Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳастанд, вале каманд". Тоҷикон куҷоро барои саёҳат интихоб мекунанд?


Cафари тоҷикистониён ба хориҷ тариқи ширкатҳои сайёҳӣ гарон аст, вале бо ин вуҷуд фарҳанги тафреҳ миёни тоҷикон дар хориҷи кишвар маъмултар мешавад.

Саидмурод -- корманди яке аз созмонҳои байналмилалӣ дар Душанбе аст. Дар солиёни тӯлонии кор дар ин созмон ӯ ду бор тавонист пул ҷамъ кунад ва ба берун аз кишвар бо ҳамсар ва ду фарзандаш ба Дубай ва Туркия биравад.

"Дар хонавода танҳо ман кор мекунам. Ҳамсарам кӯдаконро нигоҳубин мекунад. Шароити молии ман имкон медиҳад, ки дар чор сол як бор ба сайёҳат биравем. Бори охир соли гузашта рафта будем, ҳоло дар фурсатҳои наздик сафар кардан имконнопазир аст",- эътироф мекунад Саидмурод.

Сафари охири ӯ ба Туркия ҳамроҳ бо хонаводааш барояш 4700 доллар масраф доштааст ва ӯ аз сафараш ӯ хеле розист. Мегӯяд, барои онки соле як бор ин гуна сайёҳати хонаводагӣ дошта бошед, бояд дар Тоҷикистон ками кам маоше ҳудуди 1500-2000 доллар гирифт.

Ба гардишгарӣ дар Тоҷикистон ба унвони бахши фоидаовари давлат таваҷҷуҳи хосе мешавад. Дар кишвар ҳатто ниҳоди алоҳидае барои ҷалби сайёҳон вуҷуд дорад. Дар ин росто ба сокинони маҳаллие, ки мехоҳанд кишварҳои навро бубинанд таваҷҷуҳи хеле кам сурат мегирад. Вале ин ҳам барои онҳое, ки имкон доранд, омили худдорӣ аз сайёҳат ва истироҳат дар кишварҳои дигар намешавад. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 130 ширкати сайёҳӣ сабти ном шудааст, ки ба ин гуна хоҳишмандон хидмат мерасонанд.

"Туркия ва Дубай самти аслии сафари гардишгарони Тоҷикистон"

Содиқҷон Зарифӣ, сухангӯйи ширкати "Сайёҳон", ки таҳти тамғаи молии "Рахш" фаъолият мекунад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки самтҳои маъмултар барои гардишгарони Тоҷикистон, Туркия ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мебошанд.

"Аз ҳама гарон сафар ба кишварҳои Аврупо ва аз ҳама арзонтар ба Узбекистон ва Қазоқистон мебошанд. Мизоҷони мо гуногунад, вале онҳое ҳам ҳастанд, ки омодаанд ҳама гуна қиматро бипардозанд, то ба онҳо шароити хубе барои фароғат муҳайё кунем",-мегӯяд Зарифӣ.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир арзиши сафар ба маъмултарин самтҳо аз 1200 доллар ва болотар аз он оғоз мешавад ва вобаста аст ба шароити буду бош. Аммо нарх метавонад ноустувор бошад, пеш аз ҳама вобаста ба билети ҳавопаймо, ки аксар вақт гарон мешаванд. Зарифӣ мегӯяд, ки солҳои охир баъди беҳтар шудани равобити Душанбе ва Тошканд, сайёҳони тоҷик хеле фаъолона ба Самарқанду Бухоро ва дигар шаҳрҳои ин кишвар сафар мекунанд.

Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ҷуз аз Туркия ва Дубай, ҳамчунин сафар ба кишварҳое чун Миср, Чин, Ҳинд, Таиланд ва кишварҳои дигарро низ роҳандозӣ мекунанд. Вале мегӯянд, ки ба ин самтҳо хоҳишмандон хеле каманд, асосан онҳое ҳастанд, ки пеш аз ин дар шаҳрҳои Туркия ва Имороти Муттаҳиади Арабӣ будаанд.

Сафари арзон -- мизоҷони бештар

Ба гуфтаи Нигина, корманди ширкати сайёҳии "Роҳат тур", ширкати онҳо ба ҳисоби миёна дар як сол аз 50 то 100 турро ба шаҳрвандон мефурӯшад. "Аз ҳама дархости бисёр дар соли 2016, замоне, ки дар Туркия бӯҳрон ва нархҳо ду баробар поин шуданд, буд. Ҳоло бар асари боло рафтани нарҳо дар Туркия ва гузаштан ба ҳисоббаробаркунӣ бо евро, муроҷиатҳо камтар шудаанд",- нақл мекунад ин корманди ширкати "Роҳат тур".

Ба гуфтаи ӯ, сайёҳони тоҷик хеле бисёр рӯйи нархҳои паст ҳисоб мекунанд, ки шоҳиди он алоқамандӣ ба тур ба Миср буд, ки имсол бар асари роҳандозии хатсайри чартерӣ қиматҳо то 600 доллар поин омаданд.

