Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуҷанд: нархҳои гарон ва кисаҳои холӣ


Дар тайи як ҳафтаи ахир нархи маводди аслии ғизоӣ, аз қабили орду гӯшт ва меваҷоту сабзавот дар вилояти Суғд боло рафт.

Нархи наворо дар Суғд бозори умдафурӯшии Панҷшанбе таъин мекунад. Барои фаҳмидани нархи маҳсулоти асосии ғизоӣ ба ин фурӯшгоҳи асосии Хуҷанд раҳсипор гардидам. Мусоҳиби аввалинам амаки Нурмуҳаммадро дар назди гӯштфурӯшӣ дидам, ки дар қатори муштариёни дигар нарх мепурсид. Аз амаки Нурмуҳаммад пурсидам, оё нархи маводи ғизоиро дар бозор чи гуна дарёфтааст?

"- Хӯрокворӣ расо қимат.Беморо ҳай, бекасо ҳай, ҳамонҳо ба як бурда нон – зор. Аҳволи бозор - мана ин хел. Нон қимат шуда рафт, гӯшт , худатон дида истодаед, 16 – 17 сомонӣ, нархи руған ҳам торафт баланд рафта истодааст. Мо чӣ кор кунем, ҳайронем…" - гуфт амаки Нурмуҳаммад. Вай 74 сола аст. Ба гуфтаи худаш, беш аз чиҳил соли умраш сарфи кори кишоварзӣ шудааст. Мегӯяд, ки унвони ифтихории «агрономи хидматнишондодаи Тоҷикистон» дорад. Соҳиби 5 фарзанди калонсол аст ва онҳо бо роҳи тиҷорат базӯр оилаҳои худро таъмин мекунанд.

Аммо даромади амаки Нурмуҳаммад ва ҳамсараш ҳатто ба хариди хӯроквории онҳо намерасад: «Мо - нафақахӯр, писарам. Нафақама мепурсед чӣ қадар? Нафақамон кирои гуфтан ҳам намекунад, одамои як хел ҷойҳо шунаванд, айб мекунанд. Ман ҳозир ҳам кор карда истодаам. Дар корхонаи тухмии пахта. 17 – 18 сомонӣ пул медиҳем гуфтанд. Аммо то ҳозира ҳам нагирифтаем.»


Дар бозори Панҷшанбеи Хуҷанд нархномаҳои маҳсулоти фурӯшӣ дигар ба чашм намерасад. Фурӯшандаҳо мегӯянд, ки нархи маводи ғизоӣ моҳ то моҳу ҳафта ба ҳафта ва ҳатто рӯз то рӯз боло меравад, ва онҳо барои ивази нархномаҳо вақту имкон намеёбанд. Масалан, ҳафтае қабл як ҷуволи 50–килоии орд ҳудуди 100 сомонӣ арзиш дошт, акнун то 120 сомонӣ баланд рафтааст. Нархи равғани растанӣ ҳам аз 8–сомонӣ имрӯзҳо 9 сомонӣ, камтар аз 3 доллари ИМА шудааст.

Аз як гӯштфурӯши бозори Панҷшанбе пурсидам, чаро нархи ин навъи маҳсулот ин қадар тез боло меравад? Вай гуфт, ки ба таъсири баланд рафтани нархи ҳайвоноти гӯштӣ дар бозорҳои Суғд. Ба гуфтаи мусоҳибам, гӯштҷаллобон гову гӯспандро аз бозорҳои Суғд харида, ба Душанбе ва Узбакистон интиқол медиҳанд. Аз ин рӯ, эҳтимоли поин рафтани гӯшт дар бозорҳои дохилии Суғд ба гумон аст. Мусоҳиби дигарам - як тоҷири суғдӣ сабаби қиматшавии ордро чунин шарҳ дод, ки имрӯзҳо гандум аз Қазоқистон – содиркунандаи аслии ғалла ба Тоҷикистон кам ворид мегардад. Чун ғалла кам аст, умдафурӯшон нархи онро боло мебаранд.

Аммо аз нигоҳи Нурмуҳаммад – амаки 74 сола, ки беш аз чиҳил соли умраш бо кори кишоварзӣ гузаштааст, болоравии босуръати арзиши маводи ғизоӣ, махсусан гӯшту равған ва орду биринҷ дар Тоҷикистон тамоман таҳти сабабҳои дигар сурат мегирад. Вай мегуяд, «мо тамоми хоҷагиҳои кишоварзӣ, колхозҳоя тамоман хароб кардем . Об нест, обро пул дода, харидан даркор. Таҷҳизоту қисмҳои эҳтиётӣ ёфтан душвор. Ҳама хоҷагиҳоя партофта рафта истодаанд. Бе пул кӣ кор мекунад? Ба онҳо дастмуздашонро додан даркор . Кори колхоза партофта, Русия мардикорӣ рафта истодаанд.»

Аммо сокиноне, ки маблағ барои сафари кории Русияву кишварҳои дигар надоранд, дар бозорҳои Суғд мардикорӣ мекунанд. Сафар ном як ҷавони аробакаш дар бозори умдафурӯшии маҳаллаи гулистони Хуҷанд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ мегӯяд, дастранҷи якрӯзааш ба хариди маводи аслии ғизоӣ ба иллати гаронии нархи онҳо кофӣ нест, аз ин рӯ ба оянда бо хавотирӣ нигоҳ мекунад. Вай гуфт, ки маблағе, ки аз аробакашӣ дар бозор ба даст меорад, ба таъмини аҳли оилааш, ки чаҳор нафар ҳастанд, дар ҳоли ҳозир нӯг ба нӯг мерасад, аммо нархҳои хӯрок ингуна тез боло рафтан гирад, худо медонад, фардо ҳоли онҳо чӣ мешавад .

Аммо ба бовари амаки Нурмуҳаммад, агрономи собиқ, дар сурати хуб ба роҳ мондани тарзу усули кор бахши кишоварзии Тоҷикистон метавонад тамоми аҳолии ин кишварро бо маҳсулоти арзон ва баландсифати ғизоӣ таъмин кунад. Аммо дар ҳоли ҳозир соҳаи кишоварзии Тоҷикистон дар қайди буҳрони амиқ гирифтор ва асосан саргарми пахтакорӣ, аммо маҳсулоти аслии кишоварзӣ, монанди орду ғалла ва биринҷу равған ва аз хориҷи кишвар бо нархҳои гарон ворид карда мешавад.

Мақомоти Суғд танҳо аз рӯи шартномаҳои хариди ғалла ва дигар навъи маводи аслии ғизоӣ аз хориҷа ба сокинон ваъда медиҳад, дигар бо қаҳтиву ҷаҳиши нархҳо рӯ ба рӯ нахоҳанд шуд. Дар чунин вазъ сокинон чӣ кунанд ? Ба ин савол ҷавоби Музаффар–амак, ки бо ӯ дар бозори орду равғанфурӯшии Хуҷанд, воқеъ дар маҳаллаи Гулистон вохӯрдам, чунин буд : «Зиндагония ҳамин хел пеш мебарем, ки чизҳои аз ҳама даркория ба хона меорам, чойу шакару равған, орд. То маблағам ҳаст, мехарам, тамом шавад, то моҳи дигар, то гирифтани моҳона тоқат мекунем

XS
SM
MD
LG