Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тӯфони нархҳо дар бозорҳои ҷаҳон


Рӯзи сешанбе қимати саҳом дар бозорҳои бурси қораи Осиё ва ҳамин тавр, дар соъоти аввали фурӯш дар бозорҳои бурси Аврупо ба таври қобили мулоҳиза пойин рафт.

Арзиши шохиси умдаи бозорҳои бурси Осиёву Уқёнусия дар маҷмӯъ ҳудуди 2 фоиз ва Hang Seng, умдатарин шохиси бозорҳои бурси Ҳонгконг қариб 3 дарсад коҳиш ёфтаанд. Фурӯши саҳом дар тақрибан ҳама бозорҳои қораи Аврупо низ рӯзи сешанбе бо минус оғоз ёфт.

Қимати саҳом дар бозорҳои Скандинавия дар зарфи ҳамагӣ 15 дақиқаи аввали фурӯшоти рӯзи сешанбе аз 1 то 2 дарсад пойин рафт. РТС ва ММВБ, ду бозори умдаи молии Русия рӯзи 23 сентябр баъди 2 соати шурӯъи тиҷорат алакай аз 1,6 то 2,2 дарсад бохта буданд. Тиҷорат дар бозорҳои бурси Фаронса ва Бритониёву Олмон низ рӯзи сешанбе бо уфти билофосилаи қимати саҳом оғоз ёфт.

Уфти қиматҳо дар бозорҳои ин ду қора дар пайи пойинравии қимати саҳом дар бозорҳои Уол Стрити Амрико мушоҳида мешавад. Шохиси саноатии Dow Jones, умдатарин шохиси бозорҳои молии Амрико, рӯзи душанбе беш аз 3 дарсад пойин рафт. Арзиши Standart & Poor’s, яке дигар аз шохисҳои ангуштнамои бозорҳои бурси Амрико, рӯзи душанбе ҳудуди 4 дарсад коҳиш ёфт.

Занги поёни фурӯшот дар бозори бурси Ню-Йорк шоми душанбе мисли як бонги изтироб табл мезад ва чунин ҳам шуд: Уфти башиддати қиматҳо дар бозорҳои бурси Амрико рӯзи баъдаш ба боқӣ бозорҳои дунё кӯчид.

Чунин коҳиши башиддати қиматҳо ҳокист, ки тоҷирон ва сармоядорон ба тавоноӣ ва короии барномаи 700-миллиарддолларии аз сӯи давлати Амрико пешниҳодшудаи раҳоӣ аз бӯҳрони молӣ ҳамчунон бо назари шубҳа менигаранд ва бовар надоранд, ки ин барнома тавонад эътимоди аздастрафта ба низоми моливу дороии Амрикоро барқарор кунад.

Роммел Ли, таҳлилгари ширкати кореягии “Goodmorning Shinhan Securities” мегӯяд: “Қонуни пуштибонии молӣ, ё худ барномаи имдодии Амрико, дар роҳи ҳалли бӯҳрони молӣ танҳо ба таври муваққат метавонад ба таъмини субот дар бозор ёрӣ расонад. Аммо имкони эҳёи дубораи бозорҳо ба маҳзи рукуди иқтисодии дарпешистода маҳдуд аст.”

Дар ҳамин ҳол, Кристофер Додд, раҳбари кумитаи бонкдории Сенати Амрико мегӯяд, Конгресс талош хоҳад кард, ки барномаи 700-миллиарддолларии раҳоӣ аз бӯҳрони молиро ҳарчӣ зудтар ва ба як гунаи мукаммале, ки тавони расидагӣ ба ҳама масоили бӯҳрониро дошта бошад, тасвиб кунад: “Мо ҷиддияти шароит ва зарурати аҷала дар ин амрро дарк мекунем. Мо мехоҳем, кори мо дар ин маврид муфид биояд. Ба назари ман, мо ҳамчунин бояд итминон бидиҳем, ки барномае, ки аз дасти мо берун хоҳад омад, ҳама нигарониҳои боқимондаро низ дар бар хоҳад гирифт.”

Қарор аст, Конгресси Амрико баррасии барномаи 700-миллиарддолларии раҳоӣ аз бӯҳрони молиро то поёни ҳафтаи равон ба анҷом бирасонад.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи сешанбе нархи бушкаи нафти хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ то 3 доллар пойин омад. Як бушка нафти хоми навъи Brent рӯзи 23 сентябр ба қимати наздики 103 доллар ва нафти хоми амрикоӣ тақрибан 3 доллар гаронтар аз Brent ба фурӯш мерафт. Рӯзи душанбе қимати нафти хом то 30 доллар афзуда, як бушка нафти хом барои қарордодҳои моҳи октябр дар бозори Ню-Йорк ҳатто то 130 доллар фурӯхта мешуд.

Вале дар ҳоле ки тӯфони нархҳо дар бозори нафт каме таскин меёбад, доллари амрикоӣ қурбашро дар муқобили соъир асъори муҳими байналмилалӣ ҳамчунон башиддат аз даст медиҳад. Рӯзи сешанбе дар бозорҳои Осиё суръати уфти қурби доллар кундтар шуд ва доллар дар муқобили воҳиди пули ИА як камак боло ҳам рафт, вале нархи 1 евро дар бозор ҳамчунон мусодифи тақрибан 1 доллару 48 сент боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG