Пас дар иқтисодиёти Амрико чӣ мегузарад. Вазъи молӣ чӣ таҳаввулотеро ба вуҷуд овардааст. Вилём Нисконен, собиқ раиси Шӯрои иқтисодии Амрико дар ҳукумати президент Роналд Рейган ва ҳоло сардори Пажӯҳишгоҳи Като, маркази хусусии таҳлили сиёсатҳо дар Вошингтон манзараро аз шарҳи истилоҳи "дефлятсия" ё фурӯкашӣ сар мекунад:
Вилём Нисконен: “Дефлятсия дар умум ин поинрафтани арзиши шохисҳо мебошад. Дар айни ҳол мо дефлятсияи фақат нархи колоро интизорем ва нафт аз чунин колоҳост, ки поинравии қимматаш аз ҳама бештар ба чашм мехӯрад. Бо вуҷуди ин нархи дигар навъи коло низ коҳиш меёбад ва ин як чизи ғайримаъмулӣ нест. Дар кӯтоҳмуддат таъминот бо анвоъи мухталифи коло раванди бисёр мушаххас ва шахшуда аст. Манзурам ин аст ки таъминот бо коло ба тағийрёбии кӯтоҳмуддати талабот сахт вобастааст. Ва дар айни ҳол мо бо касри қобили мулоҳизаи талабот рӯбарӯ шудаем ва ин мунҷар ба поинравии нархи коло гашт, ба вижа нафт. Афзоиши талабот ҳамроҳ бо интизори он ки ин афзоиш аз беҳбуди вазъ гувоҳӣ медиҳад, ба зудӣ нархҳоро дубора боло мебарад. Аммо ман фикр намекунам, ки дар ояндаи наздик коҳиши нархи хадамоту коло дар умум бояд интизор шуд. Масалан дар Иёлоти Муттаҳида ҳатто бо назардошти коҳиши бузурги нархи коло таваррум беш аз 5 дарсадро ташкил медиҳад”
Пурсиш: Аммо имрӯз нархи манзил дар Амрико босуръат поин меафтад. Ин ҳам дар пайванд бо вомҳои бепуштвонаи масканӣ. Оё коҳиши нархи хонаҳо, ки гаронтарин дороии хонаводаҳост, нишондиҳандаи дефлятсия мебошад?
Вилём Нисконен: “Ёдатон бошад дар семоҳаи якуми соли 2006 бозори манзил ба сатҳи баландтаринаш расида буд. Ҳамин тавр дар давоми беш аз дуним сол мо рукуди бозори манзил ва коҳиши сохтмонро мушоҳида мекунем. Ба назарам ин рукуд боз се моҳи дигар ё каме бештар идома хоҳад кард, аммо ба фикрам, ин рукуд ба наздикӣ хотима меёбад. Ба ҳар ҳол, шохиси қиматҳои умумии кишварамон нархи кунунии колову хадамотро мунъакис мекунанд. Ин шохисҳо нархи сармоя назири манзил ва ҳоказоро шарҳ намедиҳанд. Агар рукуди қимати сармоя мушоҳида шавад ин ба коҳиши сатҳи умумии нарх намеорад. Ин дефлятсия нест, аммо ин ба ҳайси як мушкил боқӣ мемонад."
Пурсиш: Бисёр одамон дар саросари ҷаҳон имрӯз харидҳои худро ба таъхир меандозанд, зеро мебинанд, ки нархҳо то рафт поинтар мераванд ва онҳо интизор мешаванд, ки нарх боз ҳам поинтар ояд. Оё ин ҳолат ба дефлятсия кӯмак намекунад?
Вилём Нисконен: “Падидае, ки шумо онро тасвир намудед, як падидаи воқеъист. Мардум метавонанд, бовар ҳосил кунанд, ки фурӯпошии нархи бозори саҳом, мошинҳои нав, манзил ва мисли инҳо метавонад барои як фурсат харидашонро ба таъхир гузорад. Манзурам, ин муштариён ҳадс мезананд, ки баъд аз 90 рӯз онҳо шояд ин колоро битавонанд, бо нархи арзонтар бигиранд. Ва ин метавонад, ба коҳиши умумии талабот сабаб шавад ва ин албатта, худ ба худ як мушкилест. Аммо гумон аст, ки ин ҳолат ба дефлятсия, яъне коҳиши сатҳи умумии қиматҳо мунҷар шавад.”
