Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шуғли ҷавонони Рашт: таҳсил, мардикорӣ, тиҷорат


Ноҳияи Рашт дар 200-километрии шарқи Душанбе воқеъ буда, аҳолиаш ба беш аз 110 ҳазор нафр мерасад, ки 60 дарсадашон ҷавононанд.

Шуғли аслии мардум дар ин водӣ кишоварзӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва занбурпарварист. Мавриди зикр аст, ки иқлими ин водӣ аз минтақаҳои дигари Тоҷикистон фарқ мекунад. Дар ҳоле, ки ҳаво дар аксари манотиқи кишвар гарму тафсон аст, ин минтақа ҳавои салқину аксаран боронӣ дорад. Чунин эҳсос мешавад, ки баҳор тоза ба ин диёр омадааст ва аз бӯи гулу гиёҳ ҳавои он ҷо ҳамеша мутттар аст.

Аммо ба фарқ аз табиат, зиндагии ҷавонон ва мушкилоти онҳо ҳамсони ҷавонони манотиқи дигари Тоҷикистон аст. Вале боз ҳам душвориҳое ба назар мерасанд, ки танҳо хоси ҳамин минтақа аст.

Маҳмадшариф Толибов раиси ноҳияи Рашт мегӯяд, заифии бисёре аз соҳоти ноҳия, паёмади ҷанги шаҳрванди аст. Вай меафзояд, соли гузашта ҳудуди 260 нафар ҷавон шомили макотиби олии кишвар гаштаанд, ки як қисме аз онҳо тибқи квотаи президентӣ роҳхат гирифтаанд. Аммо дар ҳамин замина Меҳрангез, як ҷавондухтари 22-сола, мегӯяд, бинобар набуди шароити зисту таҳсил дар донишгоҳи омӯзгории пойтахт ӯ баъд аз курси 3-юм аз таҳсил даст кашидааст. Ҳарчанд Меҳрангез тибқи квотаи президентӣ ба донишгоҳ дохил шуда буд. Қиссаи рӯзгори Меҳрангезро дар барномаи «Ояндасоз» бишнавед.

Дар ноҳияи Рашт беш аз 100 мактаби таҳсилоти умумӣ амал мекунад, ки дар он наздик ба 23 000 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Ба гуфти бархе аз волидон, бинобар сабаби дурии роҳ ва вазъи сангини иктисодӣ на ҳамаи фарзандонашон имкони ба мактаб рафтанро доранд.

Ин кӯдакон ба хотири дарёфти ризқу рӯзӣ ба корҳои мухталифи хоҷагӣ машғул мешаванд. Оид ба вазъи зиндагии ҷавонону кӯдакони ноҳияи Рашт аз забони худи онҳо дар барномаи «Ояндасоз» огоҳ шавед. Барои ин ишораи дар тарафи рости болои ин саҳифаро пахш кунед.

Дар ноҳияи Рашт созмонҳои мухталифи ҷамъиятиву байнулмилалӣ фаъолият мекунанд. Бисёре аз ин созмонҳо барои ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи занону духтарон барномаҳои мухталифро роҳандозӣ мекунанд. Дилафрӯз Сафарова, раҳбари созмони ҳуқуқӣ, мегуяд, онҳо ба ин қабил духтарон кӯмакҳои равонию ҳуқуқӣ мерасонанд.

Бекорӣ мушкили аслии ҷавонони ноҳияи Рашт аст ва ағлаби онҳо низ ба хотири таъмини хонаводаҳои серфарзанди хеш роҳ сӯйи муҳоҷиратро ихтиёр кардаанд. Тибқи омори расмӣ, шумори муҳоҷирон ба 8 000 нафар мерасад, аммо дар асл ин рақам ба маротиб бештар аст. Хусрав, корманди бахши раштии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, мегуяд, ҷавонон дар 2-3 сол як маротиба ба зодгоҳашон меоянд ва пулҳои ба даст овардаашонро мақсаднок истифода намекунанд.

Як гурӯҳи хурди ҷавононе, ки дар ноҳия боқӣ мондаанд, ба тиҷорати хурд машғуланд. Ҳарчанд води Рашт минтақаи кишоварзист, аммо ҳоло тоҷирон маводи ғизоиро аз бозорҳои Душанбе ба ин ҷо интиқол медиҳанд. Ба гуфти тоҷирон, арзиши баланди андоз, афзудани қиммати роҳкиро боиси афзудани баҳои маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои ноҳия аст.

Ин буд мухтасари мавзӯъҳои сӯҳбатҳои мо бо ҷавонони ноҳияи Рашт. «Шунидан кай бувад монанди хондан». Аз ин рӯ назари ҷавонон ва сурудҳои ҷолибро дар барномаи «Ояндасоз» бишнавед.

Ояндасоз дар тарафи рости болои ин саҳифа пешкаши шумо шудааст.

XS
SM
MD
LG