Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мошинронӣ бидуни телефони ҳамроҳ


Истифодаи телефонхои мобилӣ дар сари чанбари мошин ҳини ҳаракат дар роҳҳои Тоҷикистон мамнуъ эълон шуд.

Ва ҳар нафаре, ки ин муқарраротро вайрон мекунад, ба маблағи 30 маоши ҳадди ақал, ки муодили 160 доллари амрикоист, ҷарима баста мешавад. Чунин як тасмимро порлумони Тоҷикистон ба тасвиб расонд.

Ҳабибулло Мунавваров, сухангӯи раёсати бозрасии давлатии автомобилии вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар мавриди сабаби таҳияи чунин қонун гуфт, «истифода кардани телефонҳои мобилӣ аз ҷониби ронанда мушкилоти зиёде ба миён меорад. Масалан, агар суръати ҳаракати мошин баланд бошад, он дар як лаҳзаи бетаваҷҷуҳии ронанда ба ҳангоми равшан кардани телефони мобилӣ беш аз 10 метрро тай мекунад, ки метавонад пайомадҳои нохуш барои пиёдагардҳо ва худи ронанда дошта бошад».

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз ронандагон аз чунин як қонун пуштибонӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, манъи истифода аз телефонҳои мобилӣ ҳангоми ҳаракати мошин имкони садамаҳои автомобилиро камтар мекунад.

Аммо иддаи дигари ронандагони мошинҳои мусофиркаш мегӯянд, ки барои онҳо истифодаи телефонхои мобилӣ ҳини мусофиркашонӣ ба ҳангоми ҳаракат зарур аст. Онҳо ҳамчунин ба иҷрои мунсифонаи чунин як қарор аз ҷониби пулис бо шубҳа менигаранд. Зеро, меафзоянд онҳо, дар бархе ҳолот пулис метавонад аз чунин як қонун ба манфиати худ истифода кунад.

Аммо ба гуфтаи мақомоти бозрасии давлатии автомобилӣ, дар роҳҳои ин кишвар истифодаи телефонҳои мобилӣ ба ҳангоми ҳаракат афзоиш дошта ва дар бархе маворид боиси рӯх додани садамаҳои автомобилӣ мешудааст.

XS
SM
MD
LG