Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имконоти нави телефони мобил


Телефонҳои мобил ё худ ҳамроҳ имкони таҳқиқи ҳаракати инсониро фароҳам овардаанд

Донишмандоне, ки ҳаракати паррандаҳоро таҳқиқ мекунанд, метавонанд дар пои парранда нишоне насб карда, таҳқиқоти худро бидуни мушкилӣ пеш баранд. Телефонҳои мобил ё худ ҳамроҳ имкони таҳқиқи ҳаракати инсониро фароҳам оварда анд. Ҳукуматҳои мутаассиб метавонанд, ин имконро барои таъқиби шаҳрвандонашон истифода баранд.

Ҳаракати ҳар фарде, ки ҳамроҳ бо худ телефони дастӣ дорад, доимо қобили ташхис аст, зеро ширкатҳои таъмини ин навъи мухобирот ба таври муназзам дар бораи моҳияту муддати зангҳои муштариён, макони сӯҳбат ва ғайра маълумот ҷамъ мекунанд.

Гурӯҳе аз пажӯҳишгарони донишгоҳи шимолу шарқии Бостони ИМА мувофиқат намуданд ба бойгонӣ ё худ архиви ҳаракати мардум назар афкананд, то бубинанд, ки бар пояи он чӣ хулосае баровардан мумкин аст.

Бархе аз натиҷагириҳо ҷои тааҷҷуб надорад:

Аввалан, ҳар инсон як бастаи одат будааст, яъне мо одат доштаем, ки ҳар сари чанд вақт аз ҷойҳои мушаххас зиёрат кунем.

Алберт - Ласло Барабасӣ профессори физика аз донишгоҳи шимолу шарқии Бостон дар ин бора мегӯяд: "Мо дарёфтем, ки меҳвари ҳаракати аксари кулли мардум масофаи аз се то панҷ километрро ташкил медиҳад. Шумори камтари мардум ба таври муназзам рӯзона аз 200 то 300 километрро тай мекунанд."

Аснои пешбурди таҳқиқот гурӯҳи зери сарварии профессор Барабасӣ бойгонии ҳаракати шашмоҳаи тахминан 100 000 нафарро дар ихтиёр дошт. Ӯ мегӯяд, ташхиси одат ҳатто дар миёни мардуме, ки ҳамарӯза масофаи хурд ва ё тӯлониро пушти сар мекунанд, душвор нест.

Ин кашфиёт дар соҳаи нақлиёти мусофирбар, шаҳрсозӣ, рафъи офатҳои табиӣ ва ҷилавгирӣ аз сирояти бемориҳо истифодаи амалӣ дошта метавонад.

Профессор Барбасӣ меафзояд: "Ҳоло агар шумо мехоҳед намунаи як шаҳр ва ё тамоми заминро тарҳрезӣ намоед, ин омор барои шумо муҳим хоҳад буд. Масалан, агар шумо роҳи сирояти бемории илтиҳоби шуш маъруф бо номи САРС-ро таҳқиқ кунед, шумо ҳаракати эҳтимолии ин фардро таҳқиқ намуда, омода хоҳед буд, ки мардуми мувоҷеҳ бо хатари гирифторӣ ба САРС-ро ташхис намоед."
Дар айни замон профессор Барабасӣ эътироф мекунад, ки истифодаи маълумот дар бораи ҳаракати соҳибони телефонҳои мобил нигарониҳои аз қабили дахолат ба ҳаёти шахсиро ба бор меорад.

Дар шумораи ахири маҷаллаи "NATURE" профессор Артур Каплан аз донишгоҳи Пенсилвания Барабасиро мавриди интиқод қарор додааст. Ба ақидаи Каплан Барабсӣ мебоист ибтидо аз соҳибони телефонҳо иҷозат мегирифт.

Ӯ мегӯяд:" Телефони ман моли ҷамъиятӣ нест. Таҳқиқи ҳаркатҳои ман ва ё соҳиби телефон аслан дахолат ба ҳаёти шахсӣ мебошад!"

XS
SM
MD
LG