Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваҷҷуҳи "бабр"-и Осиёи Марказӣ ба Роғун


Дар дидори ахирии раисони чумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон неругоҳи Роғун аз мавзуъоти калидӣ буд
Дар дидори ахирии раисони чумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон неругоҳи Роғун аз мавзуъоти калидӣ буд

Қазоқистон дар масоҳати беш аз 2,7 миллион километри мураббаъ доман густурда, аз лиҳози қаламрав бузургтарин кишвари Осиёи Марказӣ мебошад.

Қазоқистон аз нигоҳи масоҳат, барои мисол, аз Қирғизистон 14 ва аз Тоҷикистон 20 маротиба бузургтар буда, дар қаламраваш ҳамин тавр метавон, 6 Узбакистон ва ё 6 Туркманистонро ҷой дод.

Ва аммо қудрати ин кишвар танҳо дар бузургии қаламраваш нест. Қазоқистон, ки манобеъи фаровон ва саршору энержӣ ва тақрибан ҳама анвоъи аз нигоҳи иқтисодиву саноатӣ муҳим ва лозими фулузотро дар бистари обу хокаш дорад, тайи солҳои ахир асосан бо шарофати ба гунаи ҳангуфт боло рафтану дигар осмонбӯс шудани нархи нафту газ ва фулузот дар бозорҳои ҷаҳонӣ тавонист ба рушди ҳайратангези иқтисодӣ даст биёбад ва ба як қудрати иқтисодии минтақа табдил шавад.

Дар маҳофили иқтисодӣ Тайвану Куриёи ҷанубӣ ва Ҳонгконгу Сингапурро “бабрҳои Осиё” ном мебурданд. Акнун дар ин маҳофил аз Қазоқистон ҳамчун “бабри иқтисодӣ”-и Осиёи Марказӣ ёд мекунанд. Дар солҳои аввали фурӯпошии Шӯравии пешин Узбакистону Туркманистон, яке ба далели мавқеъияти хубтари ҷуғрофӣ ва дуввумӣ ба далели захоири фаровони нафту газаш шонси бештари табдил шудан ба чунин қудрати минтақаиро доштанд. Вале Остона тавонист аз сиёсати дарҳои пӯшидаву нимпӯшидаи Тошканду Ишқобод ба нафъи худ бо маҳорат истифода кунад ва бо интихоби сиёсатҳои муносибтари иқтисодӣ маҷрои сармояҳои бузурги хориҷиро ба сӯи кишвари худ бигардонад.

Нархҳои осмонбӯси нафту газу фулузот акнун ҳамасола фоидаҳо бузурги чандинмиллиарддоллариро ба ҷайби Қазоқистон фурӯ мерезад. Қазоқистон талош дорад, то ду соли дигар тавлидоти солонаи нафташро ба 100 миллион тонна ва то соли 2015 ба 150 миллион тонна бирасонад. Тавлиди гандум дар Қазоқистон соли гузашта ба 18 миллион тонна расид ва афзоиши нархи он дар бозорҳои байналмилалӣ низ мафоди ин кишвар аз содироти орду гандумашро бакарат боло бурд.

Иқтисоди кишвар ба ҳисоби миёна дар сол то 10 дарсад рушди собит дошта, мизони тиҷорати хориҷии Қазоқистон ба 80 миллиард доллар расидааст. Маҷмӯъи даромади нохолиси кишвар ба 100 миллиард доллар наздик шудаааст. Ин дар ҳолест, ки ҷамъи умумии маҷмӯъи даромади нохолиси ҳамаи 4 кишвари дигари Осиёи Марказӣ чизе дар ҳудуди 40 миллиардро ташкил медиҳад.

Рушди босуръати бонкҳояш Қазоқистонро ба Швейтсарияи Осиёи Марказӣ, яъне пойтахти моливу бонкии ин минтақа табдил дода, ва акнун сармояи қазоқӣ ҳатто бозори Қазоқистонро барои худ танг дарёфта, дар ҷустуҷӯи бозорҳои нав, асосан дар кишварҳои пасошӯравӣ шудааст. Мизони ҳузури сармояи Қазоқистон дар паҳнои шӯравии собиқ агар солеву ду соле пеш дар ҳудуди садҳо миллион доллар рақам зада мешуд, акнун бо миллиардҳо баровард мешавад.

Қазоқистони дар ҳоли рушдро "бабри иқтисоқӣ" дар Осиёи Марказӣ меноманд

Вале Қазоқистон то куҷо барои иҷрои тарҳҳои бузурге, назири тарҳи эҳдоси нирӯгоҳи Роғун, омода ва қобил аст? Брюс Паннер, таҳлилгари Радиои Озодӣ мегӯяд, ҳанӯз барвақт аст гуфтан, ки оё Қазоқистон дар сохтани нирӯгоҳи Роғун ширкат меварзад ё хайр, вале ин кишвар барои пайвастан ба чунин тарҳҳои бузург чизи асосӣ, яъне пули кофӣ дорад. Вай меафзояд, “Қазоқистон ҳадди ақал пулашро дорад. Ва пули тақрибан беҳисоб. Аз ин рӯ, аз лиҳози маблағ, Қазоқистон барои ширкат ва сармоягузории чунин тарҳҳои бузург, чун Роғун дар Тоҷикистон ва айни барномаҳо дар кишварҳои дигари ҷаҳон, имконоти азиме дар ихтиёр дорад. Қазоқистон, албатта, метавонад бо пуле, ки дорад, маводи сохтмонӣ ва таҷҳизоти дигари лозим барои ин тарҳро харидорӣ кунад. Вале эҳдоси нирӯгоҳ иборат аз танҳо маблағгузорӣ нест. Бубинем, ки оё дар таҷрубаи Тоҷикистон Қазоқистон хоҳад тавонист чунин тарҳи бузургро танҳо бо ироаи сармоя иҷро кунад. Аммо бояд гуфт, Қазоқистон миллиардҳо доллар дар даст дорад ва ин маблағ барои пардохтани ҳазинаи иҷрои тарҳи бузурге, назири Роғун, кофист.”

Брюс Паннер, таҳлилгари Радиои Озодӣ мегӯяд, Қазоқистон одатан бо эҳтиёти тамом иқдом мекунад. Ин аст, ки дар мавриди Роғун низ то кунун шеваи мушорикати худ ва кадом як маблағи мушаххасеро эълон накарда, танҳо бо эълони таваҷҷӯҳи худ ба баҳрабардорӣ аз манобеъи энержии Тоҷикистон ва ширкат дар консортсиуми сохтмони нирӯгоҳи Роғун ба ҳайси ё саҳомдор ё маблағгузор иктифо кардааст.

Танҳо рақами мушаххас, ки президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар пайи мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон дар Остона эълон кард, 100 миллион долларе буд, ки сармояи бунёдии Сандуқи муштараки сармоягузории Қазоқистону Тоҷикистонро ташкил хоҳад дод. Вале ин маблағ низ сирф ва танҳо барои Роғун нест.

Аз сӯи дигар, як силсила авомили боздорандае ҳам дар байн ҳаст, ки ба эътиқоди Брюс Паннер, Қазоқистонро аз ифшои пеш аз вақти барномаҳояш дар Тоҷикистон манъ мекунад. Як мухолифи сарсахти эҳдоси нирӯгоҳи Роғун, ба бовари мақомоти Душанбе, Тошканд аст, ки тавонист ширкати “Русский Алюминий”-ро аз маблағгузории тарҳи мазкур боз дорад.

Таҳлилгари Радиои Озодӣ Брюс Паннер мегӯяд, Узбакистон ҳамин тавр ба ҳар навъ қасди Қазоқистон барои ширкат дар сохтмони Роғун мамониат хоҳад кард, вале меафзояд ӯ, аҳроми фишори Ислом Каримов дигар мисли солҳои навадуми асри гузашта чандон қавӣ нест, ки тавонад рӯи тасмимгириҳои давлати Нурсултон Назарбоев таъсири ҷиддӣ бигузорад. Брюс Паннер меафзояд, “сахт аст гуфтан, чунки Узбакистон, албатта, ба умури Тоҷикистон халал расонда метавонад. Онҳо тайи 15 соли охир инро чандин бор исбот карданд. Аммо Қазоқистон як ҳамкори боэътимоди ҳам Русия ва ҳам Амрикову Чин мебошад. Пуле, ки Қазоқистон дорад, аз пули Узбакистон хеле бештар аст. Ва Қазоқистон, ки ба зудӣ ба чавкии раёсати САҲА менишинад, дар саҳнаи байналмилалӣ обрӯву эътибор дорад. Узбакистон, албатта, то дер шикоят хоҳад кард, бархе корҳо низ аз дасташ меояд, вале Узбакистон қобилияти мусобиқа ва рақобат бо Қазоқистонро дар ҳоли ҳозир надорад. Ҳама чиз, ҳам шарикони қудратманд, ҳам пул ва ҳам обрӯву нуфуз феълан ба нафъи Қазоқистон аст.”

Брюс Паннер, таҳлилгари Радиои Озодӣ афзуд, дар ҳоле ки президенти Узбакистон Ислом Каримов аз ибтикори ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоев дар мавриди таъсиси Иттиҳодияи кишварҳои Осиёи Марказӣ пуштибонӣ накард, Тоҷикистону Қирғизистон аз ин ташаббус гарм дастгирӣ карданд, ки ин низ Тошкандро дар саҳнаи минтақа дар рӯбарӯи боқии кишварҳо, аз ҷумла дар муқобили Қазоқистон тани танҳо мегузорад. Ба гуфтаи таҳлилгар, Узбакистон, албатта, талош хоҳад кард, ки бо ҷалби Русия ба ҷониби худ ҳамчунон монеъи рехтани сармояи Қазоқистон ба дарёи Сурхоб, ки нирӯгоҳи Роғун бар фарози ҳамин рӯд сохта хоҳад шуд, шавад.

Аз оқои Паннер пурсидам, аммо Қазоқистон то куҷо ирода ва ҷуръат хоҳад кард, дар тарҳе, ки яке аз бузургтарин ширкатҳои Русияро тоза аз он берун андохтаанд, саҳм бигирад. Брюс Паннер мегӯяд, Қазоқистон як шарики суннатӣ ва содиқи Русия буда, ва ҳатман азми ширкаташ дар сохтмони нирӯгоҳҳои Тоҷикистон бидуни ризоияти Маскав садо надодааст.

Ба эътиқоди ӯ, Русия, ки натавонист ин тарҳи бузург ва барои иқтисоди Тоҷикистон ҳаётан муҳимро худаш иҷро кунад, тарҷеҳ медиҳад, ки ин тарҳ ба дасти кишвари дӯсту муттафиқаш – Қазоқистон иҷро шавад. Брюс Паннер мегӯяд, аз даст рафтани Роғун барои Русия талафоти ҷиддист, вале барояш ҳузури Қазоқистон дар Роғун метавонад назар ба эҳтимоли ба дасти бегонагон, ба хусус ширкатҳои ғарбӣ рафтани тарҳи мазкур ба маротиб бештар қобили таҳаммул бошад.

XS
SM
MD
LG