Пайвандҳои дастрасӣ

Федеросиюни байнулмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) феҳристи навини беҳтарин бошгоҳҳои футболи дунёро нашр кард.

Миёни беш аз 350 даста дар садри феҳрист «Манчестер Юнайтед»-и Бритониё қарор гирифтааст. «Бока Хуниорс»-и Аргентина дар ҷойи дуввум ва «Челси»-и Бритониё дар ҷойи севвум мебошанд.

Аз миёни дастаҳои кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ ба мақоми баландтар - 22-ум - «Зенит»-и Русия, барандаи Ҷоми УЕФА, даст ёфтааст. Умуман, дар ин феҳрист панҷ дастаӣ аз Русия ва Укроин, чаҳор даста аз Литва, седастаӣ аз Эстония ва Молдова, дудастаӣ аз Узбакистону Белорус ва Латвияву Арманистон ва якдастаӣ аз Қазоқистону Гурҷистон дохил шудаанд. Вале аз чаҳор кишвари собиқи шӯравӣ - Тоҷикистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Қирғизистон - ягон даста ба ин феҳрист шомил нашудааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG