Пайвандҳои дастрасӣ

Шахсияти қурбониёни садама дар Кӯлоб


Шахсияти 5 нафар қурбонии садамаи автомобилӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб эълон шудааст. Шахсияти 5 нафари дигар номаълум аст.

Сардори қисми минтақавии Бозрасии давлатии автомобилӣ дар Кӯлоб Муродбек Мирмахсумов ба радиои Озодӣ гуфт, садамаи автомобилӣ дар 132 километрии шоҳроҳи Душанбе-Данғара-Кӯлоб ба вуқӯъ пайвастааст. Автомобили тамғаи Дэу бо ВАЗ-2114 бархӯрдааст.

Дар натиҷа, ҳар ду ронанда ва ҳашт мусофири ин ду автомобил ҷони худро аз даст додаанд. Танҳо ду мусофир аз ин автомобилҳо ҷон ба саломат бурдаанд ва феълан, дар беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ мебошанд.

Дар ҳоли ҳозир шахсияти панҷ нафар қурбонии ин фоҷеъа маълум карда шудааст, ки инҳоянд:

1) Раҳматов Маҳмадалӣ, соли таваллудаш 1981, истиҷоматунандаи ноҳияи Восеъ, ронандаи яке мошинҳо;

2) Шарипов Қадамшо, ронандаи дуввум, соли таваллудаш 1964, истиқоматкунандаи деҳаи Лолазори ноҳияи Фархор;

3) Ҳусейнов Тоҳирҷон, мусофир, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи хоҷагии ба номи Сафарови ноҳияи Фархор;

4) Ҳусейнова Зевар, ноболиғ, соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи хоҷагии Сафарови ноҳияи Фархор;

5) Розиқов Нурмаҳмад, соли таваллудаш 1950, истиқоматкунандаи деҳаи Саксанохури ноҳияи Фархор.

Ҳамчунин ду нафари дигар - Ҳомидҷонова Хайриниссо, соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи хоҷагии Сафарови ноҳияи Фархор ва Набиев Зайниддин, соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи хоҷагии Сурхоби ноҳияи Фархор – сахт захмӣ шудаанд ва дар беморхона ба сар мебаранд.

Ба иттилоъи сардори қисми минтақавии Бозрасии давлатии автомобилӣ дар Кӯлоб, аз аввали сол дар ин минтақа 77 садама рӯх додааст, ки бар асари ин садамаҳо 33 нафар фавтидааст ва 94 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Гуфта мешавад, имсол нисбат ба соли гузашта шумори фавтидагон дар натиҷаи садамаҳои автомобилӣ 6 нафар зиёд будааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG