Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи шиноварӣ дар Тоҷикистон


Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ тақдими шумо мегардад.

Барнома бо муҳимтарин ахбори варзишӣ оғоз шудааст.

Бо тасмими Кумитаи байнулмилалии олимпӣ шумораи шаҳрҳои муддаъии доир кардани Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 ба се адад коҳиш ёфт. Шаҳрҳои Бокуи Озарбойҷон, Проги Ҷумҳурии Чех ва Доҳаи Қатар аз идомаи мубориза барои сазовор шудан ба ҳаққи мизбони Олимпиадаи соли 2016 маҳрум шуданд. Бад-ин тартиб дар рӯйхати муддаъиён чаҳор шаҳр – Чикагои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Токиои Жопун, Мадриди Испониё ва Рио-де-Жанейрои Бразил боқӣ монданд.

Шаҳри Қазони Русия макони баргузории Бозиҳои умумиҷаҳонии донишҷӯён дар соли 2013 интихоб гардид. Ин тасмими кумитаи иҷроияи Федеросиюни байнулмилалии варзиши донишҷӯён дар Брюссел эълом шуд. Аз 27 нафар аъзои кумитаи иҷроияи ин Федеросиюн 20 нафар ба пойтахти Тотористон – шаҳри Қазон раъй доданд.

Дастаи мунтахаби мардонаи Русия дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба панҷҳарбаи муосир, ки дар пойтахти Маҷористон – шаҳри Будапешт баргузор шуд, мақоми аввалро касб кард. Дар рақобатҳои инфиродӣ низ байни мардон Иля Фролови русиягӣ бо 5796 имтиёз дар ҷои аввал қарор гирифт. Дар сабқати занон Амели Кас, аз Фаронса, бо касби 5616 имтиёз пирӯз гардид.

Аз 7-ум то 29 июн дар Австрия ва Швейтсария мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо доир мегардад. Дар марҳилаи муқаддамотӣ 16 дастаи беҳтарини қорра дар 4 гурӯҳ рақобат мекунанд. Ба гурӯҳи «А» Швейтсария, Ҷумҳурии Чех, Португол ва Туркия, ба гурӯҳи «В» Австрия, Хорватия, Олмон ва Лаҳистон, ба гурӯҳи «С» Ҳуланд, Итолиё, Руминия ва Фаронса, ба гурӯҳи «D» Юнон, Шветсия, Испониё ва Русия шомиланд.

Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ, ки аз 19-ум то 22-юми июн доир мегардад, роҳ меёбанд. Бозиҳои ниманиҳоӣ 25-ум ва 26-уми июн сурат мегиранд. Бозии ниҳоии Ҷоми Аврупо-2008 29-уми июн дар варзишгоҳи Эрнст-Хаппели пойтахти Австрия - шаҳри Вена баргузор хоҳад шуд.

Дар ин барнома мо шуморо бо вазъи шиноварӣ дар Тоҷикистон ошно месозем. Дар ин мавзӯъ сӯҳбате дорем бо мураббии варзида Назар Бедимоғов ва раиси корхонаи воҳиди давлатии «Ҳавзи ҷумҳуриявии шиноварӣ» Алиаҳмад Мӯсоев.

Барои ба таври комил шунидани барнома ишораи «аудио» дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.

XS
SM
MD
LG