Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вашинтон Русияро дар куштори ғайринизомиён дар Ғутаи шарқӣ масъул донист


Амрико ҳамкории "бераҳмона"-и Русия бо ҳукумати Башор Асад дар ҷараёни ҳамлаҳои ахир дар Ғутаи шарқиро маҳкум кардааст. Амрико мегӯяд, Русия пас аз тасвиби қатъномаи оташбас, даҳҳо ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Сурия анҷом додааст.

Кохи Сафед дар баёнияе, аз ин амалкарди Русия бо лаҳни шадид интиқод кардааст. Дар баёнияи Кохи Сафед гуфта шудааст. "Амрико ҳамлаҳо алайҳи ғайринизомиён дар Ғутаи шарқӣ аз сӯи ҳукумати Башор Асад, ки аз сӯи Русия ва Эрон ҳимоят мешавадро, маҳкум мекунад."

Ғутаи шарқӣ, ки аз чанд сол ба ин тараф дар ихтиёри мухолифони ҳукумати Сурия қарор дорад, аз соли 2013 ба ин сӯ зери муҳосираи нерӯҳои давлатӣ аст ва бо камбуди ғизо, дору ва имкониятҳои тиббӣ рӯбарӯст.

Ба гуфтаи ҳукумати Амрико, "Русия қатъномаи оташбаси Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳидро нодида гирифта ва ба баҳонаи амалиёти зидди террористӣ, ба куштори ғайринизомиёни бегуноҳ задааст."

Дар ин баёния гуфта шудааст, ки ҳавопаймоҳои ҷангии артиши Русия давоми панҷ рӯз (аз 24 то 28 феврал), яъне пас аз он, ки Шӯрои Амнияти СММ ба оташбас дар Сурия раъй дод, рӯзе ҳадди ақал 20 амалиёт дар атрофи шаҳри Димишқ ва Ғутаи шарқӣ анҷом додаанд.

Чанд соат пеш аз интишори ин баёния, Доналд Трапм, раиси ҷумҳури Амрико бо Тереза Мей, нахуствазири Бритониё дар бораи вазъияти Сурия гуфтугӯ карда буд. Трамп ва Мей изҳор доштаанд, ки ҳукумати Сурия ва ҳомиёни руси он, масъули "дарду ранҷи инсонии андӯҳовар" дар Ғутаи шарқӣ ҳастанд.

Бо вуҷуди эъломи оташбас дар Сурия, амалиёти артиш ва ҳомиёни он дар Ғутаи шарқӣ, ва ҳамчунон амалиёти артиши Туркия дар шимол-ғарби Сурия идома доштааст. Ҳам ҳукумати Туркия ва ҳам Асад ва ҳомиёнаш мегӯянд, дар амалиётҳои ҷорӣ дар ҳоли набард бо гурӯҳҳои "террористӣ" ҳастанд ва оташбас шомили ин амалиёт намешавад.

Садҳо нафар, аз ҷумла кӯдакон ва занон дар ҷараёни ҳамлаҳои ахир дар Ғутаи шарқӣ кушта шудаанд. Созмони Дидбони ҳуқуқи башар, ки қароргоҳи он дар Лондон аст, рӯзи якшанбеи 4-уми март эълон кард, ки нерӯҳои Башор Асад наздик ба 25 дарсади Ғутаи шарқиро дар ихтиёри худ доранд. "Ҷайш-ул-Ислом" -- аз гурӯҳҳои асосии мухолифин дар Ғута гуфтааст, ки дар ҳоли ҷамъоварии бештари нерӯҳо аст.

Ҳамлаҳо дар Ғутаи шарқӣ дар ҳоле идома кард, ки ҳукумати Русия гуфта буд, оташбас амалӣ хоҳад шуд. Ҳамзамон артиши Русия мухолифони ҳукумати Башор Асадро муттаҳам кардааст, ки бо мушакборон кардани роҳи интиқоли кӯмакҳои башардӯстона, аз берун рафтани ғайринизомиёни ин минтақаи таҳти муҳосира, пешгирӣ мекунанд.

Ғутаи шарқӣ минтақаи сераҳолӣ дар наздикии шаҳри Димишқ - пойтахти Сурия аст ва наздик ба 400 ҳазор нафар дар он зиндагӣ мекунанд. Ин минтақа, ки аз чанд сол ба ин тараф дар ихтиёри мухолифони ҳукумати Сурия қарор дорад, аз соли 2013 ба ин сӯ зери муҳосираи нерӯҳои давлатӣ аст ва бо камбуди ғизо, дору ва имкониятҳои тиббӣ рӯбарӯст.

XS
SM
MD
LG