Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти се фаъоли Ҳизб-ут-Таҳрир дар вилояти Суғд


Мақомоти раёсати умури дохилаи Суғд мегӯянд, ахиран 3 нафарро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҳизб-ут-Таҳрир дастгир кардаанд. Сокини ноҳияи Мастчоҳ Набиҷон Давлатов рӯзи 18 ноябр ва ду сокини Истаравшан – Шавкат Муҳаммадиев ва Дилшод Мухторов як ҳафта қаблтар боздошт шудаанд.

Аз манзили онҳо шуморе аз шабномаҳои Ҳизб-ут-Таҳрир ва ҳам адабиёти ба гуфтаи мақомот, ифротии мазҳабӣ мусодира шудааст.

Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 2001 манъ шуда, ду сол пеш Душанбе Ҳизб-ут-Таҳрирро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард. Ҳизбу-ут-Таҳрир мегӯянд, барномаи онҳо сарнагун кардани ҳукуматҳои демократӣ ва бунёди як хилофати исломӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст.

Ба қавли мақомоти Тоҷикистон, шурӯъ аз соли 2001 фаъолияти Ҳизб-ут-Таҳрир дар кишвар мамнӯъ эълом шудааст. Дар тӯли 8 соли ахир, теъдоди зиёди пайравони ин ҳизб барои содир намудани аъмоли ғайриқонунӣ, назири паҳн кардани шабномаҳо, адабиёти мазҳабӣ ва даъват барои сарнагун кардани низоми демократии кишвар боздошт ва ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

Ҳамчунин Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нашри адабиёти таблиғкунандаи Ҳизб-ут-Таҳрир, ба мисли «Низоми ҳокимият дар ислом», «Садо аз қаъри зиндонҳо», «Госаппарат халифата», «Пиндорҳои Ҳизбуттаҳрир», «Назарҳои сиёсии Ҳизб-ут-таҳрир», «Ислом низоми», «Ислом давлати», «Демократия низоми куфр аст» -ро ба забонҳои узбакӣ ва тоҷикӣ барои амнияти миллии Тоҷикистон хатарзо баён кардааст.
XS
SM
MD
LG