Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи олии футболи Тоҷикистон: бозиҳои даври 21-ум


Се бозии даври 21-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

«Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби 3:0 мағлуб сохт. «Гвардия» – и Душанбе низ бар тими меҳмон - CSKA «Помир»-и Душанбе - бо ҳисоби 3:2 пирӯз гардид. «Энергетик»-и Душанбе дар сафар «Саройкамар»-и Панҷро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.

Ду бозии дигари даври 21-ум байни дастаҳои «Регар» ТадАЗ (Турсунзода) - «Тоҷиктелеком» (Қӯрғонтеппа) ва «Динамо» (Душанбе) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) бино бар ширкати бозигарони ин дастаҳо дар ҷамъомади таълимиву тамринии тими миллии Тоҷикистон, ки ба даври ниҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё омодагӣ мебинад, ба замони дигар мавқуф гузошта шуданд.

Бад-ин тартиб «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо 44 имтиёз аз 17 бозӣ дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Хуҷанд» бо 38 имтиёз ба ҷои дувум баромад. «Регар» ТадАЗ, ки нисбат ба «Парвоз» 2 бозӣ ва нисбат ба «Хуҷанд» як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 35 имтиёз дар ҷои севум мебошад.

Байни панҷ дастаи беҳтарин, инчунин «Вахш» бо 32 имтиёз ва «Динамо» бо 25 имтиёз ҷойгир шудаанд.

Ҳамлагари «Парвоз» Нӯъмонҷон Ҳакимов, ки 14 гол ба самар расондааст, мисли пешин дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷои аввал аст. Сӯҳроб Ҳамидов, бозигари «Энергетик», бо 12 гол дар ҷои дувум қарор дорад.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Парвоз»

17

14

2

1

41-11

44

2.

«Хуҷанд»

16

12

2

2

21-6

38

3.

«Регар» ТадАЗ

15

11

2

2

47-14

35

4.

«Вахш»

16

10

2

4

26-14

32

5.

«Динамо»

15

7

4

4

24-17

25

6.

«Тоҷиктелеком»

17

7

0

10

24-28

21

7.

«Энергетик»

19

6

3

10

25-32

21

8.

«Саройкамар»

19

4

4

11

27-39

16

9.

CSKA «Помир»

18

5

0

13

12-33

15

10.

«Гвардия»

18

4

2

12

19-40

14

11.

«Равшан»

20

4

1

15

19-51

13

XS
SM
MD
LG