Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамрохон Зарифӣ озими Теҳрон шуд


Вазири берунаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ
Вазири берунаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ

Вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифи имрӯз, 29-уми июн, барои ширкат дар ҳамоиши вазирони хориҷаи се кишвари форсизабон озими Эрон гардид.

Дар ин нишаст, ки бо ширкати вазирони берунаи Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон - Ҳамрохон Зарифӣ, Манучеҳр Муттакӣ ва Рангин Додфар Спанта дар Теҳрон баргузор хоҳад шуд, масоили ҳамкориҳои сеҷониба дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла таъсиси шабакаи муштараки телевизиёнӣ барои тамоми форсизабонони ҷаҳонро баррасӣ хоҳанд кард.

Ҳамчунин тибқи барномаи сафари Ҳамрохон Зарифӣ, вай ҳамчунин бо намояндагони олимақоми Эрон, аз ҷумла раисҷумҳури ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси Маҷлиси Шуроҷи Исломии Эрон Алӣ Лориҷонӣ, дабири Шӯрои Олии амнияти миллии Эрон Саид Ҷалилӣ ва дигарон, дидор ва гуфтугу хоҳад кард. Ба гуфтаи вазири хориҷаи Тоҷикистон, дар сархати ин гуфтугуҳо мавзӯъҳои сирф иқтисодӣ, аз қабили кор дар нақбҳои Анзоб ва Чормағзак ва тезонидани сохтмони неругоҳи «Сангтуда-2», қарор хоҳад дошт.

Тайи боздиди чоррӯза Ҳамрохон Зарифӣ инчунин дар 15-умин Конфронси Ҳаракати кишварҳои бетараф дар Теҳрон ба ҳайси меҳмон ширкат хоҳад варзид.

XS
SM
MD
LG