Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Euro-2008: Русия ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт


Дар Австрия ва Швейтсария даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо-2008 ҷараён дорад.

Баъди ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтани дастаҳои мунтахаби миллии Португалия, Хорватия, Ҳуланд, Испания, Туркия, Олмон ва Итолиё ин ҳуқуқро тими Русия ба даст овард.

Мунтахаби Русия, ки дар бозии даври севум Шветсияро бо ҳисоби 2:0 (голҳо - Роман Павлюченко, дақиқаи 24-ум ва Андрей Аршавин, 50-ум) шикаст дод, бо 6 имтиёз дар гурӯҳи «D» баъди дастаи Испания (9 имтиёз) мақоми дувумро касб кард. Испания дар даври севум тими Юнон, қаҳрамони феълии Аврупоро бо ҳисоби 2:1 мағлуб сохт. Дастаҳои Шветсия (3 имтиёз) ва Юнон (0 имтиёз) аз ҳуқуқи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шуданд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳҳо

Гурӯҳи «A»

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

Португалия

3

2

0

1

5-3

6

2.

Туркия

3

2

0

1

5-5

6

3.

Швейтсария

3

1

0

2

3-3

3

4.

Чехия

3

1

0

2

4-6

3

Гурӯҳи «B»

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

Хорватия

3

3

0

0

4-1

9

2.

Олмон

3

2

0

1

4-2

6

3.

Австрия

3

0

1

2

1-3

1

4.

Лаҳистон

3

0

1

2

1-4

1

Гурӯҳи «C»

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

Ҳуланд

3

3

0

0

9-1

9

2.

Итолиё

3

1

1

1

3-4

4

3.

Руминия

3

0

2

1

1-3

2

4.

Фаронса

3

0

1

2

1-6

1

Гурӯҳи «D»

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

Испания

3

3

0

0

8-3

9

2.

Русия

3

2

0

1

4-4

6

3.

Шветсия

3

1

0

2

3-4

3

4.

Юнон

3

0

0

3

1-5

0

Бад-ин тартиб аз 31 бозии даври ниҳоии Ҷоми Аврупо-2008 то имрӯз 24 бозӣ баргузор шуд. Футболбозон ҳамагӣ 57 гол ба самар расондаанд. Давид Виля (Испания) бо 4 гол мисли пешин беҳтарин нишонзани мусобиқот ба шумор меравад.

Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.

Дар бозиҳои чаҳорякниҳоӣ 19-уми июн Португалияву Олмон, 20-уми июн Хорватияву Туркия, 21-уми июн Ҳуланду Русия ва 22-вуми июн Испанияву Итолиё рақобат мекунанд.

Бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзҳои 25-ум ва 26-уми июн сурат мегиранд.

Бозии ниҳоии Ҷоми Аврупо-2008 29-уми июн дар варзишгоҳи Эрнст-Хаппели шаҳри Вена, пойтахти Австрия, баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG