Пайвандҳои дастрасӣ

"Доруфурӯшро ман куштам". Иқрори қотил ӯро кунҷи зиндон бурд


Додгоҳ қотили як доруфурӯш дар шаҳри Панҷакентро ба 21 сол зиндон маҳкум кард. Қобилҷон Бобомуродов дар як нимашаби моҳи феврали соли 2016 ба қасди ғоратгарӣ ба дорухонаи "Панҷфарм" ворид шуд ва бар тани Раҷаб Тоштемуров бо корд 22 зарба зад ва 2300 сомониро низ ба яғмо бурд.

Ахиран ҳайате аз додгоҳи Суғд дар ҷаласаи сайёр дар додгоҳи Панҷакент ҳукми худ дар нисбати Қобилҷон Бобомуродови 30-соларо эълон кард. Додгоҳ ин сокини Панҷакентро бар пояи се банди Кодекси ҷиноятӣ -- "куштори махсуси бераҳмона", "роҳзанӣ" ва "қасдан нобуд кардани моликият", гунаҳкор шинохт.

Ҳодисаи қатли ин доруфурӯш он замон дар Панҷакент сару садоҳои зиёдро ба миён овард ва дар пай мақомоти тафтишотӣ чандин танро мавриди бозпурсӣ қарор доданд.

Анвар Воситзода, додраси додгоҳи вилояти Суғд ва масъули бозбинии ин парванда, рӯзи 29-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Қобилҷон Бобомуродов соати тахминан 12.30 дақиқаи шаби 15 ба 16 феврали соли 2016 ба қасди қатл ва ғорат, дари доруфурӯшии “Панҷфарм”-ро кӯфт ва ҳангоме, ки доруфурӯш - Раҷаб Тоштемуров дари дорухонаро боз намуд, ба ӯ ҳамла кард ва бо корд бар тани ӯ 22 бор зарба зад.

Ба гуфтаи Анвар Воситзда, "баъдан Қобилҷон Бобомуродов сими камераи назоратиро канда, тавассути дастгоҳи бурранда сандуқ ё сейфи оҳании дорухонаро боз мекунад, вале дар он ҷо пул пайдо намекунад ва сипас 2300 сомонӣ пули кассаро дуздида, қабл аз фирор бо бензин дастгоҳи назорати видеоӣ ва асбобҳои худро, оташ мезанад."

Маҳкумшуда, ки замони содир кардани ҷиноят бекор буд, баъди қатли доруфурӯш ба Русия фирор мекунад. Вале дар он ҷо кори дурусте пайдо накарда, соли 2017 ба ватан бармегардад ва 14-уми апрели ҳамин сол қатли Тоштемирови 57-соларо ба гардан гирифта, худро ба дасти пулиси Панҷакент месупорад.

Намое аз шаҳри Панҷакент.
Намое аз шаҳри Панҷакент.

Дилбар Мирзосотирова, вакили дифои хонаводаи Раҷаб Тоштемуров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки зерҳимояаш як одами беозор буд ва қаблан бо касе ҷангу ҷанҷол ва баҳсу талоше надошт. "Ӯ оиладор ва соҳиби фарзандон аст. Падари пираш ҳам барҳаётанд. Бобомуродовро дида, ҳеҷ боварам намеояд, ки қотил ва кушандаи Тоштемуров ӯ бошад",-афзуд Дилбар Мирзосотирова.

Умеда Муродова, вакили дифои дигар, ки аз ҳуқуқҳои Қобилҷон Бобомуродов ҳимоят кардааст, мегӯяд, мақомоти тафтишот ва додгоҳ танҳо бар пояи иқрори худи зерҳимояаш, ӯро ба мӯҳлати зиёд паси панҷара фиристоданд. "Ӯ аз аввали таҳқиқот ба як гапаш истод, ки ҷинояти куштори Тоштемуровро ӯ содир кардааст. Ман қариб даҳ бор муфаттишро хоҳиш кардам барои сӯҳбати як ба яки ману зерҳимояам иҷозат диҳад. Ӯ дар сӯҳбати рӯ ба рӯ бо ман боз ҳам ҳамон гапашро такрор кард, ки барои ғорати пул, доруфурӯшро куштааст."

Ба гуфти ӯ, Бобомуродов хатмкардаи Донишгоҳи омӯзгорӣ бо ихтисоси математика ва технологияи компютерӣ, оиладор ва соҳиби 4 фарзанд ва ҳавлию дар буд ва дар зиндагӣ мушкили молӣ надошт. Хонум Муродова мегӯяд, баъд аз ҳукми додгоҳ бо машварати бародари маҳкумшуда ба мақомоти додгоҳӣ шикоят бурд ва бозбинии парвандаро талаб намуд.

Вале сипас боз ҳам бо машварати бародари зерҳимояаш шикояти худро бозхонд: "Бародари зерҳимояам гуфтанд, ки аз шикоят ва натиҷаи мусбати бозбинӣ, умеди зиёд надоранд. Чунки худи маҳкумшуда ҷиноятро пурра ба гардан гирифта истодааст. Барои ҳамин аз шикоятамон даст кашидем ва онро бекор намудем."

Ҳодисаи қатли ин доруфурӯш он замон дар Панҷакент сару садоҳои зиёдро ба миён овард. Дар пай, мақомоти тафтишотии пулиси Панҷакент ронандаи раиси дорухонаи "Мадад" Шероз Бобоевро ҳамчун гумонбар дар ин куштор боздошт карданд ва танҳо 11 рӯз баъд ӯро раҳо намуданд. Ҳамагӣ як ҳафта баъд аз ин ҳодиса, рӯзи 23-юми феврал Замон Забуров, раиси дорухона (аптека)-и "Мадад" дар шаҳри Панҷакент, дар зодгоҳаш деҳаи Панҷрӯд худкушӣ кард.

XS
SM
MD
LG