Раиси бонки миллӣ Шариф Раҳимзода имрӯз дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, «мо дар ҳоли ҳозир дар ҳисоби Сандуқи байнулмилалии пул 36 миллион доллар гузоштаем ва имкон дорем, ки 7 миллион доллари боқимондаро низ баргардонем».
Ҷанд соли ахир Бонки миллии Тоҷикистон бар асоси иттилоъоти ғайривоқеъии ироакарда ба Сандуқи байнулмилалии пул беш аз 47 миллион доллари ин ниҳоди байнулмилалиро ба даст оварда буд. Ва дар авоили соли ҷорӣ Сандуқи байнулмилалии пул ин кутоҳии Бонки миллиро ошкор кард ва тақозо намуд, то ин пулро бозпас гардонад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон низ аз ин иқдоми Бонки миллӣ изҳори таассуф карда буд.
Ба ҳамин далел Сандуқи байнулмилалии пул аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кард, ки фаъолияти молии Бонки миллии Тоҷикистон аз сӯи ширкатҳои аудити мустақили хориҷӣ баррасӣ шавад.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки ширкатҳои зиёди аудитории хориҷӣ ба мо дар ин бора муроҷиат карданд ва мо якеро интихоб кардем. Оқои Раҳимзода афзуд, «мо аз ин ширкати аудиторӣ даъват кардем ва намояндагони он дар рӯзҳои наздик вориди Тоҷикистон хоҳанд шуд. Ва мо дар бораи қиммати кори онҳо гуфтугӯ хоҳем кард ва пас аз он онҳо ба кор шурӯъ хоҳанд намуд».
Раиси Бонки миллӣ дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин изҳор дошт, ки фоизи қарздиҳии бонк дар нимсолаи аввал кам шудааст. Ба ин далел, ки имконоти молии бонк афзудааст. Вай афзуд, захоири тиллои Бонки миллӣ дар ҳоли ҳозир ба 318 миллион доллар расидааст. Ба гуфтаи вай, феълан қарзҳои бонк 250 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин раиси Бонки миллӣ гуфт, қурби сомонӣ 1,5 дарсад дар муқобили доллар боло рафтааст. Дар нишастҳои матбуотии гузашта раиси Бонки миллӣ аз болоравии қурби сомонӣ дар қиболи доллар изҳори хушнудӣ мекард, вале имрӯз вай гуфт, болоравии қурби сомонӣ ва пойин омадани арзиши доллар ба нафъи соҳибкорон, тоҷирон ва иқтисоди Тоҷикистон нест.
Оқои Раҳимзода афзуд, «имрӯз устувор нигоҳ доштани қурби пули миллӣ ба нафъи бонк ва тоҷирон нест. Ва корхонаҳои тавлидотӣ аз он зиён мебинанд. Ва мо талош мекунем, ки пойин омадани қурби доллар ба тоҷирон таъсири манфӣ нарасонад».
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки ниёз ба пули сомонӣ афзудааст ва дар тули чор моҳи ахир 33 миллион пули изофиро ба муомилот гузоштааст. Аммо раиси Бонки миллӣ нагуфт, ки далели ба муомилот гузоштани пули изофӣ танҳо ба болоравии шиддати инфлятсия дар Тоҷикистон рабт дорад.
Ин мақомот аз Худо наметарсад. Агар лозим шавад худашон ба телефони ҷабрдидагон чизҳои мамнӯъро мегузоранд ва бар сари ҷабрдидаҳо бор мекунанд
Ба Эрач. Гуломиро кабул карди. Дигаронро ба гуломи даъват накун. Бояд харяк инсон ба сиесат кор дошта бошад.
Оё медонед, чаро нархи хона дар шаҳри душанбе гарон аст? Шаҳре, ки дар хушкӣ, дар иҳотаи кӯҳу теппаҳо, дар ҷойи ноҳамвор, дур аз баҳру уқёнус қарор дорад, чаро нархи хона “осмонӣ” аст? Қитъаи заминро шаҳрдорӣ бо нархи қиммат ба соҳибкор ё ширкати хонасоз мефурӯшад, ширкати хонасоз лоиҳаи хонаро мехарад, “кран”-у техникаи сохтмониро иҷора мегирад, маҳсулоти сохтмониро аз хориҷ ворид мекунад, муттахасисони “тендерӣ”-ро бо шартномаи қиммат ҷалб мекунад, садҳо мушкилоти қонуниро паси сар мекунад, “меҳмонон”-и кумитаи андозу патенту хадамоти оташнишонию амнияту милисаву балову батарро “розӣ” мекунад, нархи хона мешавад “осмонӣ”
Хайр дар Душанбе ичозат надоданд, ба Хисору Вахдат равед.Дар Хисор то соли 2030 сад хонаи баландошёна сохтанианд.Ба хамаамон мерасад.Зик нашавед.
Зеленский агар ту пируз шави , номат дар таърих садсолахо гирифта мешавад . Украина мазлум АСТ. У барои хоки ватанаш чангида истодааст .