Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомонаи нави тоҷикӣ дар Интернет


Дар шабакаи ҷаҳонии Интернет сомонаи наве бо номи www.millat.tj бо забони тоҷикӣ фаъол шуд.

Ин сомона пойгоҳи интернетии нашрияи «Миллат» мебошад. Дар нашри нахустини ин сомона матолиби охирин шумораи рӯзнома ҷой дода шудааст. Ба гуфтаи масъулони нашрияи «Миллат», ҳадаф аз ин иқдом пӯшиш додани халои иттилоотӣ дар шабакаи Интернет бо забони тоҷикӣ мебошад.

Ҳамчунин масъулони ин сомона гуфтаанд, намунаҳои ин сомона бо хатти форсӣ ва забони инглисӣ низ дар ҳоли омода шудан аст. «Миллат» яке аз нашрияҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон мебошад.

XS
SM
MD
LG