Бино ба иттилоъи рӯзномаи «Комерсант», чопи Маскав, дар ин тарҳ таъсиси як ширкати байнулмилалии саҳҳомӣ дар назар дошта шудааст, ки тибқи он, 75 дарсади саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун аз Русия ва танҳо 25 дарсади боқимонда моли Тоҷикистон хоҳад буд. Ин тарҳ ҳамсони тарҳи нерӯгоҳи «Сангтуда-1» хоҳад буд, ки низ 75 дарсади саҳмияҳои онро Русия соҳибӣ мекунад.
Ба навиштаи рӯзномаи мазкур, тарҳи нави Маскав ба Тоҷикистон пешниҳод шудааст ва дар ҷавоб ба он аз Душанбе номае бо имзои ҷонишини сарвазири кишвар Асадулло Ғуломов унвонии вазорати энержии Русия ирсол шудааст ва дар он гуфта мешавад, ки Тоҷикистон омодааст 75 дарсади саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро ба Русия супорад. Номаи ҷонишини сарвазири Тоҷикистон феълан дар Маскав мавриди баррасӣ қарор дорад.
Ҳамзамон сафири Русия дар Душанбе Рамазон Абдулатипов иттилоъ додааст, пешниҳоди нави Русия тайи рӯзҳои наздик аз сӯи комиссияи байниҳукуматии Русия ва Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.