Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Пекин


Шумораи навбатии маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш»-и радиои Озодӣ тақдими шумо мегардад.

Барнома бо муҳимтарин ахбори варзишӣ шурӯъ шудааст. Дастаҳои ширкаткунандаи даври ниҳоии Лигаи ҷаҳонии волейбол, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразил баргузор хоҳад шуд, муайян гардиданд. Инҳо тимҳои миллии Бразил, Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Лаҳистон, Ҷопон ва Сербия мебошанд. Маблағи умумии ҷавоизи ин мусобиқот беш аз 20 миллион долларро ташкил медиҳад. Аз ҷумла ба ғолиби даври ниҳоӣ 1 миллиону 250 ҳазор доллар супурда мешавад. Бояд тазаккур дод, ки мунтахаби Бразил панҷ сол паиҳам қаҳрамони Лигаи ҷаҳонии волейбол гардидааст.

Жилю Симони фаронсавӣ барандаи сабқати қаҳрамонии теннис дар шаҳри Индианаполиси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гардид. Вай дар даври ниҳоӣ бар теннисбози Русия Дмитрий Турсунов пирӯз шуд ва соҳиби 83,5 ҳазор доллар шуд. Турсунов 45 ҳазор доллар ба даст овард.

То оғози Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 рӯзҳои башумор мондаанд. Маросими ифтитоҳи Бозиҳо дар варзишгоҳи миллии «Лонаи парранда»-и шаҳри Пекин 8-уми август баргузор хоҳад шуд.

Мизбонон умедворанд, ки дар ин Бозиҳо дастикам соҳиби 40 медали тилло хоҳанд шуд. Онҳо дар риштаҳои тенниси рӯи миз, ҷаҳидан ба об, бадминтон, тирандозӣ, вазнабардорӣ ва гимнастикаи варзишӣ ба даст овардани 25 медали тиллоро ба нақша гирифтаанд. Воқеъан, варзишгарони Чин чаҳор сол пеш дар Олимпиадаи Афина дар ин навъҳои варзиш 20 медали тиллоро азони худ карда буданд.

15 медали дигари тиллоро дар Олимпиадаи Пекин тими мунтахаби Чин дар риштаи дзюдо байни занон, таэквондо, волейбол, шиноварӣ, варзиши сабук ва теннис ба даст оварданист.

Меҳмони барномаи мо Баҳрулло Раҷабалиев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, мегӯяд: «Шарафи Тоҷикистонро 14 варзишгар дар 7 навъи варзиш дар Олимпиадаи Пекин ҳимоят хоҳанд кард. Инҳо гурзандозҳо Дилшод Назаров ва Галина Митяева, паҳлавонон Расул Боқиев, Шералӣ Бозоров ва Неъматулло Асронқулов (гуштии дзюдо), Виталий Корякин ва Юсуф Абдусаломов (гуштии озод), муштзанҳо Шералӣ Достиев , Анвар Юнусов ва Ҷаҳон Қурбонов, шиноварон Екатерина Измайлова ва Алишер Чингизов , камонвар Албина Камолиддинова ва вазнабардор Низом Сангов мебошанд».

Ба гуфтаи Баҳрулло Раҷабалиев, ҳайати вакилони Тоҷикистон ба пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин як ҳафта қабл аз оғози Бозиҳо сафар хоҳад кард. Раҳбари Кумитаи миллии Олимпии Тоҷикистон, ҳамчунин, иттилоъ дод, дар маросими ифтитоҳи Олимпиадаи Пекин, ки 8-уми август дар Варзишгоҳи миллии «Лонаи парранда» доир мегардад, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат хоҳад кард.

Дар шаҳри Душанбе давраи бозомӯзии хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он намояндагони расонаҳои хабарӣ аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат карданд.

Давраи бозомӯзиро Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон бо кумаку дастгирии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани савия ва малакаи касбии шореҳон ва хабарнигорони соҳа доир намуд. Бархе аз ширкаткунандагони давраи бозомӯзӣ ба маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ ибрози назар карданд.

Барои ба таври комил шунидани барнома ишораи «аудио» дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

XS
SM
MD
LG