Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гумонбар ба ирсоли бастаҳои ҳомили бомб


Маводи мунфаҷира дар ин ҳавопаймои боркаш дар роҳ ба Амрико пайдо шуд
Маводи мунфаҷира дар ин ҳавопаймои боркаш дар роҳ ба Амрико пайдо шуд

Мақомоти амниятии Яман мегӯянд, як зани донишҷӯи риштаи тиббро бо гумони даст доштан дар ирсоли ду бастаи ҳомили маводи мунфаҷира ба Амрико дар манзилаш дар пойтахти ин кишвари арабӣ - шаҳри Санъо боздошт кардаанд.

Ин зан тавассути шумораи телефони мобилаш, ки дар ширкати боркашонӣ монда буд, дастгир шудааст. Мақомоти амниятии Яман модари ӯро низ боздошт кардаанд.

Бастаи бомб барои синагогаҳо

Маводи мунфаҷирае, ки бовар меравад, барои таркондани ҳавопаймоҳо кифоят мекард, рӯзи ҷумъа дар роҳ ба сӯи Амрико дар ҳавопаймоҳои боркаши амрикоӣ кашф шуд. Ҳарду баста ба нишонии синагогаҳои яҳудӣ дар Чикагои Амрико ирсол шуда буд.

Бо ин ҳол, ба гуфтаи мақомоти яманӣ, амалиёти ҷустуҷӯӣ ба хотири боздошти дастандаркорони дигар дар ин қасди ҳамла идома дорад. Бино ба гузориши расонаҳои Амрикову Бритониё, гумонбари аслӣ дар ин қасди ҳамла Иброҳим Ҳасан ал-Асирӣ, як мутахассиси шабакаи Ал-Қоида дар масоили маводи мунфаҷира, шинохта шудааст. Ин бомбсози 28-сола зодаи Арабистони Саудӣ буда, бино ба хабарҳо, дар Яман паноҳ мебарад.

Муфаттишон ҳамчунин ба ташхиси боз 26 бастаи дигари мусодирашуда идома медиҳанд. Ду пажӯҳишгоҳи забонҳо дар Яман низ бо гумони доштани иртибот бо таҳиягарони ин қасди нокоми бомбгузорӣ таҳти таҳқиқ қарор доштаанд.

Дафтарҳои маҳаллии ширкатҳои боркаши амрикоии UPS ва FedEx дар Яман баста шудаанд. Ин ду ширкат аллакай боркашонӣ аз Яманро мутаваққиф карда, бо тафтиши қазия ваъдаи ҳамкории комил додаанд.

Яке аз шабакаҳои Ал-Қоида дар ҷануби Яман пойгоҳ гирифтааст
Изи Ал-Қоида

Мақомоти Амрикову Яман ва кишварҳои дигар ин қасди нокоми бомбгузориро ҳарчӣ бештар ба шабакаи террористии Ал-Қоида иртибот медиҳанд.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, ба гумони ӯ, дар ин амал шабакаи Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб, шӯъбаи дар Яман асосёфтаи шабакаи террористии Усома Бин Лоден даст дорад. Обама қавл додааст, ки ин шабакаи террористиро аз байн хоҳанд бурд. Шабакаи Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб дар вилояти дурдасти Шабва дар ҷануби Яман, ин кишвари фақрзадаи арабӣ, пойгоҳ гирифтааст.

Пешгирӣ аз таркиш дар ҳавопаймо

Сарвазири Бритониё Девид Камерон гуфт, таҷҳизоти таркандае, ки дар фурудгоҳи Ист Мидлендз, дар Инглистони марказӣ, кашфу забт шуд, мебоист дар ҳавопаймо метаркид:

“Ин баста роҳашро аз Яман оғоз карда, сониян дар Олмон ва сипас дар роҳ ба сӯи Амрико дар Бритониё фуруд омад. Ин танҳо то кадом ҳадд ваҳдату иттифоқ ва қотеъияти мо дар амри шикаст додани терроризмро намоиш медиҳад. Ман бо раисиҷумҳур Барак Обама сӯҳбат доштам ва таъкид кардам, ки мо то кадом ҳадд барои ҳамкории наздику танготанг омодаем. Мо бо раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ низ гуфтугӯ доштам ва ба ин нукта таъкид кардам, ки мо бояд барои саркӯб кардан ва буридани варами саратони Ал-Қоида дар Яман ва нимҷазираи Араб кори бештар анҷом диҳем. Мо ирсоли бастаҳоеро, ки аз Яман ба Бритониё меоянд ваё тавассути кишвари мо мегузаранд, билофосила масдуд кардем ва мо хеле боэҳтиёт бар иқдомоти баъдие, ки бояд рӯи даст бигирем, хоҳем андешид.”

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раисиҷумҳури Яман
Санъо: Бо Ал-Қоида мо худ мубориза хоҳем буд

Раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ гуфт, иттилооти дар ихтиёри хадамоти амниятии Яман гузоштаи Амрико ва Имороти Муттаҳидаи Араб ба ташхиси ҳуввияти зани ҷавоне, дар ирсоли ин ду бомб тавассути почта гумонбар мешавад, мусоидат кардааст.

Ӯ гуфт, ки кишвараш набард алайҳи Ал-Қоидаро “дар ҳамкорӣ бо шарикони худ” идома хоҳад дод, вале Санъо ба ҳеҷ сурат “хостори дахолати касе дар умури Яман дар роҳи таъқиби шабакаи Ал-Қоида” дар ин кишвар нест.

Шабакаи Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб соли гузашта масъулияти қасди нокоми бомбгузорӣ дар як ҳавопаймои мусофирбари Амрико дар рӯзи Мавлуди Масеҳро низ бар ӯҳда гирифта буд.

Дар ду бомби тавассути почта ба Амрико ирсолшуда, ки рӯзи ҷумъа дар Дубай ва Бритониё забт шуд, мавоҷи мунфаҷираи саноатии навъи PETN ташхис шудааст. Дуруст ҳамон навъи маводи таркандае, ки моҳи декабри соли гузашта дар бомбгузории рӯзи Мавлуди Масеҳ истифода шуд.
XS
SM
MD
LG