Нигина мегӯяд, ки ба ширкати онҳо дар мавриди сафар ба кишварҳои аврупоӣ ҳам муроҷиат мешавад, вале ба далели ин, ки онҳо наметавонанд дар мавриди дарёфти раводиди "шенген" кафолат бидиҳанд, маҷбур мешаванд дархостҳоро рад бикунанд ва танҳо онҳоеро мепазиранд, ки раводид доранд.

Зимнан, Тоҷикистон бар асари вазъи иқтисодии худ маҳдудиятҳое бисёре барои таъмини шаҳрвандони худ ба сафарҳои бидуни раводид ба самти гуногун дорад. Бо шиносномаи Тоҷикистон бидуни раводид танҳо мешавад ба 54 кишвар сафар кард.

Дар ҳамин ҳол, ин масъала бештари сокинонеро, ки имкони сафар ба хориҷро надоранд, чандон нороҳат намекунад.

"Маоши 6-моҳа барои 3 рӯз истироҳат дар Қайроқум"

Фирдавс, сокини аслии Душанбе дар яке аз ширкатҳои хусусӣ ба сифати муҳосиб кор мекунад ва 1500 сомонӣ маош мегирад. Мегӯяд, бо чунин маблағ ҳатто тафреҳ ба зеҳнаш намерасад, вале агар ҳам, ки иттифоқ биафтад бо заҳмат мешавад.

"Соли гузашта барои он, ки дар Қайроқум истироҳат кунем, ман 6 моҳ пул ҷамъ кардам ва барои се рӯз ман ду маошамро сарф кардам. Ин ҳам бо назардошти он, ки мо талоши ҳадди аксар кардем, ки хеле сарфакорона масраф бикунем",-нақл мекунад ин сокини ҷавони Душанбе.

Маоши миёна дар Тоҷикистон бар пояи ҷамъбасти соли гузашта 1324 сомонӣ ё ҳудуди 140 долларро ташкил медиҳад. Маоши аз ҳама баландтаринро тибқи омори расмӣ кормандони бахши бонкҳо мегирифтаанд, ки 3520 сомонӣ (374 доллар) ва аз ҳама камтаринро намояндагони бахши кишоварзӣ – 617 сомонӣ (65 доллар) мегирифтаанд.

Бино ба ҳисоби "Азия–Плюс", ки онҳо бар пояи меъёрҳои тавсиявии хурду хӯрок тадқиқ кардаанд, хароҷоти якҳафтаинаи як нафар дар кишвар 156 сомониро дар бар мегирифтааст.

Зимнан дар кишварҳои дорои даромади баланд ва иқтисоди пешрафта хараҷот барои хурду хӯроки оила на бештар аз 15 дарсадро дар бар мегирад. Боқимондаи маблағҳо барои фароғат, сайёҳат ва тартиботи хонаву корҳои дигар масраф мешавад.

Соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба парлумон таъкид кард, ки хароҷоти хонаводаҳо барои маҳсулоти хӯрокворӣ 50 дарсади даромади онҳоро дар бар мегирад, ки нисбат ба соли 2001 31 дарсад камтар аст.

"Вале бар пояи нархи воқеӣ дар бозор, маълум мешавад, ки хароҷот барои хӯрокворӣ бештар аз ними даромадро ташкил медиҳад. Дар чунин шароит, тафреҳ дар хориҷ насиби қишрҳои имтиёздор мегарад",-мегӯянд коршиносон.

"Шумораи сайёҳон мутаносиб ба шумораи синфи миёна аст"

"Дар аксари кишварҳо, ба ҷуз кишварҳои пешрафта, шумораи сайёҳони эҳтимолӣ, асосан мутаносиб ба синфи миёнаи ин давлат аст, ки даромадаш имкон медиҳад сайёҳат кунад. Сабаби кам будани гардишгарон аз Тоҷикистон маҳз дар ҳамин аст",- мегӯяд шореҳ ва коршинос Абдуманнон Шералиев.

Ба гуфтаи Абдуманнон Шералиев, синфи миёна дар Тоҷикистон то ҳоло шакл нагирифтааст ва дар бахши гардишгарӣ ин ҷойро мансабдорони сатҳи миёна ва баланд бо даромадҳои ғайрирасмӣ пур мекунанд, ки тақрибан баробар ба даромадҳои ин синф дар кишварҳои рушдёфта аст.

Дар чунин шароит, мегӯяд Шерадиев дурнамоеро барои пайдоиш ва рушди синфи миёна дар Тоҷикистон намебинад, ки нишондиҳандаи вазъи нохубу ноустувори иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад.

Дар соли 2018 шумораи умумии сайёҳоне, ки аз Тоҷикистон дидан карданд, 1 миллиону 115 ҳазор нафар ба қайд гирифта шудааст. Сайёҳони хориҷӣ тибқи итилооти расмӣ, ба иқтисоди мамлакат 214 миллион сомонӣ даромад овардаанд.

Аммо теъдоди шаҳрвандони ватание, ки ба хориҷа ҳамчун сайёҳ сафар доштанд, дақиқан маълум нест. Дар Оҷонсии омори Тоҷикистон ба Радио Озоди гуфтанд, ки чунин маълумот бояд ба наздикӣ дар моҳи июл нашр шавад.

XS
SM
MD
LG