Мунтахаби Тоҷикистон дирӯз, 8-уми август, дар варзишгоҳи шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон бар тими Куриёи Шимолӣ бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голро Ҷомихон Муҳиддинов дар дақиқаи 39-ум ба самар расонд.
Дар бозии дигари ниманиҳоӣ дастаи Ҳиндустон тими Мянмарро бо ҳисоби 1:0 мағлуб сохт. Голи Сунил Чҳетри дар дақиқаи 82-юм ба дастаи мизбон пирӯзӣ овард.
Бад-ин тартиб дастаҳои Ҳиндустон ва Тоҷикистон бегоҳи 10-уми август дар бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи Гачибовлии Ҳайдаробод рақобат хоҳанд кард. Ёдовар мешавем, дидори ин ду даста дар сабқати гурӯҳӣ бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфта буд.
Пеш аз бозии ниҳоӣ 10-уми август дар варзишгоҳи Лол Баҳодур Шастрии Ҳайдаробод дастаҳои Мянмар ва Кореяи шимолӣ барои ҷои севум талош мекунанд.

Барандаи Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё-2008 ба сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 роҳхат мегирад.