Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уганда: Ҳамлаҳои маргбор ба мухлисони футбол


Шаби якшанбе замоне, ки ҳаводорони футбол дар саросари олам аз тамошои бозии ниҳоии Ҷоми Ҷаҳонии футбол миёни дастаҳои мунтахаби Ҳолланду Испания ҳаловат мебурданд, бомбгузорони маргталаб болои ду тарабхона дар кишвари африқоии Уганда ҳамла намуда, камаш 60 нафарро ба ҳалокат расонданд.

Дар ин ҳодиса беш аз 70 каси дигар ҷароҳат бардошт ва табибон аз эҳтимол дур намедонанд, ки шумори қурбониҳо афзоиш ёбад. То кунун касе масъулияти ҳамлаҳоро бар дӯш нагирифтааст, вале тахмин мешавад, ки бомбгузориҳо маҳсули гурӯҳи исломии «Шабоб аст», ки дар кишвари ҳамсояи Сомалӣ бар зидди ҳукумат ошӯб бардоштааст.

Ду ҳамлаи хунбор

Нисфирӯзии душанбе мақомоти кишвари африқоии Уганда иттилоъ доданд, ки шумораи қурбониҳои ҳамлаҳои маргталабона дар ду тарабхонаи шаҳри Кампала ба 64 нафар баробар шуд. Ба гуфти мансабдорони Уганда, ҳамлаҳо дар минтақаи Кабалагали пойтахти Уганда - шаҳри Кампала ба амал омадааст: Ҳамлаи аввал дар ошхонае бо номи Деҳаи Эфиопӣ ва дигаре дар тарабхонае бо номи Регбӣ Клуб.

Ҳар ду ҳамла дар лаҳзаҳои ҳалкунандаи бозии ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни дастаҳои мунтахаби Ҳолланд ва Испания ба вуқӯъ пайвастааст. Дар ин вақт тарабхона ва ошхона саршор аз ҳаводорони футбол буданд.

Дасти «Ал-Қоида»

То ҳанӯз ягон гурӯҳе масъулияти ҳамлаҳоро бар дӯш нагирифтааст, вале мақомоти Уганда тахмин мекунанд, ки гурӯҳи исломии ифротгаро бо номи «Шабоб» дар ин амал нақш дорад. «Шабоб» дар кишвари африқоии Сомалӣ қароргоҳ дошта, раҳбаронаш мегӯянд, ки бо шабакаи террористии «Ал-Қоида» иртибот зич роҳандозӣ намудааст.

Сухангӯи артиши Уганда Феликс Кулайе изҳор намуд, ки муфаттишон дар макони таркишҳо сари аз тан ҷудошудаи як шаҳрванди Сомалӣ пайдо кардаанд, ки шояд яке аз бомбгузорони маргталаб бошад.

Афсари полиси Кампала хонум Ҷудит Набакооба мегӯяд, марги 64 нафар расман тасдиқ шудааст, ки аз ин байн 15 кас дар ошхонаи эфиопӣ ва 49 каси дигар дар Регбӣ Клуб ҳалок шудаанд.

Нақли шоҳид

Ҷумъа Сейко, ки ҳаводори футбол мебошад, ҳангоми ҳамлаи маргталаб дар дохили ошхона будааст:

" Мо футбол тамошо мекардем ва вақте то охири бозӣ ҳамагӣ се дақиқа боқӣ монд, дар наздики ман таркиши хеле баланд ба вуқӯъ пайваст. Баъди чанд сония боз ҳамлаи дуюм дар тарабхонаи ҳамсоя ба амал омад, ки бар асари он50 кас кушту шуданд."

Ифротгароҳои «Шабоб», ки аз шабакаи ал-Қоида илҳом гирифтаанд, борҳо таҳдид кардаанд, ки дар ҷавоб ба ирсоли нерӯҳои ҳомии сулҳи Уганда ба Сомалӣ ин кишварро муҷозот хоҳанд кард. Уганда аз ҳукумати дар арсаи байналмилалӣ эътирофшудаи Сомалӣ пуштибонӣ мекунад. Ҳамлаҳои ҳамоҳангшудаи шаби якшанбе тамоми нишонаҳои ҳамлаҳои «Ал-Қоида» ва созмонҳои марбут бо шабакаи террористии Усома бин Лодинро зоҳир намудаанд.

"Бузургтарин кишвари кофир"

Шайх Юсуф Исӣ, фармондеҳи «Шабоб» дар пойтахти Сомалӣ - шаҳри Моғадишу, ба ҳамлаҳои шаби якшанбе баҳои баланд дод, вале афзуд, ки дар бораи даст доштани пайравонаш дар он чизе гуфта наметавонад.

Исӣ Угандаро бузургтарин кишвари кофир ва душмани Ислом унвон дод, зеро мақомоти Кампала аз ҳукумати расмии Сомалӣ пуштибонӣ мекунанд.

«Шабоб» мусулмононро ба ҷиҳод бар зидди нерӯҳои ҳомии сулҳи Иттиҳодияи Африқо даъват кардааст. Феълан 6 ҳазор афсару сарбози кишварҳои африқои дар Сомалӣ мустақар буда, аз ҳукумати ин кишвар ҳимоят мекунанд. Пешниҳод шудааст, ки боз 3 ҳазор афсару сарбози мамолики узви Иттиҳодияи Африқо ба ин воҳиди ҳомии сулҳ ҳамроҳ шавад.

Вокуниши байнулмилалӣ

Рӯзи шанбе президенти Сомалӣ шайх Шариф Аҳмад ба хабаргузории Рейтерс изҳори нигаронӣ кард, ки дар сафи ошӯбгарон шумораи муҷоҳидони хориҷӣ афзоиш ёфта, назму суботи минтақаро бо таҳдид рӯ ба рӯ кардаанд.

Сафорати ИМА дар шаҳри Кампала тасдиқ кард, ки дар байни кушташудагон ҳадди ақал як нафар амрикоӣ будааст, дар созмони хайрияи мустақар дар Уганда ифои вазифа мекард. ИМА ҳамлаҳои шаби якшанберо маҳкум намуда, афзудааст, ки ба ҳукумати Уганда кумак хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG