Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толори варзишӣ барои ҷавонон ва милиса. ВИДЕО


Дар шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Гулистон (собиқ Қайроқум) толори варзишие дар чаҳорчӯби барномаи “Маркази ҳамкории ҷомеа бо милитсия” ва бо маблағгузории сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон боз гардид. Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 19 сентябр дар маросими ифтитоҳи ин толор ба нақши муҳими варзиш дар зиндагии инсон таъкид кард ва гуфт, "умедворам, ин толори варзишӣ ҳамкориву робитаҳои аъзои ҷомеа - ҷавонону полис ва ҳукумати маҳаллиро зичтар мегардонад. Онҳо дар фазои ғайрирасмӣ ва доимӣ бо ҳам сӯҳбат мекунанд ва робитаҳояшонро қавӣ мегардонанд”.

Толори варзишӣ дар таҳхонаи бинои пулиси шаҳри Гулистон ҷойгир буда, аз ду толори тамрини муҷаҳҳаз бо лавозимоти варзишӣ, утоқҳои шустушӯ ва фароғат иборат аст. Аз ин толори варзишӣ кӯдакону ҷавонони маҳаллӣ ҳам истифода хоҳанд кард.

Элизабет Миллард дар ҳошияи ифтитоҳи толори варзишӣ ҳамчунин бо гурӯҳи сокинони шаҳраки дурдасти Навгарзан, воқеъ дар тахминан 180-километрии шимоли Хуҷанд ва ҳаммаарз бо Узбакистон мулоқот ва ҳамсӯҳбат шуд. Дар ин шаҳрак аз соли 2015 то ҳол дар чорчӯби “Маркази ҳамкории ҷомеа бо милитсия” барномаи ҷилавгирӣ аз зӯроварӣ ва хушунати оилавӣ пиёда мегардад.

Толори варзишӣ барои милиса ва ҷавонони Гулистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:56 0:00

Заррина Қамбарова, ҳамоҳангсози ин барнома ва яке аз лидерони гурӯҳи ҳамкории ҷомеа бо милитсия ба хотири ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ гуфт, барои 10 зани маҳаллӣ аз роҳи омӯзиши ҳунарҳои миллии дӯзандагиву бофандагӣ ҷои кор эҷод шудааст.

Ин нахустин боздиди Элизабет Миллард аз навоҳии вилояти Суғд баъди ба вазифаи сафирӣ таъин шудани ӯ дар моҳи январ мебошад. Сафири Амрико бо як сафари серӯза ба Суғд омадааст.

Дар доираи ин сафар мулоқот бо раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ барпо шуд. Ҳамчунин дидору сӯҳбатҳо дар “Гӯшаи амрикоӣ”-ии Хуҷанд, сафар ба ноҳияи Исфара ва иштирок дар маросими ифтитоҳи синфхонаҳои як мактаби миёна, ки бо маблағгузории ИМА муҷаҳҳаз карда шудаааст, аз барномаҳои ин сафар аст.

XS
SM
MD
LG