Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли хоҳар ба дасти бародар дар Кӯлоб


Намое аз шаҳри Кӯлоб.
Намое аз шаҳри Кӯлоб.

Маъмурони пулис як сокини 22-солаи шаҳри Кӯлобро ба гумони даст доштан дар қатли хоҳараш боздошт кардаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса мегӯяд, ки сокини 22-солаи ин шаҳр Мизробҷони Музаффар, хоҳараш Мизробова Озодамоҳ Музаффаровнаи 17-соларо, ба қатл расонидааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, гумонбаршуда Мизробҷони Музаффар рӯзи 14-уми январи соли ҷорӣ хоҳарашро дар ошхонаи хонаи истиқоматиашон бо рӯймоли сараш бӯғӣ карда ба ҳалокат расонидааст.

Мақомоти интизомӣ то кунун сабаби қатли хоҳар аз сӯи бародарро эълон накардаанд, вале гуфтаанд, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тафтиш идома дорад.

Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки гумонбар дар қатли Мизробова Озодамоҳ Музаффаровна рӯзи 17-уми январ ва ба дунболи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии мақомоти интизомӣ дастгир шуда ва дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Ҳодисаи қатли як хоҳар аз сӯи бародар дар Тоҷикистон барои бори аввал нест ва моҳи августи соли гузашта як сокини шаҳри Турсунзода хоҳарашро барои барои амалҳои фоҳишагӣ, ба қатл расонида буд.

Куштор дар Тоҷикистон ҳукми сангинро дар пай дорад.Тоҷикистон соли 2004, пас аз баҳсҳои тӯлонии будан ва ё набудани “ҷазои олӣ”, билохира ба ҳукми қатл моратория эълон кард ва онро баъдан ба ҳабси якумрӣ иваз намуд.
XS
SM
MD
LG