Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон дар ойинаи матбуот


Чунин ба назар мерасад, ки бӯҳрони Осетияи ҷанубӣ боиси баррасии бисёр масоили муносибатҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шудааст, ки низ аз мавзӯъҳои меҳварии матбуоти амрикоӣ ва ғарбӣ дар ин рӯзҳо аст.

Қабл аз ҳама ба навиштаи рӯзномаҳо бӯҳрон сардии бештар дар муносиботи ду абарқудрати ҷаҳон - Амрико ва Русия, ҳамчунин ихтилофи назарҳо миёни кишварҳои ғарбро ба вуҷуд овардааст. Ба қавли рӯзномаҳои ғарбӣ, ҳарчанд Амрико Русияро барои иҷро накардани тавофуқи оташбас дар Гурҷистон бо хориҷ кардан аз сафи созмонҳои байналмилалӣ таҳдид мекунад, аммо ба ҳар сурат Владимир Путин, сарвазири Русия Ғарбро хеле моҳиро чун дар бозии шатранҷ мот сохт.

Ба навиштаи рӯзномаи «Таймс»-и чопи Ландан ҷанг дар Осетияи ҷанубӣ барои Русия заминае барои касби абарқудрат буданашро фароҳам овард ва ҳамзамон заъфи Иёлоти Муттаҳида ва Аврупоро дар Қафқоз намоиш дод. Рӯзнома меафзояд, то он ки Путин моҳирона Ғарбро мот сохт, солҳои ахир дар тахтаи шоҳмот чанд пиёдагардро аз дод, назири Косово, Ироқ, узвияти кишварҳои Балтик ба НАТО, хориҷ шудани ИМА аз созиши дифои зиддимушакӣ ва роҳ ёфтани мушкаҳои амрикоӣ дар Чехия ва Лаҳистон. Ба қавли рӯзнома аммо Путин зиёд интизор шуд ва дар Гурҷистон қапқон гузошт.

Нашрияи олмонии «Ҳенделсблатт» навиштааст, ҷанг дар Қафқоз аз нав мавқеъи нерӯҳо дар ҷаҳонро тағйир дод. Рӯзнома афзудааст, Русия бо кор гирифтан аз нерӯи низомӣ дар Қафқоз ба гунаи хеле сахт ба ИМА намоиш дод, ки дар воқеъият нуфузи Амрико дар минтақа то кадом андоза маҳдуд аст. Рӯзнома ҳадс мезанад, ки оқибатҳои геополитикии амалиёти низомии зудгузари анҷомдодаи Русия дар Гурҷистон хеле тӯлонӣ эҳсос хоҳад шуд.

Рӯзномаи «Ди велт»-и Олмон бо нашри як матлаб навиштааст, ки бӯҳрон дар Қафқоз ихтилоф дар миёни кишварҳои Иттиҳодияи Аврупоро ба бор овардааст. Рӯзнома менависад, ин ихтилофи Итиҳодия Аврупо дар роҳандозии муносибати минбаъда бо Русия аст. Нашрия аз баргузории ҷаласи махсус дар Брюссел хабар дода менависад дар ин ҷаласа қабл аз ҳама Британия хилофи ширкати Русия дар ҳалли қазияи Гурҷистон шудааст, аммо ҳам афзудааст, намояндагони Олмон дар робита мавқеъи нармтар дошта ва хостори Маскав дар ҳалли ин қазия ҳастанд. «Ди велт» менависад Иттиҳодия Аврупо дар ҳоли ҳозир Маскавро дар сар задани бӯҳрони Қафқоз расман муттаҳам накардааст ва дар мавриди таҳрими қатъ кардани робитаи ҷомеаи байналмилалӣ бо Русия худдорӣ мекунанд.

«Файненшл таймс»-Бритониё аз шурӯъи дубораи мулоқотҳо бар сари мавзӯъи мустақар кардани сипари зиддимушакии ИМА дар қаламрави Лаҳистон хабар дода навиштааст, мақомоти Лаҳистон аз ҳарос ва бо манзури ҳамлаи Русия ба Гурҷистон ишорат кардаанд, ки ҳарчи зудтар дар ин маврид ба тавофуқ бирасанд. Ба қавли рӯзнома Варшава аз он ҳарос дорад, ки бунёди пойгоҳи мушакҳои муҳофизи ИМА дар Лаҳистон боиси ғазаб ва душмании Русия ба ин кишвар мегардад, ки дар пояи мухолифати Русия ба ин барнома заминаи воқеӣ дорад. Рӯзнома бар ин аст, ки мулоқоткунандагон ба хотири кафолати амнияти Лаҳистон аз Амрико хостаанд, ки системи мушакии Патриотро ба хотири дифои фазои Лаҳистон дар ин кишвар мустақар кунад.

Ва ниҳоят як мавзӯъи дигаре, ки ба ин баҳсҳои сиёсии ҷаҳон иртибот надорад ва, фикр мекунам, барои сокинони Тоҷикистон камаҳамият нест, рӯзномаи «Таймс» ба баррасӣ гирифтааст. Рӯзнома навиштааст, истифодаи дармонҳои зидди ҳамл, тавре шунавандаи гиромии мо огаҳӣ дорад, дар Тоҷикистон ҳам истифодаи ин гуна дармонҳо чанд баробар афзудааст ва ин ба дастури танзими оила иртибот дорад, истифодаи дармонҳои зиддиҳамл боиси сард шудани муносибати зан ба шавҳар мешудааст. Вале ин ҷараён пас аз қатъи истифодаи дармонҳои зидди ҳамл сурат мегирифтааст. Рӯзнома аз як таҳқиқоти донишмандони бритониёвӣ хабар дода менависад, дармонҳои зиддиҳамл ба механизми эҳсосоти занҳо таъсир расонда ва таваҷҷӯҳ ба нафареро, ки муносибати ҷинсӣ барояш то лаҳзаи истифода ва қатъи дармонҳои зиддиҳамл мақбул аст, хеле кам ва ҳатто ғайриқобили қабул мегардондааст. Муҳақиқон кашф кардаанд, ки дар зимн истифодаи дармонҳои зидди ҳамл ҳатто ба ҷудошавии хонаводаҳо мерасондааст.

XS
SM
MD
LG