Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати вижаеро ба тасвиб расондааст, ки дар он иҷрои талабҳое, ки аз ҷумла намояндагони кумитаи гирдиҳамоӣ дар Хоруғ ба миён гузошта буданд, кафолат дода шудааст.

Дар ин бора раиси вилояти мухтори Бадахшон Қодири Қосим дар мулоқот бо намояндагони кумитаи гирдиҳамоӣ дар Хоруғ, ки бояд 8 апрел баргузор мегардид, иттилоъ додаст. Гуфта мешавад, ки дар ин ҳуҷҷат роҳҳои ҳалли масоили иҷтимоиву фарҳангӣ пешниҳод шуда, ба вазорати адлия супорида шудааст, ки зарурати аз нав дида баромадани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вилояти Мухтори Бадахшон»-ро мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Раиси бахши вилоятии Ҳизби сотсиал-демократ, намояндаи кумитаи гирдиҳамоӣ Алим Шерзамонов гуфт, ки интизор меравад, ки то ин муддат бархе аз масоили марбут ба салоҳияти мақомоти маҳаллӣ, аз ҷумла фароҳам сохтани шароити озодонаи истифодаи забонҳои бадахшӣ дар барномаҳои садо ва симои маҳаллӣ, ҳал шаванд. Вай гуфт, ҳамчунин интизор меравад, ки маҷлиси вакилони халқи вилоят дар яке аз иҷлосияҳои оянда мавқеъи худро дар ростои масоили марзӣ байни Тоҷикистону Чин дар минтақаи Помири Шарқӣ муайян месозад.

Ба гуфтаи Алим Шерзамонов, мулоқоти намояндагони гирдиҳамоии 8 апрел дар Хоруғ бо раиси вилоят бо ташаббуси намояндагони кумитаи гирдиҳамоӣ сурат гирифтааст. Вай изҳор дошт, ки онҳо баргузории гирдиҳамоиро ба муддати ду моҳ мавқуф гузошта, аз мақомот ва ҳукумати ҷумҳурӣ ҳалли 12 пешниҳодро талаб намуданд, аммо мақомот дар иҷрои талабҳо то ба ҳол кундӣ нишон додаст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG