Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аъмоли Холдоров санҷида мешавад. Масҷид баста шуд. ВИДЕО


Талоши як масъули бахши дин дар ноҳияи Рӯдакӣ барои “ғайриқонунӣ” эълон кардани масҷиди деҳаи Меҳрободи ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи шанбеи 7-уми октябр ба моҷаро бадал шуд ва саҳнаи таҳқиру даъвои ӯ бо намозгузорон, ба шабакаи интернет роҳ ёфт.

Ҳоло дар баробари бастани масҷид бо иттиҳоми фаъолияти ғайриқонунӣ, рафтори Шокир Холдоров мавриди санҷиш қарор гирифта, худи ӯ аз рӯи ин қазия ба саволи масъулини сохторҳои интизомӣ посух медиҳад. Холдоровро дар бархӯрди ғайриахлоқӣ бо аҳли масҷид ва намозгузорон, муттаҳам мекунанд. Аммо ҳоло маълум нест, ки санҷиши рафтори ӯ бо чӣ меанҷомад.

Масҷиди деҳаи Меҳробод панҷвақта буда, дар соли 2013 ба нерӯи мардум сохта шудааст. Муовини раиси маҳалла Абдулхолиқ Латифов мегӯяд, ки ин масҷид сертификат ва иҷозатномаи ҳукумати ноҳия ва ҷамоати Чоряккоронро дорад.

Шокир Холдоров, як масъули бахши дин ва танзими ҷашну маросимҳои ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, ки саҳнаи таҳқири намозгузорон карданаш дар интернет нашр шуд, рӯзи 9-уми октябр барои сӯҳбат бо мақомоти интизомӣ, даъват шуд. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, рафтори Шокиров мавриди санҷиш қарор гирифтааст. Баробар бо ин, мақомоти интизомӣ ба дари масҷиди рустои Меҳрободро қулф задаанд.

Фирӯза Камолова, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ баъд аз зӯҳри 9-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ аз қавли раиси ҷамоати “Чоряккорон” Хосият Кенҷаева гуфт, ин масъули ҳукумати маҳаллӣ, ки дар як навори видеоӣ бо истифода аз алфози қабеҳ намозгузорони яке аз масҷидҳои ин ҷамоатро дашном медиҳад, барои сӯҳбат бо мақомоти интизомӣ даъват шудааст.

Аъмоли Холдоров санҷида мешавад. Масҷид баста шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:25 0:00

Дар ҳамин ҳол, Хосият Кенҷаева, раиси ҷамоати Чоряккорон ба Радиои Озодӣ гуфт, Шокир Холдоров аз тарафи кормандони амнияти ноҳия боздошт шуда, феълан барои рафтори ношоистааш дар масҷид, мавриди санҷиш қарор дорад. Кенҷаева гуфт, ки навори баҳс дар масҷидро тамошо кардааст ва аз ин ҳодиса хабар дорад.

Ба гуфтаи ӯ, Шокир Холдоров ду сол инҷониб дар ҷамоати Чоряккорон масъули бахши танзиму анъана ва ҷашну оинҳо буд. Хосият Кенҷаева дар идома гуфт: "Ҳамин ҳоло раиси маҳалла ба ман занг зад, ки масҷидро мебандад. Ҳарчанд санадҳо дошт, вале баста мешавад."

Навори таҳқир кардани мардум дар масҷид рӯзи якшанбеи 8-уми октябр дар шабакаи интернет пахш шуд ва вокунишҳоеро ба миён овард. Ба дунбол, субҳи душанбеи 9-уми октябр мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки Шокир Холдоровро барои шарҳ додани ин амалаш ба мақомоти ноҳия даъват кардаанд.

Ба гуфтаи масъулон, Шокир Холдоров ба мақомоти ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ гуфтааст, ки дар он ҳолат маст набуд, аммо худро идора карда натавонист. Аз ин қабл, як масъули Кумитаи дини Тоҷикистон шоеаҳо дар мавриди корманди идораи танзиму оин будани вайро рад кард ва гуфт, ки Шокир Холдоров корманди ҷамоати Чоряккорон мебошад.

Дар навори видеоие, ки аз ҷониби шахси номаълум сабт шудааст, Холдоров дар лаҳзаи даъво бо кормандони масҷид, дида мешавад. Аз ҷумла, ба ҳангоми даъво ӯ алфози қабеҳро ба забон оварда, таҳдид ҳам кардааст, ки ин масҷидро бо иттиҳоми "салафӣ буданаш", мебандад.

Вай иддао кардааст, ки фаъолияти ин масҷид ғайриқонунӣ буда, дар ин бора аз ин пеш се маротиба масъулони масҷидро огоҳ кардааст. Вале ба иддаои Холдоров, онҳо ҳамчунон намозгузорӣ дар ин масҷидро идома додаанд.

Хосият Кенҷаева, раиси ҷамоати Чоряккорон.
Хосият Кенҷаева, раиси ҷамоати Чоряккорон.

Искандар Саидов, як сокини деҳаи Меҳрободи ҷамоати Чоряккорон, ки дар навори баҳси Шокир Холдоров бо намозгузорони масҷид ҳузур дорад, мегӯяд ин ҳодиса тахминан соатҳои 16-и рӯзи 7-уми октябр иттифоқ афтод.

“Ман ҳамроҳи чаҳор нафари дигар дар масҷид будам ва Холдоров омаду бо ҳақоратҳои қабеҳ ба мо дод зад, ки “масҷид ғайриқонунӣ аст, онро бандед”. Мо гуфтем, “ин ҷо масҷид аст, дашноми қабеҳ назан”. Боз гуфт, “мардуми ҳамин деҳаро задам”...Хуб, ман шарм медорам ин калимотро ба забон орам ва ҳама дар Фейсбук наворро дид ва ҳоҷат ба такрори он нест. Як рӯз баъд ду корманди шӯъбаи танзими расму оин омаданд ва бо мо сӯҳбат кардан ва баҳсе, ки дар навор диданд, дурустии онро пурсиданд ва бо санадҳои масҷид ошно шуданд ва бидуни ҳеҷ шикоят аз фаъолияти масҷид рафтанд."

Масъулони маҳаллаи деҳаи Меҳробод ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шоми 9-уми октябр аз мақомоти интизомии ноҳия занг зада гуфтанд, ки ба дари масҷид қуфл зананд. Масҷиди деҳаи Меҳробод панҷвақта буда, ба қавли муовини раиси маҳаллаи ин деҳа Абдухолиқ Латифов, дар соли 2013 ба нерӯи мардум сохта шудааст. Муовини раиси маҳалла мегӯяд, ки ин масҷид сертификат ва иҷозатномаи ҳукумати ноҳия ва ҷамоати Чоряккоронро дорад.

Мардуми деҳаи Меҳрободи ҷамоати Чоряккорон дар соли 2004 аз маҳаллаи Қиблаӣ ба инҷо кӯч дода шудаанд. Дар Тоҷикистон фаъолияти беш аз 4 ҳазор муассисаҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳо иҷозат дода шуда, ҳамаи ин муассисаҳо танҳо бо санадҳои расмӣ ҳаққи фаъолият карданро доранд.

XS
SM
MD
LG