Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои ҷарроҳии қалби Шамсиддин сарпараст меҷӯянд. ВИДЕО


Шамсиддин Умарзода, сокини 17-солаи ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, аз замони таваллуд аз дарди қалб ранҷ мекашад. Дар ин син, ки аксар ҳамсолони ӯ бо орзуву нақшаҳои зиёд барои зиндагии баъдимактабӣ омодагӣ мегиранд, Шамсиддин Умарзода ва волидонаш дар ҷустуҷӯи тақрибан 200 ҳазор сомонӣ ҳастанд. Ин маблағ на барои таҳсил дар хориҷ, балки барои ҷарроҳии қалби ҷавон зарур аст.

Шамсиддин Умарзодаро ҷарроҳии мушкил ва пурхарҷ дар пеш аст. Ӯ бояд дар хориҷ аз кишвар ҷарроҳӣ шавад.

Волидонаш мегӯянд, бемории Шамсиддин дар ҳаштмоҳагӣ муайян шуд ва то 12- солагӣ пайваста ӯро табобат мекарданд. Соли 2014 бори аввал амалиёти ҷарроҳии дилро пушти сар кард ва табибон дар қалби ӯ найча гузоштанд. Бо гузашти панҷ сол, ҳоло вазъи сиҳатии Шамсиддин бад шудааст ва ин бор пизишкон ба ӯ тавсия доданд, ки ҷарроҳиро дар шаҳри Новосибирски Русия анҷом диҳад.

Ба гуфтаи табибон, дар Тоҷикистон имкони амалиёти мураккаби нуқсони модарзодии қалб дар Шамсиддин вуҷуд надорад.

Рамазон Умаров, падари Шамсиддин, сокини ҷамоати Мирзоалӣ Вайсови ноҳияи Восеъ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ба далели беморӣ аз муҳоҷират баргашт ва ҳоло дар ҷое кор намекунад. Дарёфти ин миқдор маблағ барои ин хонаводаи бебизоат имконнопазир будааст. Ягона умеди падару писар ба афроди хайрхоҳест, ки бо дароз кардани дасти кумак, метавонанд ҷони Шамсиддинро наҷот диҳанд.

"Бо табибоне, ки дар хориҷ ҳастанд, суҳбат кардем, онҳо гуфтанд, 1 миллиону 200 ҳазор рубл лозим аст. Ин қариб 190 ҳазор сомонӣ мешавад. Аммо ман инро аз куҷо ёбам?" -- мегӯяд ӯ.

Бино ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор нафар бо нуқси қалбӣ ба сар мебаранд, ки чаҳор ҳазораш кӯдаку наврас ҳастанд.

Зебо Тоҷибоева, пизишки Шӯъбаи дил ва тарбоди кӯдаконаи беморхонаи "Қарияи Боло" ба Радиои Озодӣ гуфт, ин беморӣ дар даҳ соли ахир рӯ ба афзоиш аст.

Ӯ мегӯяд, барои пешгирӣ аз афзоиши ин беморӣ, бояд дар миёни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ зиёдтар сурат бигирад, то ба издивоҷҳои хешутаборӣ роҳ надиҳанд ва низ модарони ҷавон давраҳои аввали ҳомилагиро бе асабонияту бемориҳои сироятӣ пушти сар кунанд.

Тоҷибоева гуфт, то имрӯз дар Тоҷикистон аксаран кӯдаконе, ки вазнашон то 10 кило аст, ҷарроҳӣ мешаванд. Аммо ӯ афзуд, ҳоло барои пешгирӣ аз афзоиши бемории нуқсони модарзодии қалб дар кӯдакон, корҳои зиёде анҷом мешавад. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, "дар таваллудхонаи рақами як дастгоҳҳое вуҷуд дорад, ки метавонад тифлро дар моҳҳои аввали дар батни модар буданаш ташхис кунад".

Танҳо дар як соли гузашта ба Шуъбаи дил ва тарбоди кӯдаконаи беморхонаи "Қарияи Боло" ҳудуди ҳазор нафар муроҷиат карданд, ки фарзандони онҳо аз нуқси модарзодии қалб ранҷ мекашанд.

Хоҳишмандон метавонанд тариқи ин ҳисоби бонкӣ барои муолиҷаи Шамсиддин кӯмак кунанд.
Хоҳишмандон метавонанд тариқи ин ҳисоби бонкӣ барои муолиҷаи Шамсиддин кӯмак кунанд.


Пизишкони ин шуъба мегӯянд, ин рақам дар муқоиса ба соли 2018 ҳудуди 50 дарсад бештар аст. Ба иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, дар як соли ахир дар кишвар беш аз 1700 амалиёти ҷарроҳии дилу рагҳо анҷом шуд, ки нисбат ба соли 2018 зиёд аст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин дар солҳои ахир ба асоси як тарҳ ҳукумати Тоҷикистон пизишкони дилро аз хориҷ ба кишвар даъват мекунанд, ки амалиёти ҷарроҳии бепулро анҷом диҳанд. Таҳлилгарон талоши пизишкони тоҷикро барои анҷоми амалиёти ҷарроҳии қалб, ба хусус кӯдакони гирифтори ин беморӣ муассир арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, чунин амалкард то андозае метавонад ба дили дардманди даҳҳо тан кӯдакон ва ҳамчунин волидайни онҳо "марҳаме" шавад.

Баҳори соли гузашта низ аз сӯи пизишкони хориҷӣ дар кишвар 100 кӯдаки то 18-сола ройгон ҷарроҳӣ шудаанд. Шамсиддин ҳам барои чунин ҷарроҳӣ соли пеш номнавис шуда буд, вале пизишкони араб баъди муоинаи ӯ тасмим гирифтанд, ки ин ҷарроҳии мураккаб бояд дар хориҷа анҷом шавад.

Табибон мегӯянд ҷарроҳии дил мушкил ва гаронарзиш аст. Барои гузаронидани ин навъи ҷарроҳӣ вобаста ба дараҷаи он дар Тоҷикистон аз 30 то 100 ҳазор сомонӣ зарур аст. Пизишкон мегӯянд, бо ин вуҷуд ҳам 90 дарсади оилаҳое, ки фарзандашон дорои нуқси модарзодии қалбанд, дар пардохти маблағи ҷарроҳӣ дасткӯтоҳанд.

Шамсиддин ҳам мегӯяд, борҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо дидааст, ки афроди тавонманд тавонистанд сарнавишти афроди мисли ӯ бемору ниёзмандро тағйир додаанд. Ба гуфтаи Рамазон Умаров -- падари Шамсиддин, писараш омӯзиши забони англисӣ ва илмҳои дақиқро дӯст медорад, аммо ранҷи беморӣ дар таҳсили ӯ бетаъсир намемонад.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG