Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Дания: моро паноҳандаҳои дигар интизоранд


Наврасони паноҳандаи афғон дар Тоҷикистон
Наврасони паноҳандаи афғон дар Тоҷикистон

Намояндагии Шӯрои Дания оид ба гурезагон дар Тоҷикистон то охири соли равон фаъолияташро дар кишвар хотима медиҳад. Масъулини ин созмон мегӯянд, бино ба кам шудани шумори паноҳандагон дар қаламрави Тоҷикистон ва зиёд шудани талабот ба кори онҳо дар кишварҳои дигар аз ҷумҳурӣ мераванд.

Ҳусноро Додихудоева, раиси Шӯрои Даниягӣ оид ба гурезагон дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло нисбат ба Тоҷикистон ниёзи дигар кишварҳои ҷаҳон ба кӯмакҳои ин Шӯро бештар шудааст ва онҳо тасмим гирифтаанд, ки фаъолияташонро дар Тоҷикистон қатъ кунанд.

“Сабаби асосии қатъ шудани фаъолияти Шӯро дар Тоҷикистон ин аст, ки теъдоди гурезҳое, ки Шӯро бо онҳо кор мекунад, кам шудаанд ва ниёз ба кумакҳои шӯрои Даниягӣ дар дигар кишварҳои ҷаҳон зиёдтар аст ва Шӯро маҷбур мешавад, ки диққати худро бисёртар ба он тараф кунад”.

Манзури хонум Додхудоева бӯҳрони муҳоҷирон дар Аврупо аст, ки бар асари хушунатҳои чанд соли охир дар Ховари Миёнаву Афғонистон ҳазорҳо нафарро маҷбур ба тарки макон ва паноҳҷӯӣ дар Аврупо кардааст. ​Дар нишасти матбуотие, ки ба муносибати хатми фаъолияти ин созмон дар Душанбе бо ширкати мақомот, сафоратҳои хориҷӣ ва паноҳҷӯён аз кишвари Афғонистон сурат гирифт, Фаришта, як духтари гурезаи афғон ҳам ҳузур дошт. Вай бо изҳори сипос ба Тоҷикистон барои фароҳам овардани сарпаноҳи амне, гуфт, боз ҳам зиндагии як гуреза дар ин кишвар соддаву осон нест.

Фаришта мегӯяд, аз оташи ҷанг дар Афғонистон фирор карда ба Тоҷикистон омад. Вале зиндагии як духтари муҷаррад дар кишвари ғариб аз назари мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва дурӣ аз таҳсил осон нест. Боз ҳам, гуфт ӯ, барояш дар талоши пайдо кардани роҳҳали зиндагӣ созмони даниягӣ кӯмак кардааст. Фаришта бо истифода аз фурсат, аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки барои беҳбуди рӯзгори гурезагони хориҷӣ дар ин кишвар кӯмакҳои худро дареғ надоранд.

Ба иттилои масъулин, айни ҳол дар Тоҷикистон 2300 паноҳанда, аксаран афғонҳо ба сар мебаранд. Барои аксари онҳо Тоҷикистон як кишвари транзитӣ аст, ки онҳоро аз оташи ҷанги Афғонистон бо сарпаноҳи муваққаттӣ таъмин мекунад. Орзуи бисёри ин паноҳандаҳо дар ниҳоят роҳ ёфтан ба кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ, назири Канада аст. Ин кишвар дар солҳои охир ба яке аз давлатҳои мизбони паноҳандаҳои афғон аз Тоҷикистон шудааст ва солона даҳҳо хонаводаҳои гуреза имкони гирифтани роҳхати зиндагӣ дар ин кишварро пайдо мекунанд.

Яке аз созмони кӯмаккунанда дар ин роҳ ​Шӯрои Даниягӣ оид ба гурезагон буд, ки соли 2010 таъсис ёфта, дар такмил додани малакаҳои касбии наздики 5500 мутахассиси бахшҳои гуногуни паноҳандаҳо, аз ҷумла гурезагон ва шахсони бешаҳрвандӣ саҳм гузоштааст. Дар ин муддат тахминан 500 паноҳҷӯ соҳиби касб шуда, бо кӯмаки иҷтимоӣ бархӯрдор шудаанд. Шӯрои даниягӣ аз соли 1956 то инҷониб дар беш аз 40 давлати дунё фаъолият мекунад.

Ба ҷуз ин созмон мазкур дар Тоҷикистон аз соли 1993 боз Комиссариати Олии СММ оид ба гурезагон инҷоноб фаъолият мекунад. Бо кӯмаки ин созмон дар солҳои 1990-ум беш аз 53 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Афғонистон, Покистон, Туркманистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Қазоқистон ба ватан баргардонида шудаанд. Ин созмон дар баргардонидани ихтиёрии паноҳандагони афғон ба кишвари худ низ мусоидат намуд. Аз соли 2002 барномаҳои ин созмон ба кӯмаки муҳоҷирони афғон тамаркуз кард.

XS
SM
MD
LG