Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯзи Раҳмон, инфиҷори пуфакҳо ва...


Наврӯз бо Раҳмон, нишасти вазирони кишварҳои форсизабон ва даргузашти вазири собиқи алоқа - мавзӯъоти хоси ин ҳафтаи нашрияҳост.

Аммо ҳафтаномаи сиёсии «Озодагон» ба ташхиси бемории президентҳои Осиёи Марказӣ пардохтааст. Ин ҳафтанома менависад, тайи 17 соли ахир давлати Қирғизистон барои дуввумин бор аст, ки ҷашни Наврӯзро бидуни ширкати раиси ҷумҳур таҷлил мекунад. Яъне, Қирғизистон Наврӯзро замоне бе Аскар Оқоев ҷашн гирифт, ки пас аз чордаҳ соли ҳукуматдорӣ вай ба Маскав рафту дигар барнагашт. Ва Қурмонбек Боқиев, ки се сол пеш дар пайи як кудатои давлатӣ сари қудрат омада буд, дар Олмон қарор дошт ва аз Наврӯзи имсола бебаҳра монд.

«Озодагон» менависад, хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон ахиран иқрор кард, ки «Боқиев андаке мариз аст ва дар Олмон табобат мегирад». Чанде пештар як нашрияи олмонӣ низ аз мариз будан ва табобат гирифтани Эмомалӣ Раҳмон дар Олмон хабар нашр кард, ҳарчанд дар Тоҷикистон дар ин бора то ҳол касе сӯҳбат намекунад. Бо ин вуҷуд, Эмомалӣ Раҳмон ин дафъа Наврӯзро ба як ҷашни расмӣ табдил дод.

Вале овозаи ин бемор буданҳо баёнгари чист? Ба тахмини «Озодагон», шояд пайравӣ аз усули Ислом Каримов аст, ки ду сол қабл худро ба чунин беморӣ афканду ба вазъи кишвар нигарист ва гӯиё дӯстро аз душман ҷудо кард? Ба ҳар ҳол, «Озодагон» хулоса мекунад, ки «бемории президентҳои Осиёи Марказӣ ягона аст ва онҳоро фақат дар як ҷо табобат намудан мумкин – дар Олмон».

Ҳадаф аз инфиҷор дар Душанбе кӣ ва ё чӣ буд? Ба навиштаи ҳафтаномаи «Нигоҳ», рӯзи 19 март 16 донишҷӯе, ки президент ва шаҳрдори Душанберо барои бозгушоии бинои нави маскунӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозии пойтахт пешвоз мегирифтанд, дар натиҷаи як инфиҷор сӯхтанд. Ин инфиҷор дар натиҷаи кафидани пуфакҳои газдор ба вуқӯъ пайвастааст ва ба гумони ғолиби «Нигоҳ» ин сӯиқасд буд ва суиқасд ба ҷони президент Раҳмон. Зеро ба навиштаи «Нигоҳ», «президент бояд аз роҳе, ки дар ду тараф донишҷӯён бо пуфакҳои газдор меистоданд, гузар мекард». Ин инфиҷор дар ҳолест, ки оқои Раҳмон дар нишасти солонаи ҳукумат ба шаҳрдори Душанбе ҳушдор дода буд: чаро дар Душанбе таркишҳо меафзоянду дастандаркоронаш пайдо намешаванд?

Ҳафтаномаи «Фараж» изҳороти демократҳои Тоҷикистонро нашр кардааст, аммо ин дафъа бо имзои Сайидҷаъфар Исмонов, яке аз довталабони курсии раиси Ҳизби демократ, ки қаблан ба нокомӣ дучор шуда буд. Дар ин изҳорот оқои Исмонов худро раҳбари демократҳо муаррифӣ намуда, аз фаъолияти заъифи ҳокимияти иҷроияи кишвар интиқод варзидааст. Ин дар ҳолест, ки вазорати адлияи Тоҷикистон ду сол пеш Масъуд Собировро ба ҳайси раҳбари Ҳизби демократ эътироф карда буд. Кашмкашҳои дубора барои ишғоли мақоми раҳбарии Ҳизби демократ далели чист, ҳич кас намедонад.

Аммо Алиасғари Шеърдӯст, сафири тозатаъини Эрон дар Душанбе, дар сӯҳбат ба ҳафтаномаи русизабони «Asia-Plus» гуфтааст, ки кишвараш қасд дорад мушкили сокинони Тоҷикистон ҳал кунад. Ҳамчунин ба таъкиди ӯ, кори пурраи нақби «Истиқлол» дар гарданаи Анзоб, ки шимолу маркази Тоҷикистонро пайванд медиҳад ва сохтмони онро ширкати эронии «Собир» бар ӯҳда дошт, аз Вазорати роҳу мухобироти кишвар бастагӣ дорад. Зеро ҷониби Эрон ӯҳдадориҳои худро комилан анҷом додааст ва пардохти боқимонда хароҷот бар дӯши давлати Тоҷикистон аст.

Ҳафтаномаи «Миллат» дар пасманзари дидору мулоқоти вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Афғонистону Эрон созмон ёфтани як телевизони муштараки форсиро ба нафъи сокинони кишвар донистааст, аммо навиштааст, ки «Телевизиони форсӣ муваффақ нахоҳад буд, агар ба дасти масъулони сиёсати иттилоъоти Тоҷикистон биуфтанд». Ин нашрия Сайид Зубайдов, вазири пешини мухобироти Тоҷикистонро инқилобгари мобилӣ дар кишвар унвон кардааст ва даргузашти ӯро бохти миллӣ.

XS
SM
MD
LG