Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз, 23-уми октябр, дар як нишасти матбуотӣ дар ин бора гуфт, «мо ин масъаларо баррасӣ кардем ва ба хулоса расидем, ки имкон дорад барои бахше аз он маблағҳои аз бонкҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид шуда тақозои бозпас гардонидани онҳо сурат бигирад. Ин маблағҳо бисёр нестанд ва аслан қарзҳои яксола ва аз ин бештаранд. Ва Бонки миллӣ бо истифода аз захоири молии худ имкони кӯмак ба ин ширкату корхонаҳо дар пардохти қарзҳояшонро дорад».
Ин дар ҳолест, ки захоири арзу тилои Бонки миллӣ аз 328 миллион доллар то 180 миллион доллар коҳиш ёфтааст. Ба ин далел аз раиси Бонки миллӣ суол шуд, ки аз кадом ҳисоб ин қарзҳо, ки шомили бучаи солона низ ҳастанд, пардохт хоҳанд шуд?
Шариф Раҳимзода дар посух гуфт, «вазорати молияи Тоҷикистон қариб якуним тонна тило дар ихтиёр дорад, ки мо онро ба инобат нагирифтаем. Ва дар захираҳои мо дохил намешавад. Гузашта аз ин дар Бонки миллӣ ғайр аз 180 миллион доллар захираи арз наздик ба 40 миллион доллари дигар тило дар ихтиёр дорем».
Бо вуҷуди итминони раиси Бонки миллӣ дар робита ба адами таъсири бӯҳрони чаҳонии молӣ ба системи бонкӣ ва муомилоти молӣ дар ҷумҳурӣ, Тоҳири Абдуҷаббор, коршиноси бахши иқтисод, бар он аст, ки фаъолияти ҳаннотии бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон қаблан бахши кишоварзии Тоҷикистон ва дар ин авохир бахши хусусии кишварро ба бӯҳрони молӣ гирифтор кардааст. Ва авоқиби ногувори он дар пеш аст.
Тоҳири Абдуҷаббор гуфт, «Манофеъи бонкҳо ба сиёсати иқтисодии давлат тафовут дорад. Давлат талош дорад, фоизи қарзҳо кам шавад ва тоҷирону соҳибкорон бо қарзҳои аз бонкҳо гирифтаашон истеҳсолотро пеш баранд. Аммо системи олигаполии дар миёни бонкҳо пайдошуда намегузорад, то фоизи қарзҳо поён биёяд. Дар ин бархурди манофеъи давлат ва бонкҳо пешрафти иқтисод садама мебинад».
Шариф Раҳимзода низ бо вуҷуди итминони худ дар адами таъсири бӯҳрони молӣ ба системи бонкҳои ҷумҳурӣ гуфт, Тоҷикистон низ як бахши иқтисоди ҷаҳонӣ аст. Вай имкони таъсири бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ба фаъолияти молии ҷумҳуриро ҷунин тавзеҳ дод: «Мо бо созмонҳои сармоягузор, бонкҳои хориҷӣ додуситад анҷом медиҳем ва заъиф шудани шарикони мо метавонад ба рушди тиҷорат ва адами иҷрои барномаҳои умдаи иқтисодӣ ва тиҷоратӣ садама ворид кунад».
Ба ҳамин далел Шариф Раҳимзода таъсири бӯҳрони молии ҷаҳонӣ ба фаъолияти муҳоҷирони корӣ ва тоҷирони бурунмарзии тоҷикро рад накард. Вай гуфт, барои мисол, дар бист рӯзи моҳи охир ба далели бӯҳрони молии ҷаҳонӣ воридоти пул аз сӯи муҳоҷирони корӣ нисбат ба моҳи гузашта як баробар коҳиш ёфтааст.
Бо вуҷуди ин вай гуфт, ки дар маҷмӯъ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон 2 миллиарду 188 миллион доллар ворид кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 70 дарсад бештар аст. Оқои Раҳимзода аз имкони бекор мондани мӯҳоҷирони корӣ дар хориҷ аз кишвар изҳори нигаронӣ кард.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Тоҳири Абдуҷаббор, коршиноси иқтисод, Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир тавони ба кор таъмин кардани тақрибан як, ё якуним миллион муҳоҷири кориро дар дохили кишвар надорад ва амсоли дигар кишварҳои ҳамсоя дар ин бора барномаҳои вижае таҳия накардааст. Ба қавли вай, авоқиби бӯҳрони молии ҷаҳонӣ дар оянда метавонад ба иқтисод ва дигар бахшҳои ҷумҳурӣ садама ворид кунад.
Маро илтимос эхтиром намоед
Мо дар Москва 1200 рубли Русси як халта орд мехарем кимати дар чист дар Точикистон
Ҳар миллату давлат аробаи худашро ба пеш барад. Вақте модару зану хоҳари моро дар ҷумҳурӣ сатру ҳиҷоб аз сар мекашанд ҳама хомӯшӣ ихтиёр мекунанд. Афғонистону толибон чи тавре мехоҳанд ҳукмрони мекунанд ва ҳақ доранд. Шумо давлати демократӣ ва дунявӣ доред аммо ҳуқуқи башарро риоя намекунед. Шарм надошта боз эрод мегиред. Шукр,ки занҳои афғон иҷозат доранд ба қош чидану миҷа сиёҳ кардан. Ба фронти халқи гуфтаниям,ки он зулму хорию ваҳшате,ки бар сари ин миллат оварди дар сад соли охир ягон душман наоварда буд. Тебя и твоих фронтовиков только могила исправит. Вам гореть в аду за то беззакония, которые творили против безоружных людей. Лучше промолчи!
ХОҲАРИ АРҶМАНДУ АЗИЗ БИХОНЕД: Куввати Магриб на аз чангу рубоб, Не зи ракси духтарони бе хичоб. Не зи сехри сохирони лоларуст, Не зи урёнсоку не аз катъи муст. Махкамии у на аз лодини аст, Не фуругаш аз хати лотини аст. Куввати Магриб аз илму фан аст, В аз хамин оташ чарогаш рушан аст. Хикмат аз катъу буриди чома нест, Монеи илму хунар аммома нест. Илму фанро эй чавони шуху шанг, Магз мебояд на малбуси Фаранг.
Ахсан хохарам!! Барои баъзехо иффату покдомани нишонаи акибмондаги, ва бешармию бехаеи ин пешрафт ва таркккиет аст. (Метавонед ба намоишхои псевдоблогерхои точик (духтарон) як назар андозед, дашномхое мекунад Ки мардро шарм меояд).