Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қўрғонтеппа: International Terminal чӣ медиҳад?


Сохтмони терминоли байнулмилалӣ дар назди пули нави миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар минтақаи Панҷи Поён
Сохтмони терминоли байнулмилалӣ дар назди пули нави миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар минтақаи Панҷи Поён

Иттиҳодияи боркашонҳои байнулмилалии автомобилии Тоҷикистон ба сохтмони дуввумин терминоли байнулмилалӣ дар вилояти Хатлон шурўъ кардааст.

Гуфта мешавад, терминолҳои байнулмилалӣ ба хотири рушди равобити тиҷоратӣ бо доираҳои соҳибкории шимоли Афғонистон ва ҳамзамон ҷилавгирӣ аз вуруди боркашонҳои афғонистонӣ ба пойтахти Тоҷикистон таъсис меёбанд

Терминоли мазкур қарор аст то охири соли ҷорӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қўрғонтеппа ба кор андохта шавад. Терминоли байнулмилалии Қўрғонтеппа дорои силсилаи анборҳои муосир барои молу колои ворида, маркази хидматрасонии фаннӣ, меҳмонхона ва тафреҳгоҳҳо хоҳад буд. Яке аз ҳадафҳои аслӣ аз бунёди ин терминол мусоидат дар рушди равобити тиҷоратӣ бо доираҳои соҳибкории устонҳои шимоли Афғонистон унвон шуда, ҳамзамон ҷилавгирӣ аз вуруди боркашонҳои афғонистонӣ ба пойтахти Тоҷикистон будааст. Раҷабалӣ Давлатов, раҳбари бахши хатлонии Иттиҳодияи боркашонҳои байнулмилалии ҳамлу нақли Тоҷикистон, мегўяд:

“Дар сурати дар шаҳри Қўрғонтеппа ифтитоҳ гардидани терминоли ҷадид, мушкили марбут ба ҳамлу нақли боркашонҳои афғонистонӣ аз тариқи роҳҳоро осебпазири Тоҷикистон осон хоҳад шуд. Соҳибкорони афғонистонӣ розӣ ҳастанд, ки аз терминоли Қўрғонтеппа истифода карда ва ба Душанбе нараванд, роҳҳои маркази кишварро тахриб накунанд. Ҳоло барои таъмири як километр роҳ беш аз як миллион доллари амрикоӣ масраф мекунем, ин маблағи андак нест. Аммо боркашонҳои дастикам то 70-тоннаи афғонистонӣ бо вуруд ба Тоҷикистон ва ҳаракат ба сўйи Душанбе роҳҳои моро вайрон ва ғайри қобили истифода кардаанд. Мувифиқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон иҷоза ҳаст, ки танҳо то 26 тон борро мошинҳо дар роҳҳо кашонанд, на беш аз ин. Бинобар пурра иҷро нашудани ҳамин талабот, аллакай чандин кўпруки ноҳияи Қумсангир хароб шудааст”.

Раҷабалӣ Давлатов, раҳбари бахши хатлонии Иттиҳодияи боркашонҳои байнулмилалии ҳамлу нақли Тоҷикистон, афзуд, терминоли байнулмилалии Қўрғонтеппа дуюмин терминал дар ҷануби кишвар буда, нахустинаш ахиран дар мавзеъи наздимарзии Панҷи Поёни ноҳияи Қумсангир сохта шудааст.

Ба қавли мақомот, ҳамарўза то 35 адад мошинҳои боркаши Афғонистон ва ҳудуди сад нақлиёти боркаш аз Тоҷикистон аз тариқи пули Панҷи Поён убуру мурур мекунанд ва то 5 ҳазор тон молу колоро гардиш медиҳанд. Аз ин хотир, тасмим гирифта шудааст, ҳафт терминоли дигари байнулмилалӣ дар навоҳии наздимарзӣ ва роҳҳои тронзитӣ, аз он миён дар Данғара, Кўлоб, Восеъ, Сарбанд, Шаҳритус ва Хуросон бунёд гардад.

Ин дар ҳолест, ки коршиносон мегўянд, бунёди терминолҳои ҷадид дар Хатлон барои ба куллӣ беҳбуд ёфтани равобити тиҷорӣ бо шимоли Афғонистон таъсири чандон нахоҳад дошт, чун мақомоти Тоҷикистон бад-ин васила роҳи соҳибкорони афғон ба шаҳри Душанбе, маҳалли аслии тиҷорати судмандро мебанданд ва ҷуз даст кашидани тоҷирони афғон аз «бозори танг»-и Тоҷикистон чизи дигаре намемонад. Дар ҷавоб гуфта мешавад, ахиран ҷониби Афғонистон низ мошинҳои боркаши ҳудуди 60 соҳибкори тоҷикро иҷозаи вуруд ба хоки он кишвар надода ва барои чанд рўз дар бумбаст қарор додаанд.

Мизони воридоту содироти молу колои вилояти Хатлон бо шимоли Афғонистон дар соли ҷорӣ 29 миллион доллар арзёбӣ мешавад, ҳамон андозае, ки ба гуфти коршиносон, дар сурати одисозии равобити дуҷониба, то чанд карат афзун хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG