00

Пайвандон: "Мусалмон дар мурофиа гуноҳро ба гардан нагирифт"

Мусалмон Холов, сокини 31-солаи деҳаи Озодии ноҳияи Ёвон ҳангоми боздошт расман бекор будааст. Наздиконаш мегӯянд, ки онҳо мағозаи масолеҳи сохтмонӣ доштанд, вале бо сабаби муфлис шуданд тиҷорати худро аз даст додаанд. Ба гуфтаи пайвандонаш, Мусалмон аз ду ҳамсар соҳиби 3 фарзанд мебошад. Духтарчаи хурдияш ду моҳ қабл, ҳангоми дар боздошт будани вай таввалуд шудааст.

Пайвандони Мусалмон Холов мегӯянд, моҳи августи соли гузашта вайро як субҳи барвақт аз манзилаш аз ноҳияи Ёвон кормандони Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир "ба таври хеле ором", бо худ бурдаанд. Баъдан маълум шудааст, ки Холов барои муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир айбдор мешавад.

Қиём Холов, бародари Мусалмон Холов 28-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бародараш дар рафти мурофиа худро бегуноҳ донистааст. Вай афзуд, бародарон ба ғайр аз Мусалмон, ба Русия ба мардикорӣ мерафтанд ва аз ин роҳ зиндагии худро таъмин мекарданд.

Пайвандони Мусалмон Холов аз он нигаронанд, ки дар мурофиа "шахсони ба тафтишот номаълум" ошкор нашудаанд ва норӯшаниҳое дар ин қазия боқӣ мондааст. Талбак Холов, амаки Мусалмон Холов мегӯяд, бародарзодааш гоҳ-гоҳ ба тиҷорати мошин ҳам машғул будааст. Вай сару садо дар бораи боздошти бародарзодааш бо ҳероин дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо радд мекунад.

Қиём, бародари Мусалмон мегӯяд, "дар рафти мурофиа ҳеҷ гуна далели мӯътамаде наоварданд, ки даст доштани бародарамро дар он собит кунад. Танҳо як нафар аз ҳамроҳонаш гуфтааст, ки роҳбари мо Мусалмон буд, тамом."

Силсилаи ҷиноӣ

Як нафари огоҳ аз ин қазия бидуни ошкор шудани номаш гуфт, Далер Гулмирзоев -- яке аз ҳамроҳони Мусалмон Холовро мақомоти тоҷик бо дархости ҳамкорони русашон боздошт кардаанд. Номи Далер дақиқан бо баёноти як нафар аз аъзои ин гурӯҳ, ки вайро дар Русия боздошт кардаанд, вориди ин парванда шудааст.

Шаҳрвандони рус ҳангоми боздошт дар шаҳри Санкт-Петербург гуфтаанд, ҳероини дар дасташон бударо аз Далер дастрас кардаанд. Далер дар рафти тафтишот ба муфаттишон иқрор кардааст, ки ин ҳероин аз Диловар аст ва ҳамин тавр Диловар соҳиби “бор”-ро дар баёноти худ Мусалмон Холов гуфтааст. Ҳамин тавр роҳбари ин гуруҳ Мусалмон Холов эътироф шудааст.

Ба бовари Муртазо Ҳайдарзода, муовини роҳбари Оҷонсии зидди маводи мухаддир, маъмулан аъзои ин гурӯҳ тавассути паёмакрасонҳое назири Viber ва WhatApp иртибот доштанд ва маблағҳои аз фурӯши мухаддирот ба даст омадаро тавассути бонкҳо ва ҳатто "пардохтҳои интернетие назири "Киви кошелек" дарёфт мекардаанд. Ба гуфтаи мақомот, ин гурӯҳ ба майдафурӯшии маводи мухаддир машғул буда, давоми солҳо садҳо килограмм маводи мухаддирро асосан дар Русия фурӯхтаанд.

Ба гуфтаи мақомот, аксари онҳое, ки бо ҷурми муомилаи маводи мухаддир ба даст меафтанд, тавасути сӯҳбатҳои телефонӣ ва ё паёмҳои мессенҷерӣ пайгирӣ ва боздошт мешаванд. Дар мурофиаҳои додгоҳӣ ҳам ин додугирифти маҷозӣ ҳамчун далел оварда мешавад.

Мақомот дар ҳоле аз ба таври густурда даст задани сокинони ноҳияи Ёвон ба харидуфуруши маводи мухаддир хабар медиҳанд, се нафар аз ҳамроҳони Мусалмон Холов бо ҳам риштаи хешутаборӣ доранд. Аз ҷумла, ду нафар аз деҳаи Озодӣ, як нафар аз маркази ноҳия ва як нафар аз деҳаи Гулдараи ноҳияи Ёвон будаанд.

Фахриддин, як сокини ноҳияи Ёвон, ки ду сол қабл аз маҳбас озод шудааст, гуфт дар маҳбасҳои Тоҷикистон ҳам аксар сокинони ноҳияи Ёвон бо ҷурми харидуфуруши маводи мухаддир адои ҷазо мекунанд. Вай афзуд, худ, ки дар маҳбаси шумораи 7 қарор дошт ва ҳатто наврасони зиёде аз Ёвон бо ин ҷурм равонаи зиндон шуда буданд.

Соли гузашта дар Тоҷикистон панҷ гурӯҳи фаромиллии қочоқчиёни маводи мухаддир боздошт шудааст, ки дар ҳамкорӣ бо афроди гурӯҳҳои ҷиноятии хориҷӣ маводи мухаддирро ба берун аз кишвар интиқол медоданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG