Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикони Қирғизистон ва иди Наврӯз


Тибқи омори расмии Қирғизистон, дар қаламрави ин кишвар ҳудуди 55 ҳазор тоҷикон ба сар мебаранд.

Қисмати аъзами онҳо дар вилоятҳои Ботканду Ҷалолобод, воқеъ дар ҷануби ин кишвар, зиндагӣ мекунанд. Гуфта мешавад, ки ба хотири бузургдошти суннатҳои миллӣ, аз ҷумла иди Наврӯз, тоҷиктаборони Қирғизистон талоши зиёд ба харҷ медиҳанд.

Умеда, сокини 13-солаи ҷамоъати Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо, гуфт, дар мактаби ба номи Садриддин Айнӣ, ки вай таҳсил мекунад, ҳар сол базмҳои наврӯзӣ ороста мешаванд. Ба гуфтаи Умеда, бахшида ба Наврӯз вай шеър навиштааст, ки онро дар ҷашнвораи наврӯзии мактабашон қироъат хоҳад кард.

Муқаддас Исҳоқова, омӯзгори ин мактаб изҳор кард, ки бонувони учқӯрғонӣ дар оро додани дастурхони наврӯзӣ хеле маҳорат доранд. Вай гуфт, ки ин бонувон пеш аз ҳама ба хони наврӯзӣ суманак мегузоранд.

Ноҳияи Алобуқаи вилояти Ҷалолобод, воқеъ дар 470 километрии маркази маъмурии ин вилоят, ҳудуди панҷ ҳазор тоҷиктаборонро муттаҳид кардааст. Ба гуфтаи Баҳромҷон Мамарасулов, раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Ҷалолобод, таҷлили иди Наврӯз дар ноҳияи Алобуқа рукнҳои ба худ хос дорад.

Тоҷикони Қирғизистон ҳарсол иди Наврӯзро бо қирғизҳо ва узбакҳо якҷоя истиқбол мегиранд ва тадбирҳои наврӯзии онҳо низ шакли муштаракро касб кардааст.

XS
SM
MD
LG