Пурсиш: Шумо пештар сатҳи таваррум дар Амрикоро 5 дарсад номидед. Каме баланд ба назар мерасад. Ба фикри шумо беҳтар нест, Шӯрои федероли захираҳои молӣ ба монанди бонкҳои марказии дигар на ба дефлятсия, балки ба инфлятсияҶ яъне таваррум диққати бештар бидиҳад?
Вилём Нисконен: “Бале, албатта, Бонки марказӣ бояд ба сатҳи таваррум таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кунад. Ҳамзамон ин ниҳод бояд талаботи умумӣ дар иқтисодро низ дар хотир дошта бошад. Ваколатҳое, ки Бонки марказӣ аз конгресси кишвар гирифтааст, каме омехтаанд. Бонки марказӣ бояд рушди собити талабот ва сатҳи устувори таваррумро таъмин кунад. Баъзан бонк ба яке ва баъзан ба дигаре аз ин ҳадафҳо тамаркуз мекунад. Дар айни замон бонк бештар нигарон аст, ки чӣ хел рушди умумии талаботро афзоиш диҳад ва ба таваррум таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир намекунад. Аммо дар инҷо як муаммост. Долллар дар муқоиса бо евро ва пули Жопун қавитар гаштааст. Барои ман ин муаммост. Аммо доллар на дар ҳама кишварҳо қавитар шуд ва ин нишон медиҳад, ки тақвият ёфтани доллар аз вазъи евро, иен ва паунди инглисӣ, ба вижа дар он кишварҳо дар муқоиса ба вазъи доллар дар Амрико бештар вобастагӣ дорад . Ҳамин тавр дар ин ҳирфа муаммо вуҷуд дорад, аммо ман ягон коҳиши умумии сатҳи нархҳоро дар Иёлоти Муттаҳида интизор нестам.”
Пурсиш: Аммо оё ингуна нест, ки муштариёни амрикоӣ, ки ба камияш аз се ду ҳиссаи даромади нохолиси кишварро таъмин мекунанд, акнун камхарҷ шудаанд?
Вилём Нисконен: “Дар сархатти рӯзномаҳои иқтисодии имрӯза гуфта мешавад, ки ширкати Волмарт, ки соҳиби бузургтарин силсилаи фурӯшгоҳҳо мебошад ва нишондодҳояш хеле паст буд, ҳоло хеле фаъол шудааст ва мешукуфад. Муштариён аз он харид мекунанд, аммо онҳо аз фурӯшгоҳҳое мехаранд, ки бо нархҳои паст мефурӯшад. Ин дефлятсия нест, ин маънои онро дорад, ки муштариён феълан ба нарх бештар аҳамият медиҳанд. Набуди имкони пардохти харид онҳоро нигарон мекунад. Ин дар аксар вақт ба коҳиши сатҳи харидорӣ сабаб намешавад, аммо мардум мӯҳтавои харидашонро тағйир медиҳанд. Онҳо хариди мошини нав ё манзилро ба таъхир мегузоранд, то замоне ки онҳо мушоҳида мекунанд, ки рукуди нархи манзил ба поён расид. Онҳо бештар ба хариди коло ва хадамот аз Волмарт мепардозанд ва на аз мағозаҳои гарон.”
Пурсиш: Ақидае мавҷуд аст, ки гап на дар иқтисодиёт, балки дар воҳимаи мардум аст ва гоҳе матбуоту коршиносон низ ба ин воҳима афзуда, сабаби бадтар шудани вазъ мегарданд.
Вилём Нисконен: “Ман омода нестам, чунин қазоват кунам, ман намехоҳам дигаронро дар ин падида айбдор кунам. Ман бар инам, ки на ҳама рӯзноманигорон ва ҳатто рӯзноманигорони бахшҳои иқтисодии рӯзномаҳо дурандеш ва хирадманданд. Баъзан ман фикр мекунам, ки онҳо аз ҳад мегузаранд. Аммо ҳамаи мо ба ин ё он сурат баъзан аз ҳад мегузарем.”