Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси набера ҳал шуд: 10 рӯз дар хонаи як бибӣ, 20 рӯз дар хонаи дигарӣ


Омина бо модараш
Омина бо модараш

Муборизаи додгоҳии ду модаркалон барои ҳақи тарбияву муроқибат аз танҳо набераашон аз роҳи мусолиматомез ҳал шуд: додгоҳе дар шарқи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки аз рӯи тақвим ба ҳар яки онҳо рӯзҳои муайяни нигоҳубини Оминаи чорсоларо фароҳам оварад.

Мурофиа моҳи марти имсол дар додгоҳи ноҳияи Сангвор (Тавилдараи собиқ) шурӯъ шуда охири моҳи август ба анҷом расид. Дар ҳукми додгоҳ

Беҳтар аст кӯдак то 18-солагӣ бо модар бошад ва дигар ман ҳам, ки синну солам ба ҷое расидааст, ба хулосае омадаам, ки аз идомаи талошҳоям даст кашам

қарор шудааст, ки ҳамакнун кӯдак 10 рӯзи ҳар моҳ метавонад бо модаркалони падарӣ ва 20 рӯзи боқимонда бо модаркалони модариаш бошад. Ин баҳс дар ҳоле ҷараён гирифт, ки падар ва модари аз ҳам ҷудошудаи Омина баъди чанд моҳи таваллуди духтар аз ҳам ҷудо шуда беш аз сеюним сол аст, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ба сар мебаранд. Модар дар синни 7-моҳагии духтараш бо ҳадафи кору даромад Тоҷикистонро тарк кард. Дар давоми наздики чор соли охир кӯдак дар тарбияи бибии модариаш буд.

Кӯдаке дар байни "баҳси ишқи ду модаркалон"

Тилло Сафарова, як корманди додгоҳи ноҳияи Сангвор рӯзи 7 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарду модаркалон ба созиш омаданд ва парванда ҳам қатъ шуд. Ба гуфтаи ин масъули додгоҳ, дар пайи даъвои бибии падарии Омина, комиссиюни махсус шароити ҳарду хонаводаро ҳам таҳқиқ кард: “Масъулини васояту парасторӣ бо муроҷиати додгоҳ аз ҳоли ҳарду хонавода огоҳ шуда, вазъи ҳарду тарафро омӯхтанд. Модари кӯдак ҳам ҳоло аз Русия омадааст ва чун ҳарду ба созиш омаданд, парванда қатъ шуд.”

Тилло Нордонаева, модаркалони падарии Омина, ки талош дошт, кӯдакро пурра ба тарбияи худ бигирад, мегӯяд, аввал дар ин даъвои худ истодагарӣ кард ва ҳатто ба додгоҳ пешниҳод кард, ки кӯдакро ҳар моҳ 15 рӯз бо ӯ ва 15 рӯзи дигар бо бибии модарӣ монад. “Аммо гуфтанд, беҳтар аст кӯдак то 18-солагӣ бо модар бошад ва дигар ман ҳам, ки синну солам ба ҷое расидааст, ба хулосае омадаам, ки аз идомаи талошҳоям даст кашам.”

Ҳоло ин модаркалон аз он хушҳол аст, ки кӯдак ҳамроҳаш аст. Бояд баъди чанд рӯзи дигар ӯро ба хонаводаи модар пас гардонад. Баҳсу ҷанҷоли ду модаркалон дар Сангвор бар сари набера чанд моҳ боз идома дошт. Ба иддаои Тилло Нордонаева, модаркалони Омина, наберааш дар дасти наздикони модараш хуб парасторӣ намешуд. Тилло Нордонаева мегӯяд, кӯдак чандин муддат дар парастории як духтари наврас қарор дошт ва маҳз ҳамин ҳам онҳоро водор кард ба додгоҳ шикоят баранд.

Ба баҳси ин ду модаркалон нозирони минтақавӣ ва Комиссияи ҳуқуқи кӯдак ҳам ворид шуданд. Онҳо якҷо вазъи нигоҳубини кӯдакро омӯхта, хулосаи худро ба додгоҳ ироа кардаанд. Хулоса ҳам ин буд, ки беҳтар аст кӯдак бо бибии падариаш монад.

Аммо ҷониби модари кӯдак, иддаҳоро дар робита ба ин ки Омина дар шароити бад тарбия мегирад рад карда буданд. Гулбаҳор Қандова, бибии модарии кӯдак дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, аз аввал хонаводаи падар Оминаро чун набераи худ эътироф ва суроғаш намекарданд.

Баҳси додгоҳии ду модаркалон барои ба тарбияи худ гирифтани набера дар ҳоле идома дошт, ки волидони Омина аз моҳҳои аввали таваллуди ӯ дар муҳоҷират қарор доштанд.

Атфоли ҳайрони фарзандони муҳоҷирон

Сарнавишти Оминаи 4-сола ҳам, шабеҳи садҳо кӯдакони дигар дар Тоҷикистон аст, ки волидон онҳоро дар тарбияи падару модари худ гузошта, роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтаанд. Созмонҳои кор бо занон мегӯянд, шароити бад, алименти ночиз ва муҳоҷир шудани модарон як баҳси нав, баҳсҳо сари ҷойи зисти кӯдакро бештар кардааст.

Бунёди кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид ё ЮНИСЕФ бо анҷоми як таҳқиқот дар чанд соли пеш фарзандони муҳоҷиронро ба далели дури падар аз хонавода "саркаш, осебпазир ва таҳдиде ба ояндаи субот дар ҷомеа", унвон карда буд. Дар ин таҳқиқоти ЮНИСЕФ, ки чор соли қабл анҷом шудааст, вазъи 5 ҳазор нафар аз хонаводаҳои муҳоҷирон пурсида шудааст. Аксаран фарзандони то 15-сола гуфтаанд, ки худро танҳову азёдрафта ва бепуштибон эҳсос мекунанд ва азият мекашанд.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар соли 2016 беш аз 80 ҳазор зан аз Тоҷикистон ба муҳоҷират рафтаанд. Таҳлилгарон мегӯянд, барои ба воя расонидани насли солим бояд бо ворид намудани тағйирот дар қонунгузорӣ, масъалаи алиментпулии кӯдакони оилаҳои аз ҳам пошхӯрда ҷиддӣ гирифта шавад ва барои занон танҳо дар дохил шароити корӣ фароҳам шавад, то тавонанд ҳадди аққал, то замони мустақил шудан, кудаконро аз меҳр ва тарбияи худ дур накунунад.

XS
SM
MD
